Чаро илми тоҷик бо амал ёр нест?

№41 (4147) 04.04.2020

инноватсияҲаждаҳуми марти соли равон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, гуфтанд, ки «татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва ҷорӣ кардани таҷрибаҳои инноватсионӣ дар корхонаву ширкатҳои саноативу истеҳсолӣ муҳаррики асосии рушди илм мебошад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки баъзе таҳқиқоти илмии олимони ихтироъкор, магистру аспирантҳо ва докторантҳо дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор иҷро ва дар истеҳсолот амалӣ карда шаванд. Ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ ба таҳкими робитаи илму истеҳсолот мусоидат карда, натиҷаҳои хуб ба бор меоварад».

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки фаъолияти инноватсионӣ ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Сардори давлат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки «Дар кишвар олимоне, ки соҳиби патент мебошанд, хеле зиёданд. Аммо онҳо танҳо рақамгузорӣ шуда, истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои саноатӣ аз онҳо огоҳӣ надоранд ва ҷиҳати татбиқашон тадбире андешида намешавад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии илму истеҳсолот дар муддати се моҳ ба Роҳбари давлат ҷиҳати таъсиси сохтори нав дар Дастгоҳи иҷроияи Президент пешниҳод манзур намояд».

Тибқи иттилои дастрасшуда, ҳар сол барои тадқиқоти илмӣ аз буҷет даҳҳо миллион сомонӣ ҷудо мегардад, ки қисми зиёди он барои тадқиқоти бунёдӣ пешбинӣ шудаанд. Ин ҷо суол пайдо мешавад, ки бо харҷи маблағҳои ҳангуфт дар ин ҷода чӣ навгонии қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи ситоиш рӯи кор омадааст? Кадом ихтирои олимон, бо дарназардошти муҳимият дар истеҳсолот, ақаллан истеҳсолоти дохилӣ, мавриди истифода қарор гирифт? Бо кадом роҳ хароҷот (манзур маблағҳои бо ин мақсад ҷудошуда) ҷуброн бояд шавад?

Бегуфтугӯ, дар ҷаҳони муосир илм мақому манзалати баландро соҳиб мебошад ва бидуни он тараққиёти давлатро умедвор шудан ғайриимкон аст. Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бозёфтҳо аз фанҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд.

Масъулини соҳа бояд суханони Роҳбари мамлакатро, ки се сол қабл, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ, гуфта буданд, дар хотир дошта бошанд: «Дар замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаб­бусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд. Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад».

Ҷоиз ба зикр аст, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунугузори мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ»-ро қабул ва ҷонибдорӣ кард, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсиониро дар ин соҳа муайян ва танзим менамояд. Вале қабули қонун як тарафи масъала асту татбиқи он идомаи мантиқии ин раванд ва рисолати масъулин мебошад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011тасдиқ шудани «Барномаи рушди инноватсионии Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз корҳои дар робита ба масъалаи мавриди назар амалишуда ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он ҳавасмандгардонии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ, ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолият, ҷалби имкониятҳои илмию техникии мамлакат ба ин раванд мебошад.  Вале дастоварди ба маънои томаш қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аз ҷониби иҷрокунандагони он — Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои соҳавии илмию таҳқиқотӣ, корхонаҳо ва ташкилот рӯнамоӣ ё расонаӣ нагардид.

Пешвои миллат бо нигаронӣ аз фаъолияти ғайриқаноатбахши Академияи илмҳои тиб гуфтанд, ки «Бо ташаббуси мо соли 2009 дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Академияи илмҳои тиб таъсис дода шуд. Ҳарчанд ки дар муддати фаъолияти беш аз даҳсолаи худ ин муассиса як қатор усулҳои нави табобатро ҷорӣ кардааст, вале натавонист фаъолияти худро ҳамчун маркази илмӣ дуруст ба роҳ монад ва ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи илми тиб ноил гардад. Боиси нигаронист, ки дар зарфи беш аз ду даҳсола аз ҷониби олимони соҳаи тандурустии кишвар истеҳсоли ягон навъи доруи ватанӣ ба роҳ монда нашудааст».

Дар идома Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки якҷо бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар муддати се моҳ лоиҳаи қарори Ҳукуматро ҷиҳати барҳам додан ва ба сохтори Академияи илмҳо ворид кардани Академияи илмҳои тиб пешниҳод намояд.

Вобаста ба ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки масъулини ин сохтор қаблан аз он ифтихор мекарданд, ки татбиқи лоиҳаҳои муҳим ва муфидро ба нақша гирифтаанд. Такмили усулҳои иммунорадиологӣ, молекулию генетикии ташхис ва табобати бемориҳои музмини вирусии ҷигар ва карсиномаи гепатоселюларӣ, мукаммал кардани усулҳои иммуногенетикии баҳодиҳии устувории бактерияҳое, ки боиси бемории сил ва домана бо антибиотикҳо ва мониторинги молекуляриву генетикӣ ва серологии зуком мегарданд, истифодаи маркирҳои ангиогенезу апоптоз дар ҳамроҳак ва профили ситокинҳои модару кӯдак барои таъмини бехатарии ҳомила ва таваллуд, коркард ва татбиқи усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон, коркард ва тат­биқи технологияҳои ангиопластика ва стентгузории эндоваскулярии шараёнҳои периферикӣ, истифодаи технологияҳои пешқадами трансплантология ва ҳуҷайраҳои бунёдӣ, ҷорӣ намудан ва такмили технологияи инноватсионӣ дар ҷарроҳии барқарорсозӣ — тармимӣ ва таъҷилии кӯдакон, такмили технологияи ҳосил кардани доруи «Трионин», ки қобилияти об кардани сангҳои холестеринӣ ва заҳраро дорад, коркарди технологияи ҷудо кардан, омӯзиши таркиб ва истифодаи равғани эфирии растаниҳои доругӣ, аз ҳамон ҷумлаанд. Кӯшиш ҷиҳати дарёфти маълумот дар ин бобат бенатиҷа анҷом ёфт. Аз ин бармеояд, ки лоиҳаҳо ноком мондаанд…

Дар соҳаи кишоварзӣ низ олимон ваъдаҳои болохонадор дода, ихтирои навъҳои нави пахтаи маҳиннах ва миёнанах дар асоси истифодаи аломати клейстогамия, коркарди технологияи парвариши тухмии солимгардонидашудаи картошка бо истифодаи усулҳои нави биотехнологӣ, истифодаи усулҳои биотехнологӣ дар соҳаи чорводорӣ, истифодаи иловаҳои ғайрианъанавии маъдандор дар хӯроки паранда ва чорво, коркарди ваксина аз штаммҳои таҳҷоӣ бар зидди касалии гули буз ва ғайраро пешбинӣ карда буданд.

Барои мисол, дар тавсифи лоиҳаи инноватсионии «коркарди ваксина аз штаммҳои таҳҷоӣ бар зидди касалии гули бузҳо» зикр шуд, ки навоварӣ самарабахшии эпизоотии онро нисбат ба ваксинаҳои истеҳсоли хориҷӣ 10-15 фоиз зиёд мекунад ва самараи иқтисодӣ аз рӯи ҳисоби дастандаркорон ба 1000 сар буз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд муҳлати татбиқи лоиҳаи зикршуда гузаштааст, вале дар ин бобат низ маълумот ёфта натавонистем. Фаъолияти олимони соҳаро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, Пешвои миллат аз он ёдовар шуданд, ки «Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва ҷорӣ намудани навгониҳо дар ин самт мо Академияи илмҳои кишоварзиро таъсис додем».

Дар идома Роҳбари мамлакат масъулинро интиқод намуда, минҷумла гуфтанд, ки «Ҳарчанд ки олимони соҳа дар бахшҳои мухталифи илми кишоварзӣ ба як қатор пешравиҳо ноил шудаанд, аммо дар шароити рушди босуръати илм навовариву ихтироот ва таҳқиқоту бозёфтҳои онҳо ҳоло ҳам қаноатбахш нестанд. Масалан, мо даҳҳо ­навъи растаниҳо, дарахтони ороишиву мевадиҳанда ва гулҳои ҳамешасабзу мавсимиро то ба ҳол аз кишварҳои хориҷӣ ворид мекунем. Инчунин, то ҳанӯз вазъи парвариши навъҳои меваю ангури ба содирот нигаронидашуда ба талабот ҷавобгӯ нест. Ба сифати тухми ғалладонагӣ, аз ҷумла, гандум, намудҳои серҳосили пахта, тухмии картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба табиати кишвари мо мутобиқанд, беаҳамиятӣ зоҳир мекунем».

Барои масъулини соҳа супориши Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Академияи илмҳои кишоварзӣ ва институтҳои онро зарур аст, ки фаъолияти худро ба шароит ва талаботи рӯз мувофиқ гардонида, маблағҳои фармоишӣ ва лоиҳавиро ба масъалаҳои мубрами соҳаи кишоварзӣ равона намоянд, низом ва сифати кору фаъолиятро куллан тағйир дода, ба корҳои илмӣ ҷиддӣ машғул шаванд ва ба рушди бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд», бояд сармашқи кор бошад.

Дар робита ба эроди дигари Пешвои миллат – «Соҳибкорони ватанӣ ҳар сол барои ба кишвар овардани сангҳои табиии ороишӣ беш аз 20 миллион доллар сарф мекунанд. Вале геологҳои мо ягон пешниҳод ё лоиҳаи асосноки илмиро ҷиҳати истифода аз сангҳои табиии худамон ба Ҳукумат ё соҳибкорон пешниҳод накардаанд», роҳбарияти соҳа чӣ тадбир­андешӣ хоҳад кард, вақт нишон медиҳад.

Чанд сол қабл олимони бахши саноату энергетика аҳли ҷомеаро дилпур карда буданд, ки дар таҳия ва татбиқи моделҳои математикии муътадилгардонии реҷаҳои танзими ҷараёни об барои гидроэнергетика ва обёрӣ, сохтани дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бо тавоноии электрикии 2,0 кВт, коркард ва истифодаи технологияҳои ҳосил кардани кремний аз кварситҳо, истифодаи технологияи ҳосил кардани хӯлаҳои нав дар асоси алюминий бо нишондиҳандаҳои беҳтар, азхудкунии технологияи бевакуумии истеҳсоли лигатурҳои алюминийстронсий ва алюминийбарий барои истеҳсолоти рехтагарӣ, истифодаи технологияҳои гуногуни физикӣ ва химиявӣ барои барқарор сохтани қисмҳои фарсудагардидаи таҷҳизот ва мошинҳо, коркарди технологияи такмил ва истифодаи антрасит дар соҳаи саноат, ҷорӣ намудани технологияи ҳосил кардани гилхок аз кони Курговад барои истеҳсоли алюминий, истифодаи технологияи ғанигардонии маъданҳои фосфоритдори кони Қаратоғ, ҳосил кардани нурӣ аз орди фосфорӣ, татбиқи технологияи тоза кардани обҳои чоҳӣ (шахтавӣ) ва заҳбурии партовгоҳҳои саноати уранӣ бо истифодаи хоми маҳаллӣ комёб хоҳанд шуд. Мутаассифона, то кунун аз аксари ин дастовардҳо «на пай ҳасту на ҳайдар».

Умед дорем, ки баъд аз нашри ин мақола «пинак»- и онҳое, ки дар робита дар ин самт фориғболӣ намуданд, вайрон мешавад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»