Аз 6 то 8- уми марти соли равон дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт «Ҷашнвораи фарҳангии Покистон» баргузор шуд. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зикр намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон аз нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта буд.
Нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, ки соли 1994 сурат гирифт, саҳифаи навро дар муносибатҳои ду кишвар боз намуд. Байни Тоҷикистону Покистон то ин вақт 55 созишномаву ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидаанд, ки баҳри пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамкориҳои фарҳангии дуҷонибаро «Мувофиқатномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ», аз якуми июли соли 1992 ташкил медиҳад.
- Баргузории «Ҷашнвораи фарҳангии Покистон» иқдоми навбатӣ баҳри густариши робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯст маҳсуб мешавад, — гуфт Зулфия Давлатзода.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар иброз дошт, ки Покистону Тоҷикистонро робитаҳои ҳасанаи бародарӣ ва таъриху фарҳанги муштарак ба ҳам мепайвандад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҷашнвораи мазкур мардуми тоҷикро бо фарҳанги ѓании мардуми Покистон, мусиқӣ, тарзи либоспӯшӣ беш аз пеш ошно месозад.
Дар чорабинӣ дуҳулнавози маъруфи Покистон Халил Ҳусайн бо санъати волояш ҳозиринро ба ҳайрат гузошт. Ӯ рақскунон дар як вақт бо се дуҳул ҳунарнамоӣ кард. Номбурда то ин дам дар ИМА, Англия, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб ҳунарнамоӣ карда, бори аввал ҳамроҳи устодаш ба Тоҷикистон омад. Ба ҳозирин инчунин маҳсули эҷоди наққоши маъруф Абдураҳмон Тоҳир Наққош низ писанд омад. Нигораҳои ӯ то ин дам дар якчанд намоишгоҳҳои байналмилалӣ ба маъраз гузошта шудаанд. Тайи се рӯз сокинону меҳмонони пойтахт бо ҳунари мусиқӣ, наққошӣ, заргарӣ, дӯзандагӣ ва пазандагии мардуми Покистон ошно шуданд.
Дар маросим намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои кишвар, олимон, соҳибкорон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
С. АМИНИЁН, «Садои мардум»