Канали калони Ҳисор пурра тоза мегардад

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

Канали калони Ҳисор, ки 50 километр тӯл кашида, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ҳисор ва як қисми вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии  Ӯзбекис­тонро бо об таъмин мекунад, соли 1942 сохта шудааст. Замини шодобмегашта аз он 25 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки 15021 гектараш ба Тоҷикистон рост меояд.

Канал солҳои сол пурра тоза нагардида, қобилияти обгузаронии он нисбат ба иқтидори лоиҳавӣ камтар шуд. Аз ин рӯ, дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории байниминтақавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018 тасдиқ шудааст, соли 2019 тозакунии он дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор шурӯъ шуд.

Тавре сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов изҳор дошт, соли сипаришуда 21,5 километр якҷо бо мутахассисони ҷумҳурии Ӯзбекистон тоза шуда, айни замон кор идома дорад. Соли гузашта тавассути канал ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 171,6 миллион метри кубӣ интиқол шуд. Об ба кишвари ҳамсоя аслан барои захира кардан дар обанбори «Тӯпаланг» лозим аст.

- Айни замон тавассути 9 экскаватори тасмачарх аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 6,3 километр тоза гардид. Барои буридани дарахтҳое, ки ба гузариши об халал мерасонанд, иҷозати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марбута гирифта шуд. Тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаем, ки тозакунии канал соли оянда ба охир расад, — зикр кард номбурда.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»