Ховалинг. Нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро шуд

№ 04.04.2020

IMG_20200402_1607482 апрели соли 2020 дар Маркази ҷавонони ноҳияи Ховалинг гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Акрамзода Парвиз ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

- Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ҷавонони ноҳияи Ховалинг дар баробари ҷавонони дигар шаҳру навоҳӣ хизмат ба Ватанро қарзи фарзандии худ дониста, дар ҳифзу нигоҳдории марзу буми кишвар ҳамеша содиқанд, — гуфт Акрамзода Парвиз.

Дар ин рӯз 54 нафар ҷавонон таҳти шиори «Мо пайравони Пешвои миллатем», аз Комиссариати ҳарбӣ қадамзанон ба Маркази ҷавонони ноҳия омаданд. Дар ин ҷо баҳри болидахотирии ҷавонон консерти идона барпо гардид. Дар ин чорабинӣ ба ҳар нафар даъватшуда сару либос, пойафзол тақдим карда, ба 29 нафар ҷавоне, ки то имрӯз курси семоҳаи ронандагиро ба итмом расониданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Зикр гардид,  ки дар рӯзи аввал ноҳияи Ховалинг нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 100 фоиз иҷро намуд.

Дар охир, бо дуои пирони рӯзгордида ҷавонон ба хизмати Ватан раҳсипор гардиданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»