Бе ӯ ва бо ёди ӯ

Некном

№33 (4139) 17.03.2020

Бо номи нек дар ҳаёт зиндагӣ намудан орзуи инсони бомаърифат аст. Бисёриҳо мазмуни зиндагиро дар хизмат ба халқу диёр мебинанд, ки дар натиҷаи  заҳмату кӯшиш ба амал омада, инсонро  обрӯманд мегардонад. Яке аз чунин шахсиятҳо Чиллахон Исоев  буданд.

Боиси андуҳ ва таассуф аст, ки ин шахсияти маъруф ва шинохтаи Хатлонзамин, собиқадори меҳнат, узви Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чанде пеш аз байни мо рафт.

Ӯ 10 январи соли 1947 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Баъди бо баҳои аъло хатм намудани мактаби деҳа, соли 1965 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи кишоварзии шаҳри Душанбе супурда, соли 1970 соҳиби ихтисоси агроном — иқтисодчӣ гардид. Сипас, ба зодгоҳаш баргашта, дар нуқтаи пахтақабулкунии хоҷагии «Коммунизм» ба кор даромад. Зина ба зина дар мансабҳои гуногуни хоҷагидорӣ боло рафта, ба ҳайси сариқтисодчӣ, сарагрономи хоҷагӣ ифои вазифа намуд.

Қобилияти меҳнатиашро роҳбари онвақтаи ноҳия Ҳабибуллоҳ Тағоев ба назар гирифта, соли 1979 номзадии ӯро ба вазифаи раисии хоҷагӣ дар маҷлиси ҳисоботӣ — интихоботии солонаи хоҷагии «Коммунизм» пешниҳод намуд. Ин таклиф аз ҷониби аъзои хоҷагӣ якдилона пазируфта шуд.

Ӯ дар давраи фаъолият ба ҳайси роҳбари хоҷагӣ дар деҳаҳои Москва, Шӯрқул, Арча мактабҳои замонавӣ сохта, ба ин васила дар рушди маорифи ноҳия саҳмгузор шуд. Биноҳои муассисаҳои таълимии дар даврони роҳбарии ӯ сохташуда алҳол мавриди истифода қарор дошта, номи ӯро дар байни сокинони маҳал маҳсуб гардондааст.

Кордонӣ ва хизматҳои ӯро Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, соли 1995 раиси ноҳияи Панҷ таъин намуданд. Ҳамчунин, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз соли 1995 то соли 1999 ба ҳайси раиси ноҳияи Панҷ, солҳои 1999- 2001 раиси ноҳияи Восеъ, 2001- 2002 раиси ноҳияи Фархор, 2003-2005 раиси Ҷамоати деҳоти «Деҳқонариқи»-и ҳамин ноҳия, солҳои 2005-2011 роҳбари қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ифои вазифа намуд.

Зимни адои вазифа дар вазифаҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ бо кордонию муносибати ҷиддӣ ва серталабию софдилӣ дар дилу дидаи ҳамкорон ҷо гирифта, ҳамчун роҳбари ғамхор обрӯю нуфузи зиёд дошт.

17 январи соли 2020 дар маросими видоъ бо ӯ ба қавли мардум, ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Қариб ҳама шахсони баландпояи ҷумҳурӣ дар он ширкат намуданд.

Чиллахон Исоев на танҳо роҳбари кордон, дӯсти меҳрубон, балки падари мушфиқу ғамхор низ буд. Фарзандонаш — Фарҳод, Зулфия, Баҳриддин, Баҳодур, Саидмӯъмин ва Ҳабиба дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, номбардори падар мебошанд.

Хотираи неку дурахшони фарзанди шоистаи миллат дар дили ёру дӯстон ва онҳое, ки ӯро мешинохтанд, абадӣ боқӣ хоҳад монд. Хушбахт касест, ки дар зиндагӣ номи нек боқӣ мегузорад ва ӯро ба некӣ ёд мекунанд. Чиллахон Исоев чунин инсон буд.

Хуб мешуд, ки барои абадӣ гардонидани  хотираи неки ин инсони комил деҳа ё мактаберо дар ноҳия ба номаш гузоранд.

Агар ин пешниҳод мавриди таваҷҷуҳи масъулини ноҳияи Фархор ва вилояти Хатлон қарор гирад, рӯҳи шодравон шод мегардад.

Ғайбулло АФЗАЛОВ, раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон