Ҳар гоҳ сухан дар бораи муваффақтарин рӯзноманигорони риштаи варзиш равад, аксарият Мирзосафар Шамсиддиновро ном мебаранд. Зеро ӯ муаллифи 900 барномаи варзишӣ, таълимию дастурдиҳӣ, зиёда аз ҳазор мақолаю фелетон ва 35 китоб мебошад. Китобҳои «Машъалафрӯзи варзиш» (соли 2005), «Таҳаввулот дар варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2006), «Варзиш — саҳнаи нангу номус» (соли 2010), «Абармарди ҷодаи варзиш» (соли 2012), «Савганди паҳлавонӣ», «Таърихи варзиши Тоҷикистон», «Бадахшон бо ту бишносам» маҳсули хомаи ин муҳаққиқи варзидаи масоили варзишӣ мебошанд.
Илова бар ин, 32 китоби дигари ӯ то ҳол чоп нашудаанд. Вале Мирзосафар Шамсиддинов рӯҳафтода нашуда, таълифро идома медиҳад.
Агар ба зиндагиномаи Мирзосафар Шамсиддинов нигарем, мебинем, ки ӯ ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ бо матбуот робита дошт. Овони дар хонаи бачагони №2-и шаҳри Кӯлоб таҳсил кардан навиштаҳои шогирдонаашро дар рӯзномаи деворӣ дида, рӯҳбаланд мешуд. Чакидаҳои хомааш дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ мерасиданд. Азбаски ба мутолиа шавқи зиёд дошт, ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи маданию равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) супурда, онро соли 1969 хатм намуд. Баъдан, ба хизмати ҳарбӣ рафта, соли 1971 сарбаландона онро ба итмом расонид. Айёми донишҷӯӣ дар факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб (1971- 1976) ӯ ба рӯзномаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ мақола менавишт. Пас аз хатми боргоҳи маърифат дар рӯзномаҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ», «Ҳақиқати Кӯлоб», ноҳиявии «Субҳи меҳнат» ва нашрияи «Меҳнат»- и Шӯрои марказии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият намуд.
Дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб низ ҳамчун китобдор ва омӯзгор фаъолият дошт. Ҳашт сол дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати хабарнигор, муҳаррир ва муҳаррири варзида кор кард. Солҳои 1991- 2007 дар собиқ Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ёрдамчии раис, сардори маркази матбуот фаъолият намуд. Азбаски варзиш мавзӯи дӯстдоштааш буд, кор дар ин ниҳод боиси аз наздик ошно шудан бо дастоварду мушкилиҳои соҳа ва ошноӣ бо варзишгарони маъруф гардид.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Мирзосафар Шамсиддинов аз соли 2007 ба сифати ёрдамчӣ ва сухангӯйи ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов» адои вазифа менамояд. Ҳуҷраи кориаш бойгониро мемонад. Теъдоди китобҳои бадеию илмии аз даврони донишҷӯӣ гирдовардааш беш аз 6000 нусха мебошад. Ғайр аз ин, ифтихорномаю ҷом ва медалу расмҳои хотиравӣ бойгониашро ғанӣ гардонидаанд.
Аксар эҷодкорон ба худ «хоббӣ», яъне шуғли дӯстдошта доранд. Баъзеҳо марка ҷамъ мекунанд, иддае гулпарвариро дӯст медоранд, қисми дигар нишонҳои гуногунро коллексия мекунанд. Қаҳрамони матлаб дар қуттие хома (ручка)- ҳои холикардаашро ҷамъ меорад, ки теъдодашон ба садҳо расидааст. Онҳо шоҳиди инъикоси диловарии қаҳрамонони риштаҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, нигоштаҳои муаллиф роҷеъ ба мушкилиҳои соҳаи варзиш, васфи дастовардҳои замони истиқлолият ва ғайра мебошанд:
Қуттиҳои хомаҳои холии ӯ,
Шоҳидони дарду сӯзу оҳи ӯ.
Шоҳидони чашмҳои камнуранд,
Шоҳидони ашкҳои талху шӯранд…
Мирзосафар Шамсиддинов аз дастгирию ғамхориҳои беғаразонаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодӣ Сафаров барои фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодӣ сипосгузор аст. Маҳз бо таваҷҷуҳу мусоидати ин сарвари фарҳангдӯст чанд китоби ба мавзӯи варзиш дахлдошта аз чоп баромаданд.
Омӯзгори кафедраи забонҳои донишкадаи мазкур Сарварбӣ Миралиева, ки аз шогирдони М. Шамсиддинов буда, 35 сол боз ӯро мешиносад, дар ҳаққи ӯ чунин гуфт:
- Ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ Мирзосафар Шамсиддиновро ҳамчун инсони самимию хоксор, нексиришту росткор, покдилу қавиирода ва эҷодкори пурмаҳсул шинохтам. Дар навиштаҳои ӯ меҳру ихлос ва шукргузорӣ аз сарзамини аҷдодӣ, ифтихормандӣ аз варзишгарони тоҷик бозгӯйӣ шудаанд.
М. Шамсиддинов ғолиби 22 озмуни ҷумҳуриявӣ байни шореҳони варзиш мебошад. Барои хизматҳои шоён бо унвони Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳои Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
С. СУННАТӢ, Садои мардум»