Кумак барои пешгирии коронавирус

№34-35 (4140-4141) 19.03.2020

Тавре аз Маркази матбуоти АКДН-и Хазинаи Оғохон хабар доданд, ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии бемории коронавирус  як қатор чорабиниро амалӣ кард.

Тибқи дархости Раёсати тандурустии ВМКБ, барои сафарбар намудани табибон ба дидбонгоҳи марзии Кулма  хароҷот пурра пардохт шуда, дидбонгоҳ бо дорувории зарурӣ таъмин гардид. Илова бар ин, ба ихтиёри раёсат 4 термосканер ба маблағи 1800 сомонӣ, 55 либоси махсуси зиддисироятӣ ба маблағи 13 750 сомонӣ, 59 айнаки безараркуниро ба маблағи 5310 сомонӣ вогузоштанд.

Ҳамчунин, бо мусоидати ташкилоти зикршуда  барои табибон шароити мусоиди корӣ фароҳам омада, мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» ва дигар техникаҳо бо сӯзишворӣ таъмин гардиданд.

Хадамоти Оғохон оид ба муҳити зист (Aga Khan Agency fon aditat) низ дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии бемории коронавирус қариб 20 ҳазор таҷҳизот ва лавозимотро ба маблағи 53 349 доллари ИМА харидорӣ намуд.

Дар шаҳри Душанбе Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30000 дастпӯшаку ниқобро дастрас карда, дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 64 000 доллари ИМА кумак расонид.

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, ҳамчунин, маъракаи иттилоотии зидди коронавирусро роҳандозӣ намуда, бо ин мақсад 3 600 нусха дастур чоп ва паҳн гардид.

Т. ФАРРУХПАЙ,

«Садои мардум»