Назаре ба гузаштаи дуру наздик ва имрӯзи ноҳияи Восеъ, ноҳияе, ки марзу бумаш дар қалби Хатлони куҳан қарор дораду дар гузаштаи дур бо фарзандони ҷасуру ватандӯсти хеш, ба амсоли Шаҳболи хасмшикан ва билохира то ҳамин ду даҳсола қабл бо 11 Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистию садҳо дорандагони ҷоизаю унвонҳои баланди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи замони шӯравӣ шуҳрату овоза дошт. Имрӯз бо нуфусу сарватҳои фаровони табиии худ дар ҳудуди вилояти Хатлон соҳиби яке аз ҷойҳои аввал аст. Аммо, таассуфангез аст, ки бо ин ҳама гузаштаву имрӯзаи ифтихорбахш, на ин ки чун ноҳияҳои дигари минтақаю вилоят соҳиби ҳолномаи дурусти таърихӣ нест, балки солҳо боз дар навиштаҳои муаллифони гуногун соли таъсисёбию номи сарвари аввалини замони шӯравии он барғалат муаррифӣ мешавад.
САЙРИ ТАЪРИХ
Агар рафту ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Восеъро бо шеваи таърих ё худ дар қолаби ҳамин илм муаррифӣ карданӣ шавем, пас бо забони ҳамин илм гуфтанием, ки хоку оби ин мавзеъ беш аз 2000 сол қабл, бо маркази маъмуриаш шаҳри Ҳулбук –пойтахти Хатлони куҳан маҳсуб меёфт. Ҳамон Хатлоне, ки ба қавли таърихнигорон, тавассути фарзандони баҳодуру ватандӯст ва хасмшиканаш, аз қабили яке аз шоҳони доною ҷасури он Шаҳбол, истилогарони арабро сарфи назар аз нобаробарии қувваҳои ҳарбӣ, ҳангоми ҳуҷумҳояшон дар солҳои 677, 695, 699, 718, 725 ба зону шинонида, сархаму шармсор карда буданд. Ҳамон суруди машҳури истеҳзоёнаи балхиён, ки нисбати шикасти охири истилогарон арзи вуҷуд карда буду дар адабиёти мардуми форсизабон нахустин қитъаи шеърӣ арзёбӣ мегардад, нишони бебаҳсе аз далерию шуҷоат ва ватандӯстии олию намунавии фарзандони ин хоку оби азизи қаҳрамонпарвар аст:
Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия…
Танҳо дар соли 737, яъне дар 75-умин соли муборизаи нобаробар, ба аҷнабиёни араб муяссар гардид, ки ба амсоли баъзе давлатҳои абарқудрати имрӯза, аз бартарии иқтисодию ҳарбӣ ва бахусус ҳилаву найрангҳои хосаи хеш истифода карда, хати дифоии хатлониёнро рахна зананд…
Ин ҷо бамаврид аст, ин нуктаро ёдовар шавем, ки Ҳулбук дар баробари забткориҳои пайдарпайи бисёр харобиовари аҷнабиён, то охири асри XI такрор ба такрор ободу дигарбора барқарор мешуд ва ҳамчун маркази маъмурии қаламрави Хатлон мавқеи худро нигоҳ медошт. Мутаассифона, дар охири асри XI ин шаҳри зебои асримиёнагӣ, ки ба қавли Бобоҷон Ғафуров он айём дар рушду нумӯи худ буду аз нигоҳи меъморию зебоӣ аз шаҳрҳои тараққикардаи он замон ҳеҷ монданӣ надошт, бо иллати тохтутози пайдарпайи бодиянишинони сулолаи салчуқию карахониҳо тамоман харобу валангор гашта, дар коми оташи ҷангҳои ғосибон сӯхта, пурра ба нестӣ расид. Таърих бунёди дубораю чандинбораи бисёре аз шаҳрҳои дар ҷангҳо сӯхтаю хокистаргаштаи оламро ёд мекунад, вале афсӯс, ин гуна ҳолат тӯли наздик ба 1000 сол дигар ба Ҳулбук даст надод. Сабаб ва иллати асосӣ ин фишору саддгузориҳои пайвастаи ғосибони хайманишини турктабору муғулнасаб буд. Афзоиши ин ҳолат сокинон ва атрофиёни маркази Хатлонро фирории ватану кӯҳнишин кард. Селаи истилогарони бодиянишин рӯйи кӯшку қасрҳои валангоргаштаи шоҳони Хатлон чодар зада, шуғли чорводорӣ мекарданд…
ШӮРАВӢ ДАСТИ НОАДОЛАТИРО ШИКАСТ
Шукри беҳад ба бунёд ва сиёсати давлати шӯравӣ, ки аз сари мардуми бумӣ ин ҳама ноадолатиҳои сахт ва мудҳиши таърихро, дар қатори дигар миллатҳои ба ин ҳол афтода, дур кард. Бо шарофати ҳамин сиёсат имкону шароит ба миён омад, ки фирориёни ҳазорсолаи ба кӯҳҳо паноҳбурда, дигарбора ба дашту водиҳои ҳосилхези бобоӣ, ба он маконҳое, ки замоне соҳиби шаҳрҳои зебову обод буд, кӯч банданд. Нуқтаи дигаре боиси хотирнишон ва таассуф аст, ки аллакай дар синаи водӣ саҳронишинон бартариро дар нуфуз соҳиб гашта, бо иллати ҳамин бадбахтӣ дар моҳҳои нахусти соли таъсисёбии ноҳия, коргузорӣ дар баъзе ташкилоту идораҳои давлатӣ, бо забони онҳо сурат гирифт. Хушбахтона, ин ҳолат дер давом накард…
Раванди барқарорсозию ободкунии мавзеъ ба он шакле роҳандозӣ мешавад, ки солҳои аввали шаст ҳудуди имрӯзаи ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик бо мақсади таъсиси шакли нави хоҷагидорӣ, яъне Раёсати истеҳсолии колхозу совхозҳои минтақа, ки Маскав чунин шаклро муносиб дониста буд, мутааллиқи ноҳияи Восеъ мешаванд.
Соҳаи пахтакорию боғдорӣ ва чорводорӣ рушд карда, дар ин миён саноат низ мавқеи хосаро ишғол мекунад. Натиҷаи ин дастовардҳо ноҳияро соҳиби 11 Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистию даҳҳо ҷоизадорони сатҳи умумииттифоқ намуд. Он нукта боиси зикр ва андеша аст, ки он замон чунин миқдори қаҳрамонону ҷоизадоронро ҳатто баъзе вилоятҳои ҷумҳуриҳои собиқ соҳиб набуданд. Агар ин ҳолати мусбиро маҷозан тасвир намоем, пас он барои расидани кадрҳо ба қуллаҳои баланди мансабҳои ҳизбию давлатии он замони ҷумҳурӣ, шабоҳат ба майдони парвозро мемонд, ки онҳо маҳз аз ин ҷо болу пар мекушоданд. Даҳҳо нафарро ном бурдан мумкин аст, ки дар солҳои панҷоҳ, шаст, ҳафтод ва солҳои минбаъда аз ҳамин ноҳия мансабҳои баланди ҳизбию давлатии ҷумҳуриро соҳиб шуда буданд.
Маҷмӯи ҳама ин дастовардҳои меҳнатию истеҳсолӣ сабаби он гардид, ки он замон дар навиштаҳои расмию ифодаҳои забонӣ ибораи маъмулии «ноҳияи овозадор» пайдо гардид. Воқеан ҳам сокинони бунёдкори он аз шунидани ин ибора меболанду ифтихор мекунанд, ки номи ноҳияи онҳо дар аксар маврид ба ҳамин шакли илҳомбахшу эҳтиромомез муаррифӣ мешавад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН –ТАҶДИДГАРИ ҚАСРИ ШОҲОНИ ХАТЛОН
Шаст сол муқаддам (соли 1953) ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеъҳои таърихии ноҳия шурӯъ гардид. Қабл аз ҳама ин амали неки бостоншиносон, бо мақсади кушодани қасри шоҳони Хатлон дар хоктеппаи деҳаи Қурбоншаҳид, ҷиддӣ суръат пайдо кард ва то ҳол идома дорад. Ниҳоят, бо шарофати тулӯи хуршеди Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурнамою хештаншиносии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, қасри шоҳони Хатлон-рамзи давлатдорию тамаддунофарии ин миллат, аз зери хокистартӯдаҳои ҳазорсолаи ҷангҳои харобиовари истилогарони бодиянишин, чун нишон аз гузаштагони созандаи дурамон, берун оварда шуд. Акнун даҳ сол боз қасри шоҳони Хатлон бо ҳамон шукӯҳу шаҳомати аслиаш барқарор мешавад ва он дар ҳолати анҷомёбист.
ДАР ТАВСИФИ ЯК ҲОЛНОМА ПЕШ ОМАДАНИ ЧАНД МУШКИЛОТИ СОҲАИ БОЙГОНӢ
Маҳз ҳамин гузаштаи бою рангини ноҳия, ки обу хокаш аз азал қаҳрамонпарвару тамаддунофар будааст ва баъдан ному рӯҳи он абармардоне, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ин гӯшаи кишвари азизамонро аз ҳарвақта дида ободу зебо кардаанд, бандаро муваззаф намуд, ки таҳти унвони «Восеъ: аз Шаҳбол то Истиқлол» ба омода кардани ҳолномаи он шурӯъ намоям. Бо ин мақсад ҳуҷҷату маводи расмии зиёдро рӯйи даст гирифтам. Вақте ки асноди расмии солҳои сиюми замони шӯравиро дар хусуси соли таъсисёбии ноҳия бо ҳам муқоиса мекунам, тааҷҷуб меояд, зеро яке дигареро ботамом инкор мекунанд.
Ҳама вақт мо –қаламкашони ноҳия соли таъсисёбии онро 19-уми январи соли 1936 ба қалам медодем, аммо ин санадро дар фонди 133-уми бойгонии давлатии минтақаи Кӯлоб, ки 8-уми июли соли 1978 аз ҷониби корманди калони илмии бойгонии мазкур Л.Ряполова таърихи кумитаи иҷроияи ноҳия бори охирин коркард шудааст, зери гувоҳномаи таърихии он сатрҳои зайлро мехонем: «Кумитаи иҷроияи шӯрои вакилони халқи ноҳияи Восеъ 20-уми майи соли 1933 дар асоси Қарори Комиссариати халқи РСС Тоҷикистон ва КМ КП(б) Тоҷикистон таҳти рақами 8, ки он вақт ноҳия Арал ном дошт, кумитаи иҷроияи он таъсис ёфтааст. (Фонди 19, опис 1, парвандаи 1, варақи 21)
Дар соли 1936 Кумитаи иҷроияи ноҳияи Арал пас аз тағйири ном Кумитаи иҷроияи ноҳияи Колхозобод ном гирифт. («Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон», очерки таърихӣ, муаллифон Кошелова ва Р.А.Василев)».
Ҳамин нуктаро дар саҳифаи 366-уми китоби «Тақсимоти маъмурӣ-территориявии вилояти Кӯлоб» муаллиф-бойгоншиноси шинохта, собиқ директори бойгонии минтақаи Кӯлоб, шодравон Ҷумъахон Талбаков ба ин шакл мехонем: «Қарори Кумитаи иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 1930 «Оиди таъсиси ноҳияи Колхозобод»
Боз дар саҳифаи 52-юми китоби мазкур оиди таъсиси ноҳияи Колхозобод, яъне Восеъ, акси ин гуфтаҳоро мебинем: «Ноҳия мувофиқи қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 1936 ташкил ёфтааст».
Муаллифи китоби мазкур, мисли ҳамкори худ Л.Ряполова, ин иқтибосро мансуб ба ҳамон китоби дар боло ишоракардаи «Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон» мансуб медонад, ки боз мутаассифона, тавре мебинем, ин ду иқтибос хилофи ҳам ҳастанд. Дар идомаи маълумотнома омадааст: «Дар соли таъсисёбии ноҳия ба ҳайати он шӯроҳои қишлоқи зерин дохил мешуданд:
- Арал (марказаш қ.Арал)
- Ба номи Бауман (марказаш қ.Кадучии боло)
-Пахтаобод (марказаш қ.Кадучии миёна)
-Пахтакор (марказаш қ.Нонҷемас)
-Пушён (марказаш Пушёнии миёна)
- Ба номи Сталин (марказаш қ.Қурбоншаҳид)
Як абзас поён дар ҳамин маълумотномаи нимварақа, сатрҳои дигаре ба чашм мерасад, ки баъзе нишондодҳои он, ба амсоли таъсиси Шӯрои қишлоқи ба номи Сталин, хилофи гуфтаҳои худи муаллифанд, ки боз аз ҳамон китоби «Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон» иқтибос овардаанд: «27-уми декабри соли 1937 дар ҳайати ноҳия Шӯроҳои қишлоқи ба номи Бауман ва ба номи Сталин (?) ташкил ёфтаанд».
Ҳамин нуқта дар Қарори Президиуми Кумитаи марказии иҷроияи Шӯроҳои РСС Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 1935 «Оид ба таъсиси ноҳияҳои нав», ки бо ҳуруфоти лотинию кириллӣ ва бо имзои раиси он Шириншоҳ Шоҳтемур нашру тасдиқ ёфтааст ва дар фонди 19-уми бойгонии мазкур маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, омадааст:
«Ноҳияи Колхозобод аз ҳисоби ҳудуди ноҳияи Кӯлоб ва дар ҳайати совети ҷамоатҳои зерин ташкил карда шавад:
1. Бауман (Эмомалӣ) дар ҳайати 10 қишлоқ.
2. Тугарак дар ҳайати 3 қишлоқ.
3. Пойтуғ дар ҳайати 12 қишлоқ.
4. Арал, аз ҳисоби н.Қизилмазор, 9 қишлоқ.
Тавре мебинем, шумора ва номи ҷамоатҳо дар ин ду ҳуҷҷати расмӣ тамоман хилофи ҳамдигар ҳастанд. Аҷобати дигари ин ҳуҷҷат дар он аст, ки дар худи як саҳифа, яъне дар саҳифаи аввали он соли қарори КИМ мухолифи ҳам навишта шудааст. Дар гӯшаи рости варақ, ки қарор бо забони русию ҳуруфоти кириллист, солу моҳ 19-уми январи соли 1935 ва дар гӯшаи чап, ки қарор бо забони тоҷикию ҳуруфоти лотинӣ мебошад, солу моҳ 19-уми январи соли 1936 аст.
Асноди дигаре, ки мо дар ихтиёр дорем, пурра мухолифи таъсис ёфтани ноҳия дар соли 1936 аст. Чунончӣ, аз саҳифаи 435-уми китоби «Аз таърихи бунёди мадании Тоҷикистон дар солҳои 1924-1941» (Из истории културного строительства в Таджикистане в 1924-1941 гг), ки он аз ҷониби собиқ Донишкадаи таърихи назди КМ ҲК Тоҷикистон ва Донишкадаи таърихи ба номи А.Дониши Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон дар соли 1966 нашр гаштааст, таври мухтасар иқтибос меорем: «Қарори бюрои КМ ҲК(б) Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси чойхонаҳои сурхи намунавӣ», аз 26 марти соли 1935.
Қарори мазкур аз 6 қисм иборат аст ва дар қисми охири он рӯйхати 10 ноҳияи ҷануби ҷумҳурӣ, ки бояд дар онҳо то 1 майи соли 1935 чойхонаҳои сурхи намунавӣ таъсис ёбанд, ба шакли зерин оварда мешавад: Бауманобод, Фархор, Кӯлоб, Колхозобод, Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Қӯрғонтеппа, Регар, Қизилмазор ва Куйбишев.
Дар китоби «Онҳо аввалин буданд» («Они были первыми»), ки соли 2003 аз ҷониби Донишкадаи омӯзиши сиёсии КМ ҲК Тоҷикистон нашр гаштаасту дар он ҳолномаи аксари котибони аввали ҳизби коммунисти шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба таври хронологӣ ҷой гирифтаанд, дар саҳифаи 44-уми он роҳбарони аввали ноҳияи Восеъ аз соли 1938 шурӯъ мешавад. Барои хонандаи ин китоб соли 1938 соли таъсиси ноҳия мансуб дониста мешавад.
Ё худ то имрӯз дар тамоми навиштаҳо аз С.А.Ханкарови арманӣ, ҳамчун роҳбари аввали ноҳия, ёд карда мешавад, аммо мувофиқи ҳамин қомусномаи «Онҳо аввалин буданд» ин шахс дар соли 1936 дар ноҳияи Кагановичобод (Колхозобод, Ҷ.Румии имрӯза), солҳои 1937-1939 дар ноҳияи Ӯротеппа ва солҳои 1940-1941 дар ноҳияи Исфара котиби аввали ҳизби коммунист шуда кор кардааст…
Хонандаи оддии ноогоҳ ҳамин гуна донишу таассуроти таърихиро дар хусуси соли таъсиси шаҳру ноҳия ва вилояти худ, аз китоби тозанашри Қаҳҳори Расулиён «Тоҷикистон» мегиранд. Дар саҳифаи 14-уми китоби мазкур соли таъсисёбии ноҳияи Восеъ 19-уми августи соли 1957 зикр шудааст, яъне ин ҷо давраи дубора таъсисёбии он ба назар гирифта шудааст. Андаке поён соли таъсиси шаҳру ноҳияи Кӯлоб, ки дар ибтидо ноҳияи Восеъ марбути он буд, 23-юми ноябри соли 1934 маънидод мешавад. Дар ин китоб на ин ки ноҳияи Восеъ, балки соли таъсисёбии як қатор ноҳияҳои дигар, ба амсоли Балҷувон, Бохтар, Шӯрообод ва ғайра, солҳои такрортаъсисёбиашон ба эътибор гирифта шудааст.
БЕ ГУЗАШТА ИМРӮЗ ВА БЕ ИМРӮЗ ФАРДО НЕСТ
Бале, чигунагии имрӯзу фардои ҳама гуна ҷомеа маҳз дар ҳамин маънӣ ниҳон аст. Китобхонаю бойгонӣ ва осорхонаҳо барои ҳама давру замон манбаи омӯзишу дониш маҳсуб меёбад. Маълум аст, ки бе донишу омӯзиш имрӯзу фардои мо торику норавшан мемонад.
То шурӯи иқдоми мазкур ва бархӯрди мушкилоти боло, аз бурдубохти ин соҳаи муҳим чандон огаҳӣ надоштам. Ин соҳаи хуби омӯзиш, яъне бойгонии давлатии минтақаи Кӯлоб, ҳоло дар кадом ҳол қарор дорад? Давоми соли 2013 ба ин бойгонӣ, танҳо ду-се нафар барои иҷрои корҳои омӯзишию илмӣ омадаанду халос. Ба гуфти кормандонаш, аз ин соле пеш як шаҳрванди олмонӣ барои омӯхтани вазъи гӯсфандони навъи ҳисории мавзеи Кангурт, вобаста ба солҳои 60-70, чанд муддат аз ҳуҷҷатҳои ин бойгонӣ истифода кардааст. Аз 17 нафар кормандони бойгонӣ танҳо директори он соҳиби маълумоти олӣ ҳасту халос. Боқимонда кормандон солҳо инҷониб бо маълумоти миёна фаъолият доранд. Дар чунин сурат оё мумкин аст, ки ин ҷо бидуни мутахассис кори таҳқиқу омӯзиш дуруст сурат бигирад, ҳуҷҷатҳо беғалат коркарду беосеб нигаҳдорӣ шаванд?
Коғазҳои 70-80-солаи ҳуҷҷатҳои нодири ин бойгонӣ бисёр фарсудаву рангпарида шудаанд, ки имрӯз ба нигоҳдории хуби мутахассиси соҳа сахт ниёз доранд. Кай мо мутахассис пайдо мекунему онҳоро таври замонавӣ нусхабардорию ба шакли электронӣ гардонида, барои ояндагонамон маҳфуз нигоҳ медорем, саволест ба масъулони сатҳи болоии соҳа. Боз дар сурате ки ин муассиса аз ҷумлаи он муассисаҳое маҳсуб меёбад, ки ҳеҷ гоҳ дар маркази шаҳри Кӯлоб соҳиби хати озоди барқ набуд. Ҳатто боре шоҳиди ҳол будем, ки дар фаровонии барқ низ, бо сабаби напардохтани ҳаққи он, чанд муддат барқи ин муассиса хомӯш будааст. Рафъи ин ҳама мушкилот танҳо ба мутахассисони таҷрибадору дилсӯз вобаста аст. Ҳеҷ гоҳ бо як кӯр кардани рӯз ва бо маълумоти миёна банд кардани воҳидҳои кории муассиса, мушкилоти ин бойгонӣ ҳалли худро пайдо карда наметавонад.
Се сол инҷониб дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо бахшҳои бойгонӣ фаъолият мекунад ва худ то ҷое огаҳӣ дорам, дар бисёре аз шаҳру навоҳии минтақа сардорони бахшу мутахассисони онҳо хилофи ихтисосу боз ба болои ин ба иҷрои дигар амалу корҳо ҷалб карда шудаанд. Рушди соҳаву рафъи мушкилоти имрӯзаи он, дар навбати аввал, ба дӯши маҳз мутахассисони ана ҳамин бахшҳо бояд бошад. Боре надидаам, ки сардори бойгонии минтақаи Кӯлоб Хуршед Содиқов ба ҷаласаҳои назоратии роҳбарони ташкилоту муассисаҳои минтақавӣ даъват шуда, масъулони вилоят аз бурдубохти муассисаи ӯ, пурсон шуда бошанд.
Айб ва гуноҳ аст, ки дар муассисаҳои таълимиамон соату рӯз ва моҳу соли кашфи қитъаи Амрико ва ё худ бузургеро аз мамолики ғайр меомӯзему медонем, вале дар бораи ҳаёти чанд даҳсола пеши шаҳру ноҳия, зодгоҳи азизи худ, ки Ватан аз он ибтидо мегирад ва ашхоси мӯътабари он чизеро саҳеҳ намедонем. Дар чунин сурат мо чӣ гуна метавонем аз боби ватандорию хештаншиносӣ ҳарфи ифтихор занем? Хуб мешуд, ки барои рафъи ин мушкилот устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб шогирдони хешро барои навиштани корҳои дипломию илмӣ ба ин макони муқаддас, ки номаш бойгонӣ аст, ҷалбу сафарбар мекарданд. Боз мувофиқи мақсад мебуд, ки агар мисли шодравон Ҷумъахон Талбаков, дар маҷмӯъ ҳамкасбони имрӯзаи ӯ, оиди ҳар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии онҳо маълумотномаи мухтасар, дурусту саҳеҳи таърихӣ омодаю ирсол ва чоп намоянд, зеро масъулони ин соҳа, сарфи назар аз мушкилоти хеш, имкониятҳои фаровонро нисбат ба дигарон дар ихтиёр доранд.
Ватандорию хештаншиносӣ аз омӯхтани ҳаёти гузаштаи падарону бобоён, ки имрӯз нақши амалҳои онҳо маҳз дар ин бойгониҳо маҳфуз мондааст, ибтидо мегирад. Бойгонӣ ин ба маънои аслаш сарвату бойгарӣ ва аз ҳама пеш ин гузаштаи мост ва бе омӯхтану надонистани гузашта, имрӯзи мо холию ноқис ва фардои мо бе қутбнамо мемонад.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»