Аз рӯзҳои аввали баҳор корҳои бунёдкорию созандагӣ дар ноҳия вусъати тоза пайдо карда, ҳар ҳафта сокинон ба ҳашар баромада, баҳри ободии диёр саҳм мегузоранд.
Чунончӣ, бо дастгирии кормандони идораву муассисаҳо дар маркази ноҳия кӯчаву хиёбон баҳри шинонидани гулҳо омода гардида, дар канори роҳҳои мошингард дарахтони ороишӣ шинонида шуд. Тибқи дастур, соли ҷорӣ маркази ноҳия пурра бояд гулкорӣ гардад.
- Ба ин хотир, аз шаҳри Душанбе панҷсад бех ниҳоли ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо оварда шуданд, — гуфт роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Масрур Ғайратов.
Пайшанбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»