Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат се моҳ пештар ба фаъолият оғоз кард. Ифтитоҳи он дар вазъияти тантанавӣ бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Инак, дар муддати кӯтоҳ ин ҷо воқеан ба макони аҳли маърифат ва маркази чорабиниҳои фарҳангӣ табдил ёфт. Ин бесабаб нест, зеро баробари ба фаъолият оғоз кардани Кохи маърифат собиқадори варзидаи фарҳанг Шамсиддин Шаҳобиддиновро сарвари он таъин карданд. Таҷрибаи бою кордонии мавсуф аз рӯзҳои аввали роҳбариаш ба ин Кохи маърифат натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Ш. Шаҳобиддинов Аълочии фарҳанг ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба муносибати ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бошад, соҳиби медали «Хизмати шоиста» гардид. Ӯро бисёриҳо чун суханвари мумтозу маҳфилорои базму ҷамъомадҳо, ҳунарманди асил, устоди хирадманду инсони нексиришт мешиносанд ва иззату эҳтиром мекунанд. Чанде пеш хабарнигорамон зимни дидор аз Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат бо Ш. Шаҳобиддинов ҳамсуҳбат шуд. Порае аз ин суҳбат манзури хонандагони арҷманд мегардад:
-Фарҳангро ҳастии миллат мегӯянд. Воқеан миллати куҳанбунёду фарҳангдӯсти тоҷик аз ин маърифати воло бархӯрдор аст ва ҳамеша тавассути фаҳмишу дарки баланди худ рӯзгорамон рангоранг аст. Айёми соҳибистиқлолӣ соҳаи фарҳанг пайваста рушду нумӯъ меёбад, ки омили асосии он фазои тинҷиву оромӣ, дастгириву кӯшишҳои роҳбарияти олии кишвар мебошад. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳамасола чӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе ва чӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо қасру марказҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо бунёд ва мавриди истифода қарор мегирад.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо созмон ёфтани ҳамин Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат аст, ки воқеан макони хушу дилрабое мебошад. Файзи бештари он, пеш аз ҳама, дар он аст, ки нахустин шуда, ба қасри бошукӯҳу зебои мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам ранҷа намуда, ба фаъолияти он ҳусни оғоз бахшиданд ва ба мо дастуру дуои хайр доданд. Ин бароямон воқеаи фаромӯшнашаванда аст ва ҳамзамон моро масъул месозад, ки фаъолияти самаранокро ба роҳ монем.
Аз рӯзҳои аввал нақшаи фаъолиятро таҳия карда, бо номи «Сайди маънӣ» чорабинии аввалинро барпо намудем. Маҳфилорои ин базми пурмаънӣ донишмандони шинохта Давлати Раҳмониён ва Саидалии Саид буданд. Маҳфили маърифатии мазкур ба эҷодиёти Мирзо Абдулқодири Бедил бахшида шуд.
Баъдан ба Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат намояндагони беш аз сад муассисаҳои фарҳангии мамлакат – иштирокчиёни семинари ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ ҷамъ омаданд ва бо фаъолияти аҳли фарҳанги шаҳри Ваҳдат, вазъи имрӯзаи муассисаҳои фарҳангӣ, таҷрибаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ шинос шуданд.
Шаби эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ низ шавқовару хотирмон гузашт. Дар базми ширу шакар ҳам ҳаводорони зиёд ҷамъ омаданд. Ин базми шеъру таронаро шоири шинохта Мирзо Файзалӣ, шоир ва рӯзноманигор Нуриддини Амриддин, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳромов ва дигар намояндагони аҳли ҳунару маърифат пурмаънию ҷолиб карданд. Базми навбатии ширу шакар рӯзҳои наздик бо иштироки Низом Қосим ва Қурбоналӣ Абдуллоев доир мегардад.
Дар охир як чизро мехоҳам зикр намоям, ки дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат ҳамзамон китобхонаи шаҳрӣ, шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, рӯзномаи «Шаҳриёр», маҷаллаи «Бахтоварони Ваҳдат» ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кумитаи занон ҷойгир аст. Мо якҷоя бо кормандони ин идораҳои эҷодӣ, маърифатӣ ва ҷамъиятӣ низ баҳри тарбияи маънавии мардум чорабиниҳои муштарак барпо менамоем.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»