Чанде пеш «Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он»-ро Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кард.
Таҳлилу тафсири нукоти Паём дар мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмуъмин Ятимов — «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат» ҷолибу пурмуҳтаво мебошад. Муаллиф ба масоили иқтисодӣ, илму маориф, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, дар хусуси аз худ кардани илмҳои бунёдӣ, оид ба забони тоҷикӣ, хондани китоб, арҷгузорӣ ба таърихи миллат рӯ овардааст. Қайд шудааст, ки Паёми Пешвои миллат беҳтарин ва мукаммалтарин роҳнамои таҳлилӣ, арзёбии воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар чӣ аз ҷиҳати ҷиддияти назарияи илмӣ ва чӣ аз нигоҳи арзишмандии таҷрибаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин ҳуҷҷати муҳим на танҳо вазъи имрӯзаро бо тамоми паҳлу баррасӣ ва тафсир мекунад ва сабабу омилҳои шаклгириву натиҷаи онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, балки ҳодисаҳоро дар шароити мушаххаси таърихӣ арзёбӣ карда, нақшаи рушди умумимиллиро барои ояндаи наздик муайян месозад.
Дар мақолаи Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки таҳти унвони «Дурнамои иқтисоди мамлакат дар Паёми Пешвои миллат» нашр шудааст, омадааст: «Яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд ва ягона дар ҷамъбасти ҳар сол ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба сокинони кишвар пешниҳод намудани Паём аз ҷониби Сардори давлат мебошад. Дар Паёми имсола баландтар бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав, вусъати истеҳсолот, бунёди инфрасохтори нақлиёт, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, варзиш аз масъалаҳои асосӣ буд».
Муаллиф бо таҳлили ин ҷанба собит кардааст, ки ғамхории Сарвари давлат ба мардуми кишвар беназир аст.
Дар матлаби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ — «Рушди тафаккури техникӣ ҳамчун омили муҳими бадастории ҳадафҳои миллии стратегӣ» омадааст: «Пешвои миллат барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040-умро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон намуданд, ки ин иқдоми шоиста барои мубориза алайҳи таассубу хурофот ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ, махсусан, бо такя ба фанҳои табиию риёзӣ, такони ҷиддӣ хоҳад гашт».
Мақолаҳои кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Офаридаева, Аминназар Ашӯров, дотсент Қурбоналӣ Буризода ва нависанда Садриддин Ҳасанзода низ зикршуда муҳиму саривақтӣ ва барои тарғибгарони сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури зарурист.
Ҳабиб СУЛАЙМОНӢ, сармуҳаррири нашриёти «Ирфон»