Масъалаи таъмирталаб будани бинои таълимӣ, сехҳои омӯзишӣ ва хобгоҳи литсейи касбӣ – техникии ноҳияи Дӯстӣ даҳсолаҳо боз роҳи ҳалли худро наёфта истодааст.
Хобгоҳи ин муассисаи таълимӣ аз соли 1993 валангор аст, вале масъулин дар таъмираш дасти кӯтоҳ доранд. Масоҳати замини литсей 4,5 гектарро дар бар мегирад, ки қисме аз он ба харобазор табдил ёфтааст.
Ба қавли омӯзгори муассиса Илчибек Курчиев, аз чор ошёнаи бинои хобгоҳ танҳо ошёнаи якуми он қисман фаъолият мекунаду халос. Се ошёнаи дигар таъмирталаб аст, вале масъулин имкони таъмирашро надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки як қисми донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои дурдастанд. Бо вуҷуди солҳо таъмир нашудани хобгоҳ, феълан 35 донишҷӯ дар он иқомат мекунанд.
Илчибек Курчиев, ҳамчунин, гуфт, ки аз нарасидани ҷойи нишаст ду гурӯҳи донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии рақами 18 ва 40 касб меомӯзанд.
- Аз мушкилиҳо масъулон огоҳанд, – мегӯяд Муродалӣ Ҳайдаров, мудири хоҷагии литсей. – Дар арафаи иди Наврӯзи соли 2019 намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро дида ваъда доданд, ки бинои хобгоҳро таъмир мекунанд, аммо…
Роҳбарият ба дигар ниҳодҳои дахлдор низ муроҷиат карда буданд, лекин касе ба додамон нарасид.
Ин ҳолат дар литсейи касбии техникии саноатӣ – кишоварзии ноҳияи Ёвон низ ҷой дорад.
Ба гуфти муовини директор Зарабек Шомуродов, литсей 53 сол боз фаъолият мекунад ва дар он 202 хонанда аз рӯи ҳафт ихтисос ба донишандӯзӣ машғуланд. Ҳамсуҳбатам афзуд, ки соли равон бояд аз ҳисоби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иваз кардани болопӯши бинои асосӣ маблағ ҷудо шавад. — Қариб ҳама биноҳои таълимӣ ба таъмир ниёз доранд. Онҳоро ҳар сол ба қадри имкон таъмири ҷорӣ мекунем, вале қонеъкунанда нест, – гуфт ӯ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 — уми декабри соли 2019, таъкид намуданд, ки «Ҳоло дар кишвар дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос, дар марказҳои таълимии калонсолон аз рӯи 57 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 166 ихтисос, дар маҷмӯъ, аз рӯи 454 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18 – сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд».
Бо чунин шароите ки ҳоло литсейҳои касбӣ – техникӣ (замоне дорои беҳтарин шароит ва таъминкунандаи корхонаҳои саноатии кишвар бо мутахассисони сатҳи миёна буданд!) доранд, оё иҷрои супориши Роҳбари давлат имконпазир ҳаст? Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»