(Сайри таърихии китоб ва китобшиносӣ)
Хат омад, китоб таҳия гашту илму дониш интишор ёфт. Бузургони тамаддуни ориён қаламро расули дил, ороишгари кишвар гуфтаанд, яъне сухан бе сабт дар сафҳа, бе қалам мисли рӯҳи саргардон аст. Умари Хайём дар «Наврӯзнома» менависад, ки: «… нахуст касе, ки дабирӣ бинҳод, Таҳмурас буд. Ва дабирӣ он аст, ки мардумро аз пояи дун ба пояи баланд расонад, то олиму имом ва фақеҳу муншӣ хонда шавад. Ҳамчунин, мардум ба фазилати сухан аз дигар ҳайвонот ҷудо гарданд».
Нишонаҳои нахустини осори адабӣ дар ҳазораи IV-III пеш аз мелод дар аҳди Шумерҳо, Аккадиҳо ва Миср падид омадаанд. Намунаи ин даврон дар шакли пораҳо ба мо расидаанд. Аз онҳо маълум мешавад, ки илму маърифат, адабиёту маънавиёт дар аҳди хеле қадим низ пешрав будааст. Дар аҳди Шумерҳо ба ҷуз аз манбаъҳои ривоятӣ (асотирӣ), динӣ, ситорашиносӣ боз достонҳои мукаммали «Сафари Иннин ба ҷаҳаннам», «Достони зоҳиди ҷафокаш», «Достони Этан», «Достони Гилгамаш», «Гуфтугӯи шоҳ бо ғулом», «Рисолаи кишоварзӣ»-ро офариданд. Тибқи навиштаҳои муҳаққиқон, мисриён аз китоби дӯстдоштаи худ ҳатто пас аз марг низ ҷудо шудан намехостанд. Бо майит лӯлаҳои қиртос (папирус) мегузоштанд. Агар мабодо хонандаи мактаб вафот мекард, дар қабри ӯ лӯлахатҳоеро мегузоштанд, ки бо дасти худаш навиштааст. Муҳаққиқи фаронсавӣ Э. Де Руже дар шаҳри бостонии Гиз мақбараи мансабдори воломақом сулолаи IV-и Шепсескафанхаро дарёфт намуд, ки ба солҳои 2930-2750 то мелод рост меояд. Дар радифи вазифаю унвонҳо дар сангнавишти болои қабраш омадааст: « … сардори хонаи навиштаҷот». Яъне, ӯ дар Миср нахустин китобдорест, ки олимон то кунун кашф кардаанд.
Машҳуртарин китоби ин аҳд «Китоби марҳумон» ва «Китоби Худо» аст. Мисриёни қадим дар тарғиби адабиёт, санъат, ҳунар таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Худои ин соҳаро «Атан» меномиданд. Дар Миср иморате буд бо номи «Хонаи ҳаёт», ки котибони зиёд он ҷо китобҳои динӣ, тиббӣ, адабӣ, ҳарбӣ менавиштанд. Яке аз онҳо «Матнҳои аҳром» аст.
Китобҳои дигари ин аҳд «Қиссаи ду бародар», «Қиссаи Хайр ва Шар», «Қиссаи шоҳзодаи маҳкумшуда», «Афсонаи шабеҳ», «Қиссаи шоҳдухтари Бохтан» ва ғайра мебошанд. Таълим ва китобхонӣ дар Миср хусусияти иҷборӣ дошт, писарбачаҳо аз 5 то 30-солагӣ таҳсил мекарданд. Дар насиҳатномаи Ахтоӣ омадааст: «Ман туро маҷбур мекунам, ки донишро аз модар бештар дӯст дорӣ».
Дар асрҳои VIII то мелод ва асри III мелодӣ дар Миср адабиёт аслан ба забони демотӣ навишта шудаанд, дар ин аҳд боз хатти иероглиф низ истифода мешуд. Достонҳои тамсилӣ хоси ин давраанд: «Гурба ва уқоб», «Шер ва муш».
Адабиёти Мисри қадим ба адабиёти ҷаҳон хеле муассир аст, ақидаҳои инсондӯстӣ нахустин бор на дар Юнони қадим, балки дар Мисри қадим ба вуҷуд омадаанд. То «Насиҳатҳои Птаххотен»-и юнонӣ намунаҳои олии инсондӯстӣ дар таълифоти мисрӣ дучор меоянд. Онҳо барои тартиб додани «Инҷил» таъсир расонидаанд. Ҳикояти «Инҷил» дар бораи Юсуф (Иосиф) ва зани «Потифар» ё «Пентефрия» низ мазмуни ҳикояҳои мисрии «Афсонаи ду бародар», «Боту ва Анупро»-ро ба хотир меорад, — менависанд муаллифони «Тамаддун» Т. Атахонов ва С. Сулаймонӣ.
Тавре зикр шуд, китобхонаҳо дар аввал макони ҳифзи санадҳо ва дигар амру фармон буданд. Далели ин гуфта махзани қадима дар вайронаҳои Сиппараи Шумер аст, ки муҳаққиқон аз назди ибодатгоҳе ёфтанд. Баъди тарҷумаву баргардонӣ ошкор гашт, ки онҳо луғат, алифбо, китобҳои дарсианд. Аз даруни дискҳо (гирдаҳо) навиштаи аҷибе пайдо шуд. «Ҳар касе, ки дар хониш пешқадам аст, ҳамчун хуршед нурафшонӣ хоҳад кард».
Дар ибодатгоҳҳо китобхонаҳои бузург мавҷуд буданд, аз ҷумла, аз ибодатгоҳи худо Эндил дар маркази фарҳангии Шумериҳо-Ниппур беш аз 54 ҳазор ва димнаи Лагаш 20 ҳазор гирда ёфт шуд. Ҳар сандуқ ё қуттӣ этикет (намоя) дошт, ки онҳоро феҳристҳои аввалин ном барем, саҳв намешавад. Дар Байнаннаҳрайн низ китобхонаи машҳури шоҳи Ошур Ошурбанипал (солҳои 699-635) ёфт гардид. Дар он айём забони ошурӣ аз байн рафта буд, бо фармони шоҳ гирдаҳои гумшударо аз нав рӯнавис карданд. Дар китобхонаи Ниппур, Ур, Эреха дар гирдаҳо муҳри «қасри ҳокими Ошур шоҳаншоҳ Ошурбанипал» сабт гаштаанд. Аз теппаи Куюнҷик осори машҳури адабиёти қадим чун «Ривоёт дар бораи пайдоиши олам», «Достони Гилгамеш», «Фурудоии Иштар» ва «Муколамаи шоҳ ва ғулом» ёфт гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки гирдаҳои гилин зимни кашфиёт аз мавзеи Богазкиёи қариби шаҳри Ангура (Анқара) зиёда аз сад сол пеш дарёфт шуд. Тибқи маълумоти илмӣ, дар ин ҳудуд пойтахти хетҳо-Хаттусасе ҷойгир буд.
Тавре дар боло зикр кардем, қавмҳои кӯчманчии сомӣ-аморӣ (бобулиҳо – маънои вожаи бобул – «Дарвозаи Худост») ба Месопотамия ҳамла оварда, ҳудуди зиёди Аккадҳоро ишғол намуда ва давлати Бобулистонро ташкил медиҳанд.
Ҳокими кишвар Хаммурапӣ (1792-1750) Байнаннаҳрайнро муттаҳид менамояд. Дар ин аҳд ба чопи асарҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳарбию ҳунармандӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. «Кодекси Хаммурапӣ» (маҷмӯаи қонунҳо) аз он ҷумла аст. Дар он бузургии шоҳ васф ва ҳуқуқҳои ҷиноӣ, судӣ, моликиятдорӣ (савдо, гаравмонӣ, оила, меъморон, киштисозон, кироягирӣ) муқаррар шуданд.
Дар охири ҳазораи II-аввали ҳазораи I то мелод таълимоти Веда миёни ориён пайдо шуд. Матнҳои Веда дар асрҳои Х-VII-VI то мелод батадриҷ гирдоварӣ шуда, дар чор маҷмӯа ҷойгир гаштаанд. Мувофиқи ақидаи ориёни қадими Ҳинд, миёни осмону замин се Худо ҷойгир аст. Қисми якуми Веда – «Ригведа» ба «Авасто» шабеҳ аст, дар он дар бораи ҷаннат ва биҳишт сухан меравад. Гурӯҳи дигари адабиёти Ведӣ – браҳманҳо, гурӯҳи сеюм – упанишадаҳо мебошанд. Илова бар ин, ҷайнӣ ва буддоӣ дар нимаи II ҳазораи якуми то милод дар замони ҳокимияти Магадҳо пайдо гаштааст. Асосгузори дини ҷайнӣ китоби «Аҷама» («Сиддханта»)-ро мураттаб сохт. Китоби «Махабхарата» ба авлоди Бхарата бахшида шуда, аз 100 000 байт иборат аст.
Аввалин шоир дар адабиёти Юнони қадим Гомерро нахуст адиб шуморем, саҳв намешавад. Ӯ достонҳои «Илиада» ва «Одиссея»-ро дар миёни асрҳои XII-VIII пеш аз мелод эҷод кардааст.
Дар аҳди Сосониён олимон ба мураттабсозии луғат, тарҷума, нусхабардорӣ машғул буданд, аз ҷумла, ба гирдоварии асари динии «Авасто». Муҳаққиқ Язбердиев дар ин бора менависад: «Чӣ тавре ки мегӯянд, Псистрат дар Афина барои хониши оммавӣ китобҳое, ки илмҳои замонавиро меомӯхтанд, вогузошт. Баъдтар бошандагони шаҳри Афина барои зиёдгардии шумораи онҳо кӯшиш карданд. Аммо ин боигариҳоро шоҳи форс Куруш, ки Афинаро забт кард ва ба ғайр аз Акропол ҳамаро сӯзонду ба Форс бурд». Тибқи навиштаи муҳаққиқ Қ. Буризода, бо фармоиши Дорои 1 мактаби тиббӣ таъсис ёфт, барои таъсиси он ба Миср ва Урҷагар ноиби шоҳ фиристода мешавад, ки қасри Нейтро барқарор ва толибилмонро бо китоб таъмин менамояд.
Китобхонаи «Дастнавишт» дар тахти Ҷамшед бо фармони Искандари Мақдунӣ сӯзонда шуд, танҳо «Авасто» аз оташ тавассути гирдаҳои сафолин эмин монд. «Авасто»-ро ба китобхонаи Миср бурданд. Дар ин аҳд китобхонаҳои машҳур дар кишвари Ҳахоманишиён чун Озарбойҷон, Балх, Бухоро, Самарқанд, Марв, Қубодиён, Шуш, Нишопур, Хоразм ва Хатлон мавҷуд буданд. Ибни Надим дар «Ал-феҳрист» оид ба мавҷудияти китобҳои паҳлавӣ маълумот додааст. Зикр шудааст, ки Птолемейи II Филаделф (215-246) Замире ном шахсро мефармояд, ки китобҳоро гирдоварӣ намояд. Баъзе муҳаққиқон ин шахсро Деметрий Фолер ном бурдаанд, ки олими машҳури Искандария буд. Ин шахс 5482 китоб ҷамъ меоварад, ба шоҳ ҳисобот медиҳад, ки китобчопкунӣ дар давлатҳои бузург роиҷ гашта, кишвари Форс дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Китобхонаи машҳури дигар Теоргам аст, ки соли 47 то мелод зимни сӯхтор зиён дид. Тибқи навиштаи муҳаққиқон, Марк Антоний – сарлашкари Рум ба шоҳдухтари Миср Клеопатра аз ин китобхона 200 000 нусха ҳадя менамояд.
Академияи Гунди Шопур мактаби олии ориёӣ дар Эрони шарқӣ ба шумор мерафт. Дигар мактаб «Академияи Эдесс» ё «Донишгоҳи форсҳо», «Донишгоҳи эронӣ» буд, ки онро соли 365 Ефрем Сирин ташкил кардааст. Номбурда пешвои мардуми Шом (Сурия) ҳисоб меёфт. Китобхона ва бойгонии ғанӣ дошт, тарҷумонҳо бо роҳбарии Ива ном шахс асарҳоро аз забони юнонӣ ба шомӣ бармегардонанд. Асарҳои зиёди мутафаккирони юнонӣ маҳз дар ҳамин айём баргардон шуданд. Ин донишгоҳро бо номи «модари олимон», «модари илмҳо», «шаҳри маънавиёт» низ ном мебаранд. Шумораи донишҷӯёни ин марказ дар давраи роҳбарии Иброҳим ба 1000 нафар, теъдоди ҳуҷраҳояш ба 80 мерасид.
Табиби юнонӣ Тедорус дар аҳди Шопури II ба сифати табиби шахсии шоҳ пазируфта мешавад, ба хотири эҳтиром Шопури II барои олим калисои алоҳидаи насронӣ бунёд кард. Ҳамин тавр, дар аҳди Сосониён бо фармони Ардашери Бобакон олимон барои гирдоварии китоб ба Ҳинду Чин сафарбар мешаванд. Шаҳри Гунди Шопур ба шаҳри табибон мубаддал мегардад. Донишгоҳи мазкур дорои китобхонае буд иборат аз 259 ҳуҷра, ки дар ҳар кадом китоб бо забонҳои паҳлавӣ, форсӣ, ҳиндӣ, шомӣ маҳфуз буданд. Олимони бузург ибни Колде, Барзу, Мискавайҳ, Абуязид, Чорбахтӣ, Айса, Саҳл Айзовӣ, Алӣ Пурзайл ва бисёри дигарон дастпарварони Гунди Шопур буданд. Бо истилои араб алифбою забони арабӣ чун забони коргузорӣ ва динӣ рӯи кор омад, забони давлатӣ шуд. Арабҳо заминдорони ориёнро ба ҳар баҳона гунаҳкор ва маҳв сохтанд.
Тамоми навиштаи олимони ғайри араб, китобҳои илмӣ-адабӣ, китобхонаҳои бузурги Суғду Бохтар, Хоразму Балхро нест карданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки сенарияи зикршуда дар асри ХХ аз ҷониби болшевикон нисбат ба аҳли илму адаб, ҳунармандон, заминдорон, китобдорони тоҷик такрор шуд.
Садриддин ҲАСАНЗОДА, нависанда