Ҳифзи муҳити зист

Дарахтон моро мехӯронанд, мепӯшонанд ва табобат мекунанд

№41 (4147) 04.04.2020

ispaniia-maria-luisa-park-sevilla-park-prud-zelen-solntse-deАлҳол дар қисматҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ ниҳолшинонӣ идома дорад. Натиҷаи иқдоми нек аст, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ майдони боғу токзор меафзояд. Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон дар ҷумҳурӣ бунёди 2913 гектар боғу токзори нав пешбинӣ гардидааст. Тибқи маълумоти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019 дар 1714,3 гектар бунёду барқароркунии ҷангалзор гузаронида, дар шафати роҳҳои мошингард 19884 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шудааст.

Олимон ҳисоб кардаанд, ки як гектар дарахтзор (боғ, ҷангал) дар як соат оксигени барои 200 нафар зарурро ихроҷ мекунад. Як гектар арчазор соле 30 тонна, сӯзанбарг — 38 ва булут 54 тонна чангу ғуборро ба худ мекашанд. Инчунин, як гектар ҷангал ба ҳисоби миёна соле 4,6 — 6,5 тонна гази карбонатро фурӯ бурда, барои камкунии гази парникӣ дар сайёра ба одамон ёрӣ мерасонад. Дарахтон аз худ фитонсидҳо ҷудо мекунанд, ки хосияти зиддимикробӣ доранд. Агар дар як метри кубӣ ҳавои ҷангал 200 — 300 бактерия вуҷуд дошта бошад, ин рақам дар ҳавои шаҳр 200 — 500 маротиба бештар аст. Як гектар ҷангали сӯзанбарг соле он қадар оксиген ҷудо мекунад, ки барои 2500 нафар кофист.

Дарахтон зимни салқин нигоҳ дош­тани иқлим дар мавсими гармо нақши муҳим доранд. Тайи 50 соли охир, бинобар авҷ гирифтани сохт­мони роҳу иморатҳои баландош­ёнаи бетонӣ, ҳарорати миёна дар шаҳрҳо баланд шуд, чунки роҳҳои мумфарш ва бетон гармиро дучанд ба атроф пахш мекунанд. Танҳо дарахтони баланду сершоху барг дар чунин ҳолат одамонро аз нурҳои сӯзони офтоб эмин нигоҳ медоранд. Аз як тараф соя, аз тарафи дигар тавассути баргҳояшон обро бухор кардани дарахтон ба одамон салқинӣ мебахшад. Сояи дарахтон бухоршавии босуръати намиро аз замин боздошта, намнокии ҳаворо муътадил нигоҳ медоранд.

Ҳар ҷое ки дарахтон зиёданд, он ҷо об соф аст, зеро шоху баргҳои дарахтон шиддати боронро ба худ гирифта, хокро аз зарбаи сахти борон муҳофизат мекунанд. Дар натиҷа, хок хеле кам шуста шуда, об аз лойолудшавӣ маҳфуз мемонад. Решаҳои пурқуввати дарахтон хокро нигоҳ дошта, эрозияи заминро пешгирӣ мекунанд.

Сояи дарахтон кӯдаконро аз таъсири зарарноки нурҳои ултрабунафши офтоб ҳифз мекунад. Ба гуфти олимони соҳаи тиб, дурудароз истодан дар зери нурҳои офтоб метавонад дар баробари офтобзанӣ касро дучори бемории саратони пӯст гардонад.

Мардуми тоҷик мақоле доранд: «Мева хоҳӣ, ниҳол шинон». Меваҳо ҷисми инсонро бо витамину моддаҳои минералии зарур таъмин мекунанд. Як дарахти боровари себ ба ҳисоби миёна соле то 400 — 600 кило ҳосил медиҳад. Ғайр аз одамон парандагон низ аз меваҳо ғизо мегиранд. Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) таъкид шудааст: «Ҳар кас ниҳоле шинонаду аз меваи он инсоне, парандае ё чорвое истеъмол кунанд, барои ниҳолшинонанда садақа аст».

Дарахтон, инчунин, ба одамон масолеҳи сохтмон, мизу курсӣ ва коғазу картон медиҳанд. Барои истеҳсоли 1000 метри мукааб коғаз 3000 метри мукааб дарахтзор бурида мешавад.

Ҳавлӣ бе дарахт зеб надорад. Муайян шудааст, ки дарахтон ба равони инсон таъсири мусбат расонида, асабро ором, тарсу ваҳмро дур ва шавқуну мағалро кам менамоянд. Аз ин рӯ, нархи хонаи сердарахт нисбат ба хонаи бедарахт қиматтар аст.

Дар илми тиб дендротерапия ном усули табобат аст, ки он муолиҷа бо неруи дарахтон мебошад. Энергияи дар дарахтони алоҳида ғуншуда барои рафъи баъзе аз бемориҳо кумак мерасонад. Дарахт дар тӯли даҳсолаҳо энергияи офтоб, ҳаво ва заминро ба худ кашида, дар сурати зарурат онро ба одамон мебахшад. Беҳтарин фурсати муошират бо дарахт субҳгоҳон ба шумор меравад. Дар фасли баҳор дарахтони мевадиҳанда вақти гулкуниашон манбаи пурқуввати биоэнергетикӣ ба шумор мераванд. Чанд дақиқа тамошо кардани дарахтони пургул асабро ором, табъро болида ва дилро фараҳ мебахшад.

Чанд дақиқа зери дарахти зерфун (намдор, липа) истодан касро ҳушёру неруманд месозад. Нишастан дар зери шоҳбулут (каштан) дар мубориза бо бехобӣ манфиати зиёд дорад.

Сайр кардан дар зери дарахтони сафедор ба мустаҳкам кардани хотира кумак мерасонад. Барои шахсоне, ки гирифтори афсурдаҳолӣ (депрессия) гаштаанд, нишастан зери сояи сафедор муфид аст. Ин дарахти зебо асабро ором ва хобро бароҳат менамояд.

Булутро рамзи неруи ҳаёт ва дарозумрӣ меҳисобанд. Дарахти булут (дуб) донори пурқуввати энергия ба шумор меравад. Ба оғӯш гирифтани булут фишори хунро муътадил гардонида, ба фаъолияти дилу системаи асаб таъсири мусбат мерасонад. Муоширати доимӣ бо ин дарахт асабро ором намуда, ба кас энергия мебахшад. Агар шахсони захмӣ дар зери сояи он зиёд бишинанд, захмашон зудтар шифо меёбад. Аз ин рӯ, дар бисёр беморхонаҳои даврони шӯравӣ дарахти булутро дидан мумкин аст. Булут иштиҳоро хуб карда, стрессро рафъ месозад.

Санавбари ларзон (осина) дар муолиҷаи бемориҳои асаб, невроз, дарди миён ва тарси бесабаб кумак мерасонад. Агар тахтапораи санавбари ларзонро зери сар гузошта хоб равӣ, дарди сар рафъ мешавад. Ҳангоми дарди пойҳо низ дар ҷои дардманд бастани тахтапораи санавбари ларзон ба рафъи дард кумак мерасонад. Чӯби онро ҳеҷ гоҳ кирм ё қунғузак намехӯрад. Дар зери сояи он аз 30 дақиқа бештар истодан зарурат надорад.

Дар бораи дарахти бед гузаш­тагон шеъру таронаҳои зиёд эҷод кардаанд, ки ин бесабаб нест. Миёни дарахтон сояи бед яке аз салқинтарин ба шумор меравад, зеро обро зиёд бухор мекунад. Сояи он хусусияти оромбахшӣ дошта, дарди нимсар (шақиқа, мигрен)-ро рафъ менамояд. Аз ин рӯ, солҳои пеш дар бисёр деҳаҳо маҳз зери сояи бед суфа месохтанд.

Дарахти сӯзанбарг дар муолиҷаи бемориҳои роҳҳои нафас, сил ва камқувватию беҳолӣ муфид аст. Ба куҳансолон низ сайругашт дар зери сояи дарахтони сӯзанбарг нерую дармон мебахшад. Инчунин, стрессро рафъ менамояд.

Сарви кӯҳӣ фаъолияти системаи асаб ва мағзи сарро беҳтар гардонида, ҳавои атрофро безарар месозад. Бӯи гуворои он дар муолиҷаи бемориҳои роҳҳои нафас, бехобӣ ва фишори баланди хун муфид аст.

Хулоса, «дарахтон — дӯстони сабз»- и одамонанд, ки аз онҳо танҳо манфиат мерасад. Аз ин рӯ, шохи дарахтонро аз шикастан бояд ҳифз намоем ва ҳангоми зарурат об доданро фаромӯш накунем. Аз меваю сояи дарахтон ҳаловат бурдан ҳатмист, вале дар боғу ҷангал партофтани шишаю зарфҳои пластикӣ камоли носипосӣ ба шумор меравад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»