Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

№34 - 35 (4140 - 4141) 19.03.2020

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Зокирзода Маҳмадтоир Зоир Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раисикунандаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум  А. ҒАФФОРОВ

ш. Душанбе, 17 марти соли 2020, №4

Зокирзода

Маҳмадтоир Зоир

IMG_13561Зокирзода Маҳмадтоир Зоир 5 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Селиноградро аз рӯи ихтисоси муҳандис — заминсоз хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати муҳандис – заминсози Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои муҳандиси пешбар, сардори гурӯҳи назоратии шуъбаи техникӣ, сармуҳандиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем», сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатӣ ва хӯроквории Мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи хоҷагии қишлоқ, шуъбаи комплекси агросаноатии Мудирияти корҳои Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Тоҷиккоинот», раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2015-2016 вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2016 то соли 2020 дар мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд.

Бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардида­аст.

Оиладор.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.