Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

№8 (3154) 21.01.2014

Бо мақсади тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ ва банақшагирии стратегӣ дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ» мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Сохтори замимагардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муовин, аз ҷумла муовини якум, муқаррар карда шавад.

3. Бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқан дар котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, барҳам дода шаванд.

4. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти тағйир ёфтани мақоми бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳодҳо манзур намояд.

5. Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаҳои нав вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ вогузор карда шавад.

6. Ҷиҳати тавсеаи ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида таҳияи пешниҳодот оид ба такмили онҳо, аз ҷумла таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо, ҳамчунин ҳамоҳангсозии шӯроҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот таъсис дода шавад.

7. Бо мақсади таҳияи методологияҳои замонавии идоракунии молияи давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти раванди ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, инчунин тақвияти кори Комиссияи буҷетӣ Раёсати молия таъсис дода шавад.

8. Ҷиҳати пешбурди ислоҳот дар идоракунии маҳал ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кор бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии ҷараёни таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ислоҳоти идоракунӣ ва таҳлили вазъи маҳал Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал таъсис дода шавад.

9. Раёсати рушди иҷтимоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба таҳлил ва мониторинги татбиқи сиёсат ва стратегияҳои дахлдор дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғл ва тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои оила ва сиёсати гендерӣ равона карда шавад.

10. Бо мақсади тақвияти фаъолияти вобаста ба таҳлил ва пешгӯӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, ҳамоҳангсозӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ Раёсати илму маърифат таъсис дода шавад.

11. Раёсати рушди инфрасохтор таъсис дода шуда, кори он ба ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва ҷорӣ кардани усулҳои нави ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, энергетика, саноат, меъморӣ ва сохтмон равона карда шавад.

12. Бо мақсади тақвияти чорабиниҳо дар самти мониторинг ва арзёбии раванди ислоҳоти соҳаи аграрӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи муҳити зист Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист таъсис дода шавад.

13. Раёсати робитаҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ ба он вогузор карда шаванд.

14. Раёсати коргузорӣ ва назорат таъсис дода шуда, инчунин вазифаҳои вобаста ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба он вогузор карда шаванд.

15. Бо мақсади тақвияти кор дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла вазифаҳои марбут ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ таъсис дода шавад.

16. Ҷиҳати мукаммал сохтани вазифаҳо оид ба баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, мукофотонӣ, бахшиши ҷазо ва мониторинги дурустии иҷрои муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад.

17. Бо мақсади мукаммалсозии вазифаҳо дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ, дуруст ба роҳ мондани механизмҳои арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, бахши кадрҳо таъсис дода шавад.

18. Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо ҳуқуқи Раёсат таъсис дода шавад. Фаъолияти Марказ ба иҷро ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои идоракунии оперативии Шабакаи ягонаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва шабакаи дохилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани хизматрасонии шабакавӣ, асосҳои мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо, порталҳои ягонаи мақомоти давлатӣ, танзими фаъолияти онҳо ва ривоҷи истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ равона карда шавад.

19. Бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаю сохторҳои зерин барҳам дода шаванд:

- Шӯъбаи ҳуқуқ

- Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияҳо

- Шӯъбаи молия

- Шӯъбаи ташкилӣ

- Шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

- Шӯъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оила

- Шӯъбаи илм ва маориф

- Шӯъбаи фарҳанг

- Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризм

- Шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ

- Шӯъбаи саноат ва энергетика

- Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсия

- Шӯъбаи сохтмон ва меъморӣ

- Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин

- Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулодда

- Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷӣ

- Шӯъбаи умумӣ

- Шӯъбаи назорат

- Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ

- Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон

- Шӯъбаи кадрҳо

- Маркази иттилоотию техникӣ

- Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ.

20. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати муайян намудани вазифаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, тадбирҳо андешида, ӯҳдадориҳои мансабии шахсони мансабдори ба ҳайати онҳо дохилшавандаро муайян намояд;

- дар мӯҳлати ду моҳ бо тартиби муқарраргардида вобаста ба шумораи штатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия ва манзур намояд;

- бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, бо дарназардошти муқаррароти Фармони мазкур, дар мӯҳлати ду моҳ таҳия ва пешниҳод намояд.

21. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, пешниҳодҳо манзур намояд.

22. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001 таҳти №702 «Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 январи соли 2014 №116

 

 

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 январи соли 2014 № 116

тасдиқ шудааст.

 

 СОХТОРИ

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ҳуқуқ

Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот

Раёсати молия

Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал

Раёсати рушди иҷтимоӣ

Раёсати илму маърифат

Раёсати рушди инфрасохтор

Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист

Раёсати робитаҳои хориҷӣ

Раёсати коргузорӣ ва назорат

Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ

Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон

Шӯъбаи тарҷума

Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)

Бахши кадрҳо

Бахши корҳои махсус

Ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)

Идораи хоҷагӣ

Корхонаю муассисаҳои назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи рӯйхати замимашаванда).

 

 Замима ба Сохтори Дастгоҳи

иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 Рӯйхати

корхонаю муассисаҳои тобеи

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

№ Номгӯи корхонаю муассисаҳо

1. Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Комлекси таъбу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Муассисаи давлатии «Боғи парчами миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Муассисаи давлатии илмии «Боғи ботаникии Хуҷанд»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

10. Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11. «Боғи ботаникӣ»-и Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

12. «Кохи Истиқлол»-и Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

13. Меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

14. Тарабхонаи «Чаманоро»-и Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15. «Боғи миллӣ»-и Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16. Меҳмонхонаи «Авесто»-и Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

17. Филиали Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва

18. Муассисаи маркази тиббии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

19. Корхонаи воҳиди савдо ва хӯроки умумии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20. Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

21. Қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

22. Қароргоҳи мавзеи «Сайёд»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

23. Корхонаи воҳиди «Лучоб»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

24. Корхонаи воҳиди «Зиғиртӣ»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд

25. Хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор.