Баъди ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» (аз 4 марти соли 2020, №1466) дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот омодагӣ ҷиҳати сафарбар намудани наваскарон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
Бахусус, масъулини марбутаи шаҳри Ҳисор дар ин самт хеле фаъоланд. Онҳо ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, далериву шуҷоат ва боло бурдани ҳувияти миллӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Аз ҷумла, фаъолияти Ҷамоати шаҳраки Шарора дар ин самт шоистаи таҳсин аст.
Сардори мизи ҳарбии шаҳрак Баҳрулло Рабиев гуфт, ки аз даъват то даъвати дигар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ва ҷамоати шаҳраки Шарора, барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корҳои зиёди тарғиботию ташвиқотиро анҷом медиҳем. Дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура, комиссариати ҳарбӣ, ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, ШМД-и ШВКД-и шаҳри Ҳисор дар шаҳраки Шарора, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар маҳаллаву деҳаҳо бо ҷавонони синну соли даъватӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳрак бо иштироки волидон ва омӯзгорон дар мавзӯъҳои «Хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бонангу номус аст», «Ба ҳимояи марзу буми Ватани азиз ҳамеша омодаем», «Ҳимояи Ватан ҳимояи модар ва миллати хеш аст», «Ҷавонмардони шуҷоу далер посбонии Модар-Ватанро бар дӯш мегиранд» суҳбату вохӯрӣ баргузор мекунем.
Ҳамчунин, бо иштироки раисони маҳаллаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни воқеаҳои Афғонистон ва дигар қишрҳои ҷомеа бо падару модарон ва ҷавонону наврасон суҳбату вохӯрӣ баргузор карда, волидонро даъват менамоем, ки барои сафарбар кардани фарзандонашон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ монеа эҷод накунанд. Зеро тарбия аз оила сарчашма мегирад ва падару модаронро зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи дӯстдории Ватан ва сарзамини аҷдодӣ ба воя расонанд.
Натиҷаи ин чораҷӯиҳо буд, ки шаҳраки Шарора тайи чанд соли охир, аз ҷумла, дар давраи даъвати баҳорию тирамоҳии соли 2019, дар миёни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои нақша бо сарбаландӣ баромад. Соле қабл бо ташаббуси Комиссариати ҳарбӣ, сардорони мизҳои ҳарбии шаҳраку деҳот ва дастгирии раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода падару модарон ба қисмҳои низомии воқеъ дар вилояти Суғд, ки фарзандонашон он ҷо хизмати ҳарбиро адо мекунанд, рафта бо шароити хизмати онҳо шинос шуданд ва бори дигар бовар ҳосил карданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ нисбат ба даҳ-дувоздаҳ сол пеш пурқудрат гардидааст.
Ба оғози сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ рӯзҳои ба шумор мондааст, вале гурӯҳе аз ҷавонон ҳанӯз аз моҳи январ барои аз худ кардани касби ронандагӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор муроҷиат карда буданд, ки айни ҳол таҳсилашон дар арафаи анҷомёбист. Дар баробари ин, имрӯзҳо шумораи зиёди ҷавонон ихтиёрӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омада, барои ба хизмат рафтан худро номнавис карда истодаанд, ки ин ифтихору сарбаландии на танҳо ҷавонони шуҷоу далер, балки волидайни онҳо, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор мебошад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»