ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» №116 аз 17 январи 2014
Дар асоси муқаррароти банди 20 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 №12 вобаста ба тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 2014 таҳти № 116 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
Таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рисолати он дар давраи гузариш аз ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллии рушд, таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, пеш аз ҳама ба таҳлили вазъ дар макроиқтисодиёт, таҳияи ташаббусҳои стратегӣ, дурнамо ва мониторинги татбиқи стратегия ва сиёсат, ҳамоҳангсозии раванди ислоҳот, муайян кардани афзалиятҳои рушд, инчунин таҳияи пешниҳодҳои асоснок сафарбар мегардад.
Дар баробари ин, механизми воқиф сохтани аҳолӣ ва дигар манфиатдорони раванди рушд аз сиёсати пешгирифта ва тадбирҳои андешидашавандаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумат такмил дода шуда, сатҳи хизматрасонии давлатӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа баланд бардошта мешавад.
Таҷдиди сохтор инчунин ба рафъи духӯрагӣ, такрорёбии вазифаҳо ва тақсимоти дақиқи функсионалии сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Дар ин радиф бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, барои тақвияти низоми ҳамоҳангсозии фаъолият воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроия ба блокҳои алоҳидаи соҳавӣ гурӯҳбандӣ ва раёсатҳо таъсис дода шудаанд.
Мақсади асосии ин тадбирҳо аз баланд бардоштани мақом ва мавқеи сохторҳои Дастгоҳи иҷроия дар раванди таҳия ва қабули қарорҳо ва андешидани чораҳои идорӣ, инчунин таъмини фаъолияти мустақилонаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи сиёсат ва стратегияю барномаҳои давлатии соҳавӣ иборат мебошад.
Дар баробари таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроия санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти он, аз ҷумла Низомномаи Дастгоҳи иҷроия, Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, вазъи ҳуқуқию функсионалии Дастгоҳи иҷроия ҳамчун мақоми марказии идоракунии давлатӣ ва ҳамоҳангсоз таъмин карда мешавад. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани мақоми хизмати давлатӣ ва ҷорӣ кардани усулҳои нави идоракунӣ дар хизмати давлатӣ ва мутобиқсозии он ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар идоракунии захираҳои инсонӣ нақши сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроия дар ин самти муҳими сиёсати давлатӣ бештар ҷалб гардида, ба идоракунии соҳа тақвият бахшида мешавад.
www.president.tj