Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёда аз 93 фоизи бор дар ҷумҳурӣ аз тариқи нақлиёти автомобилӣ интиқол меёбад

№40 (4146) 02.04.2020

С,Мусоҳиба бо муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Суҳроб Бегмат

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аҳамияти бунёди инфрасохтори нақлиётиро махсус таъкид карданд. Хоҳишмандам ин нуктаро шарҳ медодед…

- Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ аз оғози даврони истиқлолият ба таҷдиду бунёди роҳҳо, рушди соҳаи нақлиёт ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, зеро рушди бисёр соҳа аз низоми инфрасохтори нақлиётӣ вобаста аст. Бо дарназардошти ин, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эътироф шуд ва барои расидан ба он корҳои зиёд анҷом ёфтанд.

Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 млрд. сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки ба пешравии иқтисодиёт ва афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат таъсири мусбат мерасонад.

- Дар Паёми Президент роҷеъ ба оғози лоиҳаи таҷдид ва бунёди якчанд роҳи байналмилалӣ ва маҳаллӣ ибрози назар шуд. Оё кор дар ин самт оғоз ёфтааст ва мегуфтед, ки лоиҳаи мазкур кадом роҳҳоро фаро мегирад?

- Яке аз онҳо шоҳроҳи Ваҳдат — Рашт — Лахш — сарҳади Қирғизистон, қитъаи Обигарм — Нуробод бо дарозии 76 км, 3 нақб ва сохтмони 13 пул бо бунёди пули калон бо дарозии зиёда аз 800 метр мебошад, ки маблағи онҳо 3,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Айни замон лоиҳаи ин иншоот пурра омода шудааст ва тибқи тартиби бонкҳои маблағгузор ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби пудратчиён лозим аст. Корҳои сохтмонӣ мутобиқи нақша моҳи июли соли равон оғоз мегарданд.

Роҳи автомобилгарди Ҳулбук — Темурмалик — Кангурт бошад, ба масофаи 58 км, бо маблағи 200 миллион сомонӣ, бо ҷалби қарзҳои бебозгашти Бонки осиёгии рушд пешбинӣ гардидааст. Ҳоло лоиҳакашӣ ва асосноккунии иқтисодию техникии он идома дорад. Баъди тасдиқи лоиҳа интихоби пуд­ратчӣ ва корҳои сохтмонӣ оғоз мегардад.

Айни замон, барои бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе — Кӯлоб — Қалаихумб — Хоруғ — Мурғоб — сарҳади Чин, қитъаи Қалаихумб — Ванҷ, ки 92 километр мебошад ва дар масофаи 5 км нақб дорад, гуфтушунид идома дорад.

Лоиҳакашии сохтмони пули ҳафтум аз болои дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон дар мавзеи Кокул низ ба анҷом расид. Барои иҷрои корҳои сохтмонии он 70 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Хуҷанд — Исфара, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин ва Кӯлоб — Муъминобод то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба охир мерасанд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати нақлиёт вазифадор шуд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати дарёфти сармоя барои бунёди долонҳои зиддитармавӣ дар қитъаҳои осебпазири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ва беҳтарсозии ҳолати нақби «Истиқлол» тадбир андешанд.

- Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар кай ба анҷом мерасад?

- Роҳи Душанбе — Бохтар тибқи лоиҳа аз дараҷаи 3 ба дараҷаи 1 гузаронида хоҳад шуд ва таҷдиди он аз 3 марҳила иборат аст. Муҳлати марҳилаи якуми он, ки бо дарозии 33,2 км бо харҷи 96,3 млн. доллари ИМА 15 ноябри соли 2016 оғоз гардид, 16 октябри соли 2020 ба охир мерасад. Марҳилаи 2-юм, ки 30 апрели соли 2018 оғоз мегардад, 8 октябри соли 2021 анҷом хоҳад ёфт.

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ин ду марҳила тибқи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки осиёгии рушд ва Хазинаи ОПЕК чунин аст: Қарзи Бонки осиёгии рушд — 49,4 млн. доллар, Хазинаи ОПЕК — 12 млн. доллар, маблағҳои бебозгашт — ҳиссаи Бонки Оиёгии Рушд - 107,8 млн. доллар ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 34,7 млн. доллар. Барои корҳои сохтмонӣ дар ду марҳила байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои «Бейсин» ва «Синохайдро»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой қарордод баста шудааст.

Айни замон дар шоҳроҳ сохтмони иншооти оҳану бетонӣ, ба монанди пул, қубурҳо, қисматҳои чорвогузар ва омода намудани лавозимоти корӣ барои роҳ, хобондани қабатҳои асосӣ ва фарши он идома дорад.

- Роҳҳо барои солҳои тӯлони сохта мешаванд, вале баъзан, бинобар риоя накардани тартибу қоидаҳои истифода, зуд вайрон мешаванд. Чӣ бояд кард, ки муҳлати истифодаи онҳо дароз шавад?

- Ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса доранд. Ҳоло зиёда аз 93 фоизи борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд. Маблағе, ки барои бунёд ва сохтмони роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ равона мешавад, бояд сарфакорона истифода гардад ва корҳо бо сифати баланд анҷом ёбанд. Роҳҳои бунёд ва таҷдидшаванда бояд на кам аз 18 — 20 сол ба мардум хизмат кунанд. Агар хоҳем, ки роҳи бунёдшаванда тӯлонӣ хизмат кунад, назоратро дар самти лоиҳакашӣ, истифодаи маҳсулоти сохтмонӣ пурзӯр бояд кард. Мехоҳам яке аз нишондодҳои роҳсозиро мисол биёрам. Ҳангоми супоридани иншоот, ки ҳамвории фарши роҳ тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ хеле муҳим аст, бояд 98 фоизи он ба талабот ҷавобгӯ бошад. Яъне, баъди бо сифати баланд ва тибқи меъёрҳои муқарраршуда ба истифода супоридани иншоот, таъсири динамикие, ки аз меҳвари нақлиёти вазнин ба роҳ мерасад, хело ночиз аст. Аз ин хотир, он бояд солҳои дароз хизмат кунад. Дар акси ҳол роҳҳо тез вайрон мешаванд ва барои таъмири онҳо маблағи зиёд сарф кардан зарур мегардад.

- Барои кишвари кӯҳсори мо ҳар ваҷаб замин пураҳамият аст. Зимни сохтмону таҷдиди роҳҳо масъалаи экологӣ чӣ тавр ба назар гирифта мешавад?

- Ҳангоми лоиҳакашӣ ва омода намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ масъалаҳои экологӣ дар алоҳидагӣ баррасӣ ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз экспертизаи экологӣ гузаронида мешаванд. Ин раванд ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ зери назорати қатъӣ қарор мегирад. Он нақшаҳое, ки дар лоиҳа пешбинӣ шудаанд, пурра иҷро мешаванд. Дар лоиҳаҳои татбиқшаванда мавқеи партовҳо, карер барои истифодаи маҳсулоти инертӣ пешбинӣ мегардад.

- Роҳҳои маҳаллӣ дар бисёр шаҳру ноҳияҳо ба таъмиру таҷдид ниёз доранд. Вазорати нақлиёт барои тармиму таҷдиди онҳо чӣ тадбир андешиданист?

- Нисбат ба таъмир, таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ бояд қайд намоям, ки ҳоло дар тавозуни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 8864 км роҳҳои маҳаллӣ қарор дорад. Баъди эълон гаштани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар деҳоти мамлакат таҷдид ва бунёди роҳҳо ривоҷ ёфт. Дар ин самт соҳибкорони бонангу номус ҳам саҳми арзанда мегузоранд. Бо ин мақсад, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар се соли охир 27,8 млн. сомонӣ равона ва зиёда аз 80 км роҳ ва 13 пул таъмиру таҷдид шудааст. Ҳар сол 30 фоизи маблағи ба вазорат аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудогардида барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ равона карда мешавад. Тибқи қарори зикршуда, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ низ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ бояд маблағ ҷудо шавад. Мутаассифона, баъзе аз мақомоти маҳаллӣ ба ин масъала чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

- Чанде пеш аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ гардид. Мехоҳам дар бораи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ мухтасар андеша баён намоед.

- Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи конвенсияю созишномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия гардид, ки ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат менамояд. Дар он механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ, ки қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа пурра фаро гирифта нашуда буданд, аз ҷумла, истифодабарии нақлиёти автомобилӣ барои эҳтиёҷоти худӣ пешбинӣ гардид.

Бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, нақлиёти истифодаи умум, таъмини бехатарӣ дар раванди ҳамлу нақл масъалаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар кодекс талабот нисбат ба таъмини бехатарии ҳамлу нақл муайян ва дар доираи он ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақл бо нақлиёти ҷамъиятӣ муқаррарот оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, дар кодекс талабот нисбат ба ҳамлу нақли мусофирони имконияташон маҳдуд, ташкили таваққуфгоҳҳо ва дигар намуди хизматрасониҳои муосир муайян шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ механизми таъмини муқаррароти конвенсияву созишномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар гардид. Ин масъала ба аз байн бурдани нофаҳмӣ миёни мақомоти назоратӣ, борис­теҳсолкунанда ва интиқолдиҳанда, ки дар санадҳои амалкунанда умуман пешбинӣ нагардидааст, алоқаманд аст. Ба касе пӯшида нест, ки дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ ширкатҳое фаъолият менамоянд, ки хизматрасонӣ аз ҷониби онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда намешавад. Аз ин рӯ, дар Кодекс талаботи эътибори мусбат ва салоҳиятнокии касбии кормандон пешбинӣ шудааст.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»