- Мардуми вилояти Суғд бояд донанд, ки то ҳол дар кишвар ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии он тамоми чораро меандешад. Аммо бархе аз шахсони манфиатхоҳу фурсатталаб овозаҳои беасосро паҳн намудаанд, ки набояд боис ба таҳлука афтодани мардум гардад, — гуфт раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ҷаласаи фаврии МИМҲД вилоят.
Овозаҳои бардурӯғу ҳангомаи беасос оид ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус боис гардиданд, ки раиси вилоят бо иштироки масъулони сохторҳои зиддахл ҷаласаи фаврӣ даъват кунад. Овозаи дар шаҳри Душанбе ба таҳлука афтодани одамон ба шаҳри Хуҷанд низ расид ва мардум маҳсулоти ғизоиро зиёд харидорӣ карданд.
Он рӯзҳо бозори асосии орд, ки дар мавзеи Гулистони шаҳр воқеъ аст, рӯзи маҳшарро мемонд. Дар кӯчаи ба номи Д. Алиматов қатори мошинҳои бешумор садди ҳаракати дигар нақлиёт гардид. Раёсати БДА-и шаҳр маҷбур шуд, кормандони зиёдро ба ин мавзеъ сафарбар кунад.
Вазъият дар бозори марказии шаҳр — «Панҷшанбе» низ тавре буд, ки дар боло гуфтем. Бо дарназардошти ин ҳолат раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бозорҳои «Панҷшанбе» ва «Гулистон» омад.
Ӯ зимни суҳбат бо мардум изҳор дошт, ки «пайдо шудани овозаҳои беасос боиси ташвиши бархе аз афроди зудбовар гардидааст ва ин ҳолатро ҳаннотон ба манфиат истифода бурда истодаанд. Таъкид шуд, ки дар вилояти Суғд барои қонеъ намудани талаботи солонаи сокинон захираи орду гандум ва дигар маҳсулот мавҷуд аст. Илова бар ин, ҳар рӯз садҳо тонна гандум аз хориҷи кишвар ворид ва дар 30 корхонаи ордбарории вилоят коркард мешавад».
Раҷаббой Аҳмадзода аз соҳибкорон талаб кард, ба таври сунъӣ арзиши маҳсулотро баланд набардоранд.
Брифинги матбуотии сардухтури санитарӣ — эпидемиологии вилоят Умед Нуруллозода ва муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев, ки дар «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, низ ба коронавирус бахшида шуд. Ҳар ду расман эълон доштанд, ки дар ҷумҳурӣ сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Қайд шуд, ки дар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ нуқтаҳои назоратӣ ташкил шудааст ва ҳарорати бадани ҳар нафари ба вилоят воридшуда аз тариқи «тепловизор» санҷида мешавад. Ҳамчунин, дар даҳ шаҳру навоҳии вилоят шуъбаҳои махсуси карантинӣ таъсис дода шудааст.
Дар маҷмӯъ, овозаи беасос мардуми содаву зудбоварро ба таҳлука андохт. Аз ин кӣ бурд кард? Албатта, онҳое, ки маҳсулоташон дар анбор хоб буд. Ва нафароне, ки мехостанд ба тариқи сунъӣ нархи маҳсулоти ниёзи аввалро баланд бардошта, соҳиби пули бедардимиён шаванд. Аммо, фаромӯш набояд кард, сарвате, ки дар заминаи қаллобӣ ба даст меояд, насиб намекунад.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум».
Суратгир И. РАБИЕВ