Ховалинг, ки дар гузаштаи дур бо номҳои шаҳри Мунк ва музофоти Мунк машҳур буд, макони обу ҳавои хуш, гулу гиёҳҳои нодири шифобахш, ёдгориҳои зиёди табииву таърихӣ, адабиёту фарҳанги боғановати бебаҳо, дар маҷмӯъ, тамаддуни нотакрор аст. Дар ин гӯшаи бостонии зеботабиат чашмасорон низ зиёданд.
Ашхоси огоҳ медонанд, ки дар олам шаҳру деҳ ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар назди рӯду дарё ва баҳру уқёнусҳо воқеъ гаштаанд. Дар кӯҳистони Тоҷикистон, бахусус дар Ховалинги Хатлонзамин низ, маҳалҳои аҳолинишин асосан, дар назди чашмасорон воқеъ гаштаанд.
- Танҳо дар гирду атрофи деҳаҳои Доробию Хонақо бештар аз 500 чашма ҳисоб кардам, — мегӯяд рассоми литвагӣ Битаутас Кросас, ки як моҳ дар Ховалинг меҳмон буд.
Бояд гуфт, ки чашмаҳои номии ин диёр, ки аз ҷиҳати хунукию зулолӣ шуҳрат доранд, инҳоанд: Сурхсақова (Сурхсардова), Пушолон, Сучиён, Тиён, Қазған, Дии Шаҳ, Крушак, Крак, Дингак, Рӯпӯшида, Тиллоӣ, Касхоҳ ва ғайра.
Дар ҳар деҳа чашмаҳои зиёд мавҷуданд. Масалан, чашмаҳои Шӯрак, Дингак, Бедак, Хунукак (дар деҳаи Доробӣ), Ҳавзи Далӣ, Сангвор, Ато, Тиллоӣ, Неъмат ва боз бисёр чашмаҳои беноми Ховалинг дарёчаҳои Оби Мазор, Оби Тира, Сурхоб ва Ёхсуро ташкил дода, баракати кӯҳсорро ба таҳдашт меоранд.
Солҳои пеш кори хайр гуфта, баҳри истироҳат сурфа месохтанд ва дар гирди онҳо дарахт мешинонданд. Як вақтҳо чиноршинонӣ ба ҳукми анъана даромад. Мисол, дар чашмаҳои Қазған, Чилчанор, Чанорак, Ҳашар, Дараи Чанор, Дии Маҳмуд ва ғайраҳо чинорҳоеанд, ки ҳар яки он 300 — 1000 — сола буда, ҳол низ дар зери онҳо истироҳат мекунанд.
Дар деҳаи собиқ Дии Маҳмуд чашмае аст, ки оби зулолу мусаффо дорад. Моро маҷрои оби чашма ва болои он, ки асрҳои пеш бо чӯби арча пӯшонда шудааст, ба ҳайрат овард. Чӯбҳо мисли санг маҳкам шуда, болои обро пӯшондаанд. Асрори ин меҳнати аҷдодонро касе намедонад. Мо асрори инро аз пирони деҳаи Шахон, ки аҷдодонашон дар деҳаи Дии Маҳмуд умр ба сар бурданд, пурсон шудем. Яке аз мӯйсафедони куҳансол — бобои Тоҷиддин гуфт:
- Бобою бобокалонҳои мо инро ёд надоранд. Чашма солҳои сол аз дигар ҷо мебаромад. Вақте ки деҳа вайрон шуду дигар чашмаро тоза накарданд, обаш кам гардида, ҷои ҳозирааш намнок шуд…
Оре, чашмаҳоро аҷдодон ба воситаи ҳашар тоза мекарданд ва ҳатто бо хишти пухта маҳкам карда, новадон мешинонданд ва намегузоштанд, ки оби зулол зоеъ шавад. Чунин ҳашарҳоро бобои Сайкабир ва Толиб ташкил карда, чашмаҳоро ба тартиб меоварданд. Бобои Бегназар якумр, пас аз кор, чашма тоза карда, новадон метарошид.
Маълум аст, ки тоза намудани чашма кори хайр аст ва ҳатто касе, ки чашмаи гумномро тоза кунад, бо номи ӯ ин чашмаро мемонданд. Мисол, дар яке аз гӯшаҳои роҳи Ховалинг — Шугнов чашмае воқеъ аст. Дар он ҷо танҳо шибарзамини беоб буд. Ҳалқи ҳар як мусофир аз беобӣ хушк мешуд. Боре гузари собиқ сокини шаҳраки Ховалинг Булбул Валиев ба он ҷо афтиду чашмаи гумномро тоза намуда, дар гирду атрофаш дарахт шинонд ва чашма ана аз ҳамон рӯз номи «Булбул»-ро гирифт. Ҳар мусофире, ки аз оби он чашмаи зулол ташнагиашро шикаста, дар зери сояи дарахтон дам мегирад, албатта, ба ин шахси накукор изҳори миннатдорӣ мекунад.
Мутаассифона, ҳоло вазъияти чашмаҳо ва бепарвоӣ нисбат ба онҳо ташвишовар аст. Баъзан ба тозаю озода нигоҳ доштани чашмаҳо «маишатчиҳо» беэътиноӣ зоҳир мекунанд…
Ҳоло дар Доробӣ, Ҷонбахт, Чуқурак, деҳаҳои собиқ Чолон, Кулолон, Сиёҳлояк ва ғайра, бинобар тоза накардан, чашмаҳо тамоман хушк шудаанд, ки ин доғест барои қолини рангини табиат. Ҳатто ҳайвонҳо низ аз ҳамин сабаб дар чарогоҳҳои тобистона аз беобӣ танқисӣ мекашанд.
Тозаву озода нигоҳ доштани чашмаҳо моҳиятан муҳофизати табиати Ватан буда, вазифадорем, ки онҳоро чун гаҳвараки чашм нигоҳ дорем.
Амир Сайиди МУНКӢ, директори Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ховалинг