Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонуну кодексҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№33 (4139) 17.03.2020

DSC_8601Шонздаҳуми марти соли 2020 таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният  Лоиқзода Қаноатшо  Холиқ ҷаласа баргузор шуд.

Дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»

5. Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоят барои таъин ва озод кардани муовини якум ва муовинони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб намудани машваратчиёни халқии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ (шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияи Балхӣ)

8. Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи  қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019»

9. Ҷамъбасти фаъолияти панҷсолаи Кумита.

 

Дар хотима аъзои кумита фикру мулоҳиза баён дошта, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишуда дар алоҳидагӣ  хулоса қабул ва ба иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод карданд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ