Адиб ва ҷомеа

Ҳиммати баланди Садриддин Ҳасанзода

№41 (4147) 04.04.2020

Безымянный-2Дар кишвар пайи иҷрои Амри ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» азм доранд. Тавассути он мардум бори дигар боварӣ ҳосил намуданд,  ки Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху адабиёт ва дар рӯҳияи илму адаб тарбия намудани ҷавонон таваҷҷуҳи хоса доранд.

Дар партави сиёсати фарҳангпарварона, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» — ро баргузор менамояд. Дар рӯзҳои баргузории он маҳфил вохӯриҳои судманд ва озмунҳои гуногун баргузор мешавад.  Адибони номвар ҳар сол дар рӯзҳои фестивал ба мактабҳои пойтахт, мактабу кӯдакистонҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, базми шеъру суруд доир мекунанд ва дар тарғиби китоб, рушди муассисаҳои маърифатӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, дастгирии хонандагони соҳибистеъдод мусоидат менамоянд.

Яке аз адибони саховатпеша, нависанда, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, сардабири маҷаллаи «Душанбе» Садриддин Ҳасанзода мебошад. Ӯро мешинохтам, вале пас аз вохӯрӣ дар яке аз фестивалҳо, аниқтараш 6-уми апрели соли 2019, дар деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ бори дигар ба дорои зоҳиру потини пок доштанаш боварӣ ҳосил кардам.

Он рӯз  шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғоиб, шоири шинохта Акбари Абдулло, рӯзноманигори шинохта Раҷаб Мардон, доктори илми таърих, профессор Зиёзода Табаралӣ, фарҳангшинос Зафари Мирзоён, намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва хонандагону омӯзгорони ноҳия моро ҳамроҳӣ карданд.

Аз рӯи анъана бачаҳо шоирону нависандагонро интизорӣ мекашиданд, ки барояшон армуғон тақдим намоянд. Ин иқдомро нависанда Садриддин Ҳасанзода амалӣ намуда, ба онҳо китобҳои  «Саҳрои бекаронаи таърих» (3 ҷилд), «Иморати сухан», «Терроризм ва экстремизм — ҷаҳолату гумроҳӣ», «Як пора рӯшноӣ», «Фарҳангшиносӣ», «Чароғи давра» тақдим намуд.  Ҳамқаламону ҳозирин дар бобати амалҳои хайрхоҳона, ташаббусҳои наҷиб ва ғамхоронаи адиб нисбат ба мактабҳои деҳот, инкишофи варзиш миёни наврасону ҷавонон суханронӣ карданд.

Зимни ёдовариҳо аён гашт, ки деҳаи Кадучиро  нависандаи машҳур Ҷалол Икромӣ «Шерози Тоҷикистон» ном  бурдааст. Он 13 адиб ва олими варзидаро ба камол расонидааст. Метавон бо ифтихор номи Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар. Ёдгорӣ, Раҷаб Мардон, Абдуҳамид Самадов, бародарон Наҷот, Ҳусайн ва Ҳусейн Сафаров, Мирзо Табар, Раҳим Рафиев,  Мусамир Гулаҳмадов, Тағай Ҳомидов, Ҷумахон Мӯминов ва Абдуҳаким Неъматовро ба забон гирифт. Садриддин Ҳасанзода идомабахши орзуву ормони наҷиб, амалҳои созандаи онҳо маҳсуб меёбад.

Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ Субҳон Раҷабов иброз дошт, ки нависанда С. Ҳасанзода чанд муддат директории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6, 56 — ро бар уҳда дошт ва чанд даъват вакили маҷлиси маҳаллӣ интихоб гаштааст. Бо ташаббус ва хайрхоҳии ӯ беморхонаи амрози сил тағйири ҷой карда, дар маҳаллаи Дашти Дилӣ пайроҳа, мағоза ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 аз нав сохта шуд.

Аз таҳсини дӯстону пайвандон ба хулоса омадам, ки Садриддин Ҳасанзода аз ҷӯе, ки оби пок хӯрдааст, ҳеҷ гоҳ дар он сангу хок намепартояд ва пайваста дар талоши он аст, ки дар ободии деҳа, шароити хуби таҳсили бачаҳо ва таъмини мардум бо оби тозаи ошомиданӣ саҳм гузорад.

Амали дигари ҷавонмардонааш он аст, ки ҳар сол дастаҳои варзишгарони маҳаллиро баҳри иштирок дар сабқат маблағгузорӣ менамояд.

Пас аз анҷоми маҳфили адабӣ шоҳиди баргузории мусобиқаи дастаҳои футболбозони ҷавон шудем. Ба ғолибон медалу ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Восеъ, туҳфаҳои нависандаи сахопеша Садриддин Ҳасанзода ва ҷоми таъсисдодаи ӯ тақдим шуд.

Инчунин, ба хотири ҳавасмандгардонӣ, ривоҷи истеъдоди хонандагон ва афзудани майлу рағбаташон ба таълим, инноватсия ва забондонӣ аз ҳисоби нафақапулии худ ба 6 хонандаи соҳибистеъдод ҳар сол, тибқи қарори шуъбаи маорифи ноҳия, идрорпулӣ муқаррар кардааст.

Меҳмонон баъди нисфирӯзӣ ба мактаби бунёдкардаи С. Ҳасанзода, ки бо ташаббуси нависанда ва қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба номи қиблагоҳаш Абдуллои Ҳасан, устоди пахтаи тоҷик, собиқ вакил дар маҷлиси вакилони вилояти Кӯлоб, дорандаи чандин Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон номгузорӣ шудааст, ташриф оварданд. Зимни вохӯрӣ бо омӯзгорону хонандагон, қаноатмандии мардум­ро аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос намудем.

Дар вохӯрӣ доктори илми таърих, профессор Зиёзода Табаралӣ, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Сафаров ва банда суханронӣ намудем.

Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ хабар доданд, ки адиби шинохта Сад­риддин Ҳасанзода дар ҳамовозӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати рушди китобхонаҳои деҳот ва тарғиби китоб манзили истиқоматиашро ба китобхонаи оммавӣ табдил додааст. Он аз ду толори барҳаво, китобхонаи электронии бо шабакаи интернет пайваст ва гӯшаи матбуоти даврӣ иборат мебошад. Қарори раиси ноҳияи Восеъ вобаста ба феҳристи иншооти ҷашнӣ ворид кардани ин китобхона ба тасвиб расидааст. Бамаврид аст, ки Садриддин Ҳасанзодаро барои ин иқдоми наҷиб ва самимона табрик гӯем.

Қурбон ҒУЛОМЗОДА,

сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои  мардумии Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон