Давлат ва масъалаҳои рушди мафкураи миллӣ

№41 (4147) 04.04.2020

(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат)

Эҳсоси масъулият

Ҳадаф аз навиштани ин мақола андеша намудан атрофи омили меҳварии ҳастии маънавӣ ва рӯҳии миллати сиёсӣ, дарёфти заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии рушди кишвар, бозёфт ва дарки ғояи муттаҳидкунандаи халқ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҳар баромад назди аҳли зиёи кишвар бо масъулияти том падарона масъалагузорӣ менамоянд.

Дар вохӯриҳои ҳарсола бо аҳли зиё ва дигар масъулин ба сони таҷрибаи тамаддунофари Пешдодӣ Пешвои муаззами миллат бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбат ороста, оид ба вазъ, дурнамо ва роҳҳои рафъи мушкилоти соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ андеша баён менамоянд. Дар ин радиф, бо далелу бурҳони қавӣ пайваста афкори қишри зиёии мамлакатро ба масъалаҳои марказии ташаккули миллати сиёсӣ ҷалб намуда, вазифаҳои рӯзмарра ва марказии ташкили низоми идора, ташаккули давлати муосири миллии рушдкардаро назди насли имрӯз ва фардои кишвар бо масъулият масъалагузорӣ менамоянд. Бо ин восита аз хатарҳо ва таҳдидҳои аз раванди ҷаҳонишавӣ ва ё дигар иллатҳою бемориҳои иҷтимоӣ ба вазъи мамлакат таҳдидкунанда қишри пешоҳанги ҷомеаро огоҳ менамоянд. Мардумро ба зиракию ҳушёрии сиёсӣ даъват карда, ба гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят месозанд, арҷгузорӣ ва қадршиносиро ба ваҳдат, амният ва устувории давлати озоду соҳибихтиёр таълим медиҳанд.

Чаро? Чунки миллат дар масири таърихи тӯлонӣ бо омили адами ҳамин сифатҳо ба балоҳои азим гирифтор шудааст. Роҳбари давлат дигар намехоҳанд, ки миллат ва халқ ба камбудиҳои рӯзгор мубтало гардад. Маҳз ба ҳамин хотир даъват мекунанд, ки «бояд ба тақдири халқу давлат, гузаштаву имрӯза ва ояндаи пурифтихори Тоҷикистони маҳбуб бетараф набошем. Бетарафӣ худ нишонаи марг аст». Зеро нишонаи миллати соҳибдавлат дар замони муосир маҳз васлияти гузаштаю имрӯза ва имрӯзаю оянда аст. Миллат наметавонад дар паҳнои як насл қомат афрозад. Миллат чун заминаи ҳастии давлат ва соҳибихтиёрии он аст, пас умри давлат низ ба умри миллати сиёсӣ тавъам мебошад. Миллате, ки бетараф ба ҳас­тии сиёсист, роҳи наҷот надорад, зеро ӯ ба ҳастӣ, ба тақдири оянда аҳамият намедиҳад. Ин иллат аз беаҳамиятӣ ба таърих маншаъ мегирад ва баъдан ба рӯзгори муосир асар мегузорад.

Бале, дар масъалаи манфиати миллат ва давлат бетараф будан марги миллат аст. Барои мо — тоҷикон, ки аз бетарафӣ борҳо соҳибихтиёрии халқу давлатро аз даст додаем, дар шароити муосир бетарафӣ бо ҳукми таърих ҳеҷ бахшиданӣ нест. Чун таърих, замона ва воқеияти бениҳоят пуртазод ба миллати решабатаърихи тоҷик имкони зуҳури арзандаи сиёсӣ ва иҷтимоиро муҳайё кардааст, ҳама масъулем, ки атрофи арзишҳои ҳувиятсози Ватан муттаҳид бошем. Замин, ҳаво ва миллат бо таърихи пурҳикмат ва орзую омоли наслҳои гузаштаю имрӯза ва оянда бетарафию хунсардиро дар муносибат ба тақдир нахоҳад бахшид. Аҳли зиё дар саргаҳи ташаккули масъулият ва тарбияи инсони солеҳ бояд қарор гиранд. Пешвои миллат низ аз аҳли зиё ва кормандони илму маориф ҳаминро интизоранд.

Мо насли интихобшудаи таърихем

Мо, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар кор ва зиндагӣ менамоем, хушбахтем ва саодати бузурги давлатсозию миллатташаккулдиҳии Пешвои миллатро ҳамнафасу ҳамрадифем. Дуруст аст, ки ҳар яки мо дар зиндагии фардӣ мушкилу масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем, вале он ҳама танҳо аз мо нест, сифатҳои зотии ҳаёти иҷтимоии инсонҳост, ки дар паҳлуҳои гуногун имкони зуҳур карданро дар ҳар паҳнои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоӣ эҳтимолият дорад. Ва гузашта аз он, ҳама монеаи ҳаёти иҷтимоӣ назди бузургтарин арзиши соҳибватан будан, дар қатори миллатҳои сиёсии олам садои шунаво доштан, амнияту оромии хонадону меҳан ҳеҷ аст.

Мебинем, ки шахсе дороӣ дорад, вале саломатии хуб надорад, фарде дар кишвари муттарақӣ зиндагӣ менамояд, оилаи дурусту солим дошта наметавонад, марде аз назари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ танқисӣ намекашад, вале фарзанд дошта наметавонад, нафари дигаре ҳама лавозимоти рӯзгорро дорад, касбу кори хуб низ насибаш шудааст, аммо дар дилаш муҳаббат ба зиндагӣ ва орзу бар оянда дошта наметавонад… То вақте инсон ҳаст, эҳтимоли зуҳури мушкилӣ ва мувафаққиятҳои ӯ ба сони талаботи серҷанбааш вобаста ба макону замон имкон дорад, онҳоро решакан кардан ғайриимкон аст. Чунки инсон ва ҳаёти иҷтимоии ӯ муносибати нобаробари маҷмӯиро табиатан дар муқобили вазъият ва имкониятҳои объективию субъективӣ касб менамояд.

Пас, вуҷуди мушкилии фардӣ, хоҳ дар вобастагӣ бо амалкардҳои дастаҷамъӣ ва ё дар муносибат дар ҳаёти шахсӣ дар ҳад ва паҳнои муайян ҳамеша инсонро аёну ноаён ҳамсафар аст. Масали халқии қадимаи «подшоҳон ҳам мушкилӣ доранд» ҳикмат дорад. Вазифаи аслии инсон ҳамчун махлуқи бошуур кам кардани мушкилӣ ва иллати зиндагии фардӣ ва иҷтимоии ӯст, ки табиатан ба имконият ва неруи иҷтимоии ҳаёти дастаҷамъонаи вай тавъам мебошад. Одатан, норасоию мушкилии ҳаёти фардӣ бештар ба имконияту неруи шахсӣ тавъам буда, имкони рафъи онҳо бештар аз амалкарди фардӣ, дониш ва малакаи шахсӣ ва мақоми фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии шахс дар ҷомеа вобастагӣ дорад. Аммо мушкилиҳои сатҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки хосияти умдавӣ доранд, ба истеъдоди субъектҳои вижа, мақомоти давлатӣ ва тафаккури созандаи халқ дар иртибот бо вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста мебошанд.

Мо – тоҷикон, бо амри тақдир, дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI дар ҳаёти дастаҷамъона пас аз тақрибан ҳазор соли бедавлатӣ ба бунёди давлати мустақил имкон пайдо намудем. Айни ҳол раванди давлатсозӣ босуръат идома дорад. Албатта, барои дар радифи кишварҳои таърихи зиёда аз 200-300-соладошта бунёди давлати мустақил дар қатори имкониятҳо мушкилиҳо низ дорад. Раванди бонизоми ташаккули давлати мустақил баҳри расидан ба арзишҳо роҳҳои ҳуқуқӣ, хамгашту баландиҳои сиёсиеро убур менамояд, ки кишварҳои мутамаддин барвақт онҳоро убур кардаанд. Аз эълони нахустин ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон дар нахустин санадҳои ҳуқуқии башарӣ (Конститутсияи ИМА (соли 1787), Эъломияи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванди Фаронса (соли 1789) то расидан ба таъмини воқеии ҳуқуқҳо роҳи пионерони арзишҳои башарӣ кам андар кам 170-180 солро фаро мегирад. Зеро таърих ба онҳо имкони баробар дар ­шинохт ва эътирофи ҳуқуқу озодиро дод. Аммо барои кишварҳои ҷавони ба тозагӣ истиқлолият касбнамуда фурсат хеле кам аст. Дар ин ҳолат гузариши роҳи тӯлонии таърих дар мафкураи мардум ва ҳаёти ҳуқуқӣ кори саҳл набуда, мушкилӣ дорад ва онҳо, мутаассифона, на ҳама вақт якзайлу дуруст аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк ва ҳазм мегарданд.

Масъулияти азими давлатсозӣ ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати халқ аст

Ҳар як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падарона, дилсӯзона ва ҳидоятгари роҳи рост ба сӯи саодати миллат аст. Мулоқоташон бо вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки ба беҳтар кардани сатҳ ва сифати қонунҳо, демократӣ кунонидани раванди қонунгузорӣ, эҳтиром ва риояи забони адабии тоҷикӣ дар қабули қонунҳо, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба соҳибихтиёрии халқу Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуд, барномаи мукаммали корӣ дар панҷ соли оянда хоҳад буд. Суханони Пешвои миллат «Парламент бояд бо роҳи қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзи ҷомеа, тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои таконбахши равандҳои гуногуни ҳаёти давлат ва сокинони мамлакат, густариши созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани эътибору обрӯи  Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши сазовор гузорад» моро илҳом бахшида, ба корҳои азими ободкорӣ тавассути  таҳияи қонунҳои ҳуқуқӣ ҳидоят менамояд. Аз ин дидгоҳ, қабл аз ҳама, зарур аст, ки вазъияти нобаробари гузариши ҷомеа ва давлатро аз як низом ба дигар, дар муқоиса бо таърихи кишварҳои олам дуруст ва объективӣ дарк намоем. Алҳол муҳим он аст, ки ҳамчун халқи дар остонаи давлатсозӣ қарордош­та дарк созем, ки мушкилиҳои мавҷудаи мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ, албатта, рафъшавандаанд ва онҳо дар қиболи кори расидан ба саодати сиёсии миллат ҳеҷанд. Соҳибихтиёрии халқӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гарданд, ваҳдату субот вуҷуд дошта бошад, норасоиҳои зикршуда бо мурури замон ислоҳшавандаанд. Муҳим он аст, ки ҳамчун халқи решабатаърихи фарҳангӣ ҳаққи сиёсиро дар бунёди давлати мустақил миёни халқу тамаддунҳои гуногуни олам дорем. Аз оне, ки чӣ тавр имконияти таърихии ҳаёти дастаҷамъонаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро роҳандозӣ менамоем, на танҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ моро баҳогузорӣ менамояд, инчунин, ояндаи зиндагии фарзандону наберагон аз он сахт вобастагӣ дорад. Пас ҳифзи истиқлолият, ваҳдат ва оромии кишвар дар қиболи дигар арзишҳо дар даврони гузариш барои миллат аҳамияти чандгуна касб менамояд.

Таърих собит менамояд, ки халқу миллатҳои дар саргаҳи ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ, бавижа давлатсозӣ қарордошта, ҳамчун мардуми вижаи интихобшудаи таърихи миллат мушкилии муайяни замонаро бар дӯш доштаанд, ба ибораи иҷтимоъшиносону таърихнигорон, ба хотири насли ояндаи миллат қурбонии муайяни маънавиро насиб гардидаанд. Як рисолати бузурги таърихии онҳо зиндагӣ ба хотири насли оянда аст. Маҳз ҷоннисории нухбагону пайравони давлатсози онҳо буд, ки фарҳангу забони миллатҳои Дунёи куҳан ва Амрико оламгир шудаанд. Албатта, дар баробари ин, онҳо ҷиҳати беҳтар кардани шароити зиндагӣ, макон андеша ва амал кардаанд, вале таъиноти аслии онҳо ҳамчун ноқили васлгар, имкон фароҳам овардан, шароит муҳайё кардан барои наслҳои ояндаи миллатҳояшон буд, ки роҳандозӣ намуданд.

Дарвоқеъ, ҳаёти миллату давлатҳо зимни марҳалаҳои муайяни давлатсозӣ муқобили ҳалли қазияҳои рухдодаи фардию иҷтимоӣ шабоҳат ба майдони муборизаро дорад, ки дар он сарбози ватан ҷон зери хатар монда, озодиро барои ҳамватанон таъмин менамояд. Тафовут он аст, ки агар дар ҷанг бар ивази ҷон озодию саодат харида шавад, бо қабули мушкилию вазниниҳо дар ҳадди муайян заминаи рушди ояндаи насли нав таъмин мегардад. Албатта, мо тарафдори қурбон намудани арзишҳои меҳварӣ барои арзишҳои дигари инсонӣ дар масири таърих нестем, вале танҳо хотиррасон менамоем, ки чунин воқеияти таърих қонунияти нонавиштаи бардавомии тамаддуну фарҳангҳоро таъмин намудааст.

Таърихи давлатдории мутамаддини Аврупо ва Амрико собит менамоянд, ки давлатозӣ ва расидан ба саодати комили миллат мансуби як даҳсола ва ду даҳсола набуда, заҳмату фидокории ду ва зиёда насли инсониро талаб менамояд. Дигар ин ки миллати сиёсии комил танҳо миллати соҳибдавлати як насл нест, балки аз халқияте иборат аст, ки дар қатори саодату хушгузаронии рӯзгор, инчунин барои саодати наслҳои оянда заҳмат мекашад, бори матонат ва рисолати муайяни таърихиро барои ояндагон бар дӯш мегирад. Танҳо дар чунин сурат халқ ҳамчун иттиҳоди сиёсӣ амонати давлатро ба наслҳои оянда месупорад. Ин аст, ки имрӯзи муҳташамии Амрикоро бе қаҳрамониҳои Ҷ. Вашингтон, Т. Ҷеферсон, Б. Франклин ва дигар ҳамкорону ҳамсафони онҳо, Фаронсаро бе қаҳрамонии Генерал де Гол, Жанна Д, Арк ва пайравони онҳо, ваҳдати миллати ҳиндуро бе матонату ҷонфидоии Махатма Гандӣ, Ҷ. Неру ва дигар ҷонибдорони замон ва пайравони имрӯзи онҳо тасаввур кардан нашояд. Миллати комили сиёсии соҳибдавлат халқиятест, ки васлиятро бо гузашта ва оянда дар ҳадди эътидол ва муайян ҳифз менамояд.

Аз ин рӯ, сиёсати Пешвои муаззами миллат дар роҳи эҳёи хотираҳои таърихӣ ва ҳуқуқии миллат, ҷашнгирии 5000 — солагии тамаддуни Саразми бостонӣ, 1100 — солагии давлатдории Сомониён, ёдбуди шахсиятҳои фарзонаи халқ Эмоми Аъзам (1310 — солагӣ), Мавлонои Балхӣ (800 — солагӣ), Абдураҳмони Ҷомӣ, эҳёи суннатҳои фолклории фалак, шашмақом, чакан ва дигару дигарҳо танҳо шиносии миллат бо таърихи хеш ва олами атроф набуда, рисолати миллатсозӣ аст, ки ба васлияти арзишҳои меҳварии гузашта ба имрӯза иртибот дорад.

Дар шароити вазнини иқтисодӣ бунё­ди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон», роҳи Душанбе — Кӯлоб-Дарвоз ва Хоруғ, даст ба бунёди неругоҳи азими «Роғун» задан, танҳо таъмини сиёсати баромад аз бунбасти коммуникатсионии кишвар ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ барои имрӯзи миллат набуда, балки сиёсати комили ташаккули миллати сиёсӣ ва давлатсозии Пешвои миллат аст, ки ба таъмини шароити арзанда барои имрӯзиён не, инчунин барои ояндагони миллат ва давлати Тоҷикистон нигаронида шудааст. Маҳз ба ҳамин хотир ин амалкард бо мурури замон қудрат ва неруи аслиро боз рӯшантар касб хоҳад кард. Аминем, ки дар бораи созандагону заҳматкашони таърихи созандаи миллат таҳти роҳбарии Пешвои миллат, ояндагон бо ифтихор ҳарф мезананд. Барои мо низ муҳим аст, ки ин заҳматҳоро сазовор қадр карда, ба хотираи таърих комилу беолоиш гузорем.

Ҳамин тариқ, ҳар нафаре, ки таърихро медонад, берун аз Ватан доғи ғарибиро чашидааст, дар зеботарин мулкҳои олам аснои тамошои табиати зебои он, зебоии кӯҳсору чашмасору боду ҳавои форами ватани зебояшро пеши назар овардааст, бо дилу ҷонаш фаҳм менамояд, ки соҳиби Ватан ва Давлат будан, шиносномаи Тоҷикистон доштан, калиди ҳама саодатҳост. Саодат дар доштани Ватан, эътирофи замине, ки хуни ноф рехтааст, зиндагӣ дар кӯчаю боғу кӯҳҳояш сипарӣ шуда ва оламиён онро ҳамчун меҳан расман эътироф менамоянд, мебошад. Саодати бузургтар он аст, ки мо аз зумраи он насле ҳастем, ки бо амри тақдир дар саргаҳи бунёди низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқэҷодкунии кишвари соҳибистиқлол бо ҳамроҳии фарзанди фарзонаи миллат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, масъулият дорем.

Ғизои илмии таҳкими Истиқлолият

Чанде пеш суханронии Роҳбари давлат бо аҳли зиё, ба тафаккури аҳли зиё чун нури зиёбахше, ҳамчун идомаи силсилаи амалкардҳои устувори давлатсозӣ, миллатташаккулдиҳӣ ва фарҳангсолории Пешвои миллат садо дод. Хатти марказӣ ва бардорандаи ҳикмати вохӯрӣ баёни номуназзамии омӯзиши илм дар кишвар ва ислоҳи вазъи ҷалби наврасон ба омӯзиши илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқ буд. Ҷиҳати ислоҳи вазъ Пешвои миллат тавре масъалагузорӣ намуданд, ки ба беҳдошти сатҳ ва сифати таълим нигаронида шуда, ғизои ногузири илмӣ дар таҳқими истиқлолият ва рушди кишвар дар замони муосир маҳсуб мегардад.

Вохӯрии имсола бо зиёиёни мамлакат хислати инқилоби фикрӣ дошта, ба дигаргуннамоии вазъи мавҷудаи илмҳои табиӣ нигаронида шуд. Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки «аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад». Дар баробари ин, мутаносибан шумораи гирандагони стипендияҳо «дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар» зиёд карда шуд. Ҳиссаи стипендияҳои президентӣ 70 фоиз барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона гардид. Тавре равшан аст, барои ноил шудан ба сатҳи зарурии рушди илмҳои табиӣ Роҳбари давлат дастгириро дар сатҳи донишҷӯёни фаъоли неруи зеҳнӣ дар муасисаҳои олии кишвар ҷоннок намуда, ҳамчунин омодагии насли наврасро дар омӯзиши фанҳои табиӣ ва бедор кардани ҳисси муҳаббат ба фанҳои дақиқро дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мадди назари сиёсати давлатӣ қарор доданд. Роҳбари кишвар ислоҳоти вазъи омӯзиши илмҳои табииро миёни ҷавонон масъалагузорӣ намуда, омода кардани заминаи мусоиди рушди босуръати саноатикунонии мамлакатро дақиқ муайян намуданд. Саноат бе рушди илмҳои дақиқ ва табиӣ, дарвоқеъ, оянда надорад. Танҳо дониши баланди илмию техникӣ имкони кишварро ба давлати истеҳсолкунанда ва содироткунанда табдил хоҳад дод.

Бо ин мақсад, Сардори давлат ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки «барои аз 1 сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо, бахусус, омӯзгорони ҷавон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд». Ба саволи анъанавӣ ва пур аз меҳри хеш, ки «мо чӣ тавр меҳри хонандаро ба фанҳои дақиқ ва табиӣ бедор кунем?» Пешвои миллат худашон ҷавоб доданд: дастгирии устодон ва ҳавасмандгардонии онҳо.

Ҳукумати кишвар омодагӣ ва ҷоннок намудани заминаҳои молии рушди омӯзиши фанҳои дақиқро оғоз кард. Бо ин мақсад дар мадди аввал дастгирии молиявиро дар ҳавзаи таълимоти муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ ва олии кишвар миёни шогирдону устодон масъалагузорӣ намуд. Итминони комил дорем, ки минбаъд дастгирии имкониятҳо ва истеъдодҳо дар самти рушди фанҳои дақиқ рушд хоҳад кард.

Инчунин, Роҳбари давлат ҳамчун Пешвои халқ, давлатсоз ва ташаккулдиҳандаи миллати муосири сиёсии тоҷик, стратегияи комилан мувофиқи сиёсӣ ва маънавиро дар таҳияи заминаи илмии саноатикунонии босуръати мамлакат пешниҳод карданд. Саноат, истеҳсолот дар шароити муосир, тавре ишора шуд, бе дастовардҳои илмҳои табиӣ ва дақиқ ғайриимкон аст. Нуктаҳои калидии рушди ин илмҳоро Роҳбари содиқ ҳамчун заминаи рушди иқтисодиёти мамлакат ва идомаи ҳадафи чоруми стратегӣ бениҳоят олӣ, самимӣ ва одию фаҳмо ба аҳли зиё ва мардум расониданд. Умед дорем, ки масъулину мутасаддиёни соҳа, аҳли зиё ва падарону модарон содиқона ва поквиҷдонона ба хотири саодати фарзандону наберагон ба даъватҳои падаронаи Пешвои миллат ҳамовозӣ намуда, фаъолиятро дар ҷой ва мавқеи иҷтимоию илмӣ ба манфиати миллату давлат тавсеа бахшида, ба ихтирооти илмию техногенӣ саҳмгузор мегарданд.

 Таваҷҷуҳ ба улуми ҷамъиятшиносӣ ва дарки масъулияти меҳандӯстӣ

Ворисону пайравони илмҳои ҷамъиятшиносӣ низ дар мулоқоти имсола дастуру супориш гирифтанд. Ҳарчанд ки суханронии Пешвои миллат тобиши мантиқӣ ба афзалияти донишҳои табииро доро буд, вале ҳанӯз ҳам эҳсоси вуҷуди хатарҳои иҷтимоию ифротиро он кас аз мадди назари сиёсати давлатсозию миллатташаккулдиҳӣ дур нанамудаанд. Сиёсати дурбинона ва аз назари сиёсӣ илмӣ ва асос­ноки Президенти мамлакат дар он буд, ки тавозуни аҳамият ва ногузирии илмҳои ҷамъиятӣ ва табииро дар суханрониашон ҳифз намуда, кӯшиш карданд, ки норасоии дар ҷодаи илмҳои табиӣ муддатҳо ҷамъшударо бо дастгирии моддии иловагӣ рафъ намоянд. Ислоҳотгароии Пешвои миллат дар самти таълиму тарбияи насли наврас аз таҷрибаи шӯравӣ, ки аслан дар паҳнои илмҳои дақиқ маҳдуд шуданро пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, солҳои 50-70-уми асри гузашта масъалагузорӣ намуда буданд, мазмунан тафовут дошт. Барномаи «химизатсияи» солҳои 1958-1964 ва «политехнизатсияи» солҳои 1958-1974-и муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шӯравӣ, ба паст намудани неруи фанҳои ҷамъиятшиносӣ овард, ки пасманзари он баъдан дар фазои озодиҳои бозсозӣ ба тақдири давлати шӯравӣ берангӣ зуҳур кард.

Оғози ислоҳоти низоми маориф низ вобаста ба шароити имрӯзу фардои кишвар аз ислоҳоти низоми маорифи олмонию ҷопонии асри ХХ ва ибтидои асри ХХI тафовут дошта, хосатан дар паҳнои манфиатҳои миллӣ вобаста ба шароити кишвар масъалагузорӣ гашт.

Нутқи пурмуҳтаво ва самимии Пешвои миллат далолат бар он дошт, ки афзалият ба омӯзиши фанҳои табииро ногузир донем, дастгирӣ дар ин самтро тавсеа бахшем, вале дар баробари ин, ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватанро бояд аз мадди назар дур нанамоем. Зеро дар шароити имрӯз ва фардо танҳо бо насли техногению донандаи асрори табиат, бе дарки масъулияти ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳувиятсози давлатдорӣ, меҳанро ҳифзу соҳибистиқлолии кишварро таъмин намудан ғайриимкон аст. Пешвои муаззаму хирадманд ба аҳли зиё бо забони илмӣ фаҳмонданд, ки агар тавсеа ва такмили илмҳои табиӣ ба рушди иқтисодиёт, рушди молию техникӣ ва таъмини шароити беҳтари зиндагии фардӣ хизмат намоянд, илмҳои ҷамъиятӣ пояҳои маънавии ҷомеа ва давлатдориро таъмин сохта, дастовардҳои илму техникаро барои ташкили зиндагии арзандаи инсон ва ҷомеа дар фазои давлати соҳибистиқлол бо риояи одобу фарҳанги шоистаи миллӣ таъмин менамоянд.

Кашфи симати васлгароии арзишҳо

Суханони Роҳбари ғамхори давлат ба олимони ҷамъиятшинос мунсифона ва сабақомӯз буд: «Имрӯз рисолати олимони ҷамъиятшинос аз он иборат аст, ки парчамбардорони омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон бошанд, аз арзишҳои миллӣ, ки аслу асоси давлатдории миллии дунявии мо маҳсуб мешаванд, бо нангу номуси ватандорӣ дифоъ кунанд ва дар амри густариши худшиносии милливу таърихии насли ҷавон бо кору пайкори худ намунаи ибрат нишон диҳанд».

Ҳадафи ин таъкиди Пешвои муаззами миллат васлият бахшидани арзишҳои миллии ба табиати давлатдории дунявӣ ва хостаҳои миллати муосир мувофиқ аст, ки онҳо бояд ҳамаҷониба ҳамчун арзишҳои умдавӣ таҳлил гашта, ҳамчун дастоварди ниёкон дар нишастҳои илмӣ ёдрас шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ воситаи ҳифзи асолати миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсоз эътироф гарданд. Аминем, ки дар ин ҷода муҳаққиқони соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ, бавижа, ҳуқуқшиносон таҳқиқотро дар самти таърихи ҳуқуқ ҷоннок намуда, арзишу меъёрҳои қимати фаромиллидоштаи ниёкон ва падидаҳои ҳуқуқии дар пояи баланди танзими ҳуқуқӣ эҷодгаштаи онҳоро, ки ба табиати давлати демократию дунявӣ созгоранд, дар рисолаҳои илмию навгониҳо ҳамчун дастоварди ғизобахши маънавӣ ба фазои илмии кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун саҳми таърихии халқ пешниҳод менамоянд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд: «…замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақлии тамаддуни башарӣ қарор доштаанд. Онҳо дар бунёди давлатҳои муташаккилу неруманд, офаридани нахустин арзишҳои фарҳангӣ, низоми одилонаи ҳуқуқӣ, осори ахлоқӣ ва таълифоти илмӣ саҳми беназир гузоштаанд».

Дар ҳақиқат, тоҷикон таърихи бою пурғановати давлатдорӣ ва ҳуқуқэҷодкуниро дороанд, ки арзишҳои волои сиёсӣ ва ҳуқуқии он барои рушди низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳои олам хизмати арзанда намудаанд. Эътирофи масъулияти қудрат дар назди халқ ва таҷрибаи қабули мардум ва донишмандон аз ҷониби шоҳ Ҷамшед дар ҳазораи 2 қабл аз милод, нахустин эътироф ва эъломи ҳуқуқи инсон ба озодии ҳаракат, ба озодии виҷдон, ба интихоби озоди маскан аз Эъломияи Куруши Кабир дар соли 539 қабл аз милод, истифодаи таҷрибаи танзими муносибати баробарҳуқуқи мард ва зан дар асоси шартномаи никоҳи тоҷикон (намуна, шартномаи Дугдонча ва Уттегин соли 710 дар Суғд) ва ғайра ҳоло низ ҷой ва мавқеи сазоворро дар санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории давлатҳои мутамаддин ишғол намудаанд, шаҳодати гуфтаҳои болост.

Кодификатсияи қонунгузории Куруши Кабир соли 539 қабл аз милод, ки дар омезишу гуфтугӯи ҳуқуқии тамаддунҳои қадима нахустин кӯшиши меросияти ақлонии инкишофи ҳуқуқи ҷаҳони куҳан ба шумор мерафт, танҳо пас аз ҳазор сол роҳ ба тамаддуни ғарбӣ ёфта, дар шакли кодификатсияи Юстиниан соли 539 милодӣ рӯи кор омадааст. Ҳатто қисмати дигари он: эътирофи ҳуқуқи кӯдаки тавлиднашуда чун субъекти мустақил, эътирофи расмии нахустин шартномаҳои гражданӣ ва мутобиқ омадани ният ва мақсади шартнома ба шакли он аз «Авасто», ҳимояи тозагии об, муҳити зист ва ҳуқуқи ҳайвонот аз Вандидод (қисмати «Авасто») ҳолиё муҳим арзёбӣ шуда, ғояҳои ҷудогонаи онҳо дар қонунгузории кишварҳои пешқадами олам сабт шудаанд. Қонунномаи Сосониён намунаи олии таҷрибаи кодификатсияшудаи амсоли судии ниёгон аст, ки алҳол ливои низоми ҳуқуқии англисию амрикоӣ гаштааст. Девони мазолими асрҳои миёна, ки аз таҷрибаи шунидани арзу ниёзи мардум дар аҳди шоҳони Пешдодӣ мабдаъ мегирифт, алҳол ба падидаи оламшумули ҳуқуқи башар – Омбудсман – ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон табдил ёфтааст. Давлатҳое, ки аз чор як ҳиссаи ин давлатдорӣ ва чунин навъи ҳуқуқэҷодкуниро надоранд, асарҳои панҷ ва шашҷилда бо унвони «Таърихи давлат ва ҳуқуқ» эҷод кардаанд. Дар мо дастовардҳои ҷудогона вуҷуд дорад, вале то ҳанӯз маҷмӯаи илмии мукаммал дар ин самт таҳия нашудааст. Таъкиди Роҳбари давлат мутахассиони соҳаи таърих ва назарияи ҳуқуқро водор месозад, ки сари ин масъала андеша намоянд.

Васлияти арзишҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ бо мафкураи муосири ҳуқуқӣ бояд дар қолаби манфиатҳои миллӣ ва шоҳроҳи конститутсионии давлатдорӣ ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ сурат гирифта, дар маҷмӯъ, ҳамчун арзиши ҳувиятсози миллӣ ба ҳифзи амният ва давлати миллӣ хизмат намоянд. Дар бедор кардани эҳсоси ватандорӣ миёни ҷавонон ва нангу номуси давлатдорӣ дар байни олимон ҳамчун манбаи маънавӣ ва илмӣ хизмат кунанд. Маҳз чунин сурат гирифтани таҳқиқот дар самти таърихи ҳуқуқ имкон дорад зуҳури бетарафӣ нисбат ба тақдири миллатро миёни муҳаққиқон ва соҳибони сухани илмӣ заиф намояд.

Сабақбардорӣ аз таърих ва рафъи бетарафӣ

Президенти мамлакат дар мулоқот бо зиёиён бамаврид ёдовар шуданд, ки: «Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик, аз ҷумла ҳизби террористиву экстремистии наҳзат сар зад, олимону мутахассисони беҳтарини мо ба тарки Ватан маҷбур шуданд ва илова ба хисороти зиёде, ки ба ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва халқи мо расонида шуд, илму маориф низ зиёни бузург дид. Имрӯз мардуми мо бояд сабабҳои он ҷанги хонумонсӯзро донанд. Дар ин бобат набояд хомӯш бошем. Олимони мо бояд сабабу омилҳои онро таҳқиқ кунанд, то ки чунин хатоиҳо дар оянда такрор нашаванд».

Суханони Пешвои миллат ҳикмат доранд, ки дар бобати он олимони ҷомеашинос бояд фикр намоянд. Дарвоқеъ, ларзиши оммавии мафкураи мардум ба самтҳои гуногун дар асл набудани мафкураи солими мувозинатангез аст. Набудани мафкураи солим аз надонистани ҳақиқати таърихӣ ва таъиноти иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии миллат дар даврони муайяни таърихист. Яъне, надонистани асрори ҳодисоти начандон дури сабақомӯз баробар бо он аст, ки халқ ҳамчун иттиҳоди сиёсӣ худро комил нашинохтааст, таъинотро намедонад, аз рӯзгори гузашта барои фардо хулоса наменамояд.

Маҳз мафкураи солими миллат омили ҳувиятсози миллати сиёсист. Вале ин муҳаррики ваҳдатовари миллат дар масири таърих бо бемориҳои худбоварию тундравӣ мубтало шуд. Аз ин рӯ, суханронии Пешвои миллат бори дигар водор менамояд, ки дар қиболи таҳдидҳои ҷаҳонӣ бо мақсади пойдорию бардавомии миллати сиёсии халқ кӯшиши ворид шуданро намоем. Зеро миллати муосири сиёсӣ, бе вуҷуди мафкураи солими миллии рушдкунанда ва вобаста ба шароит такмилёбанда ғайриимкон аст. Дуруст, аст ки ҷавҳари мафкураи миллиро Конститутсия дар моддаи як дар шакли давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона муайян намудааст. Ин ҳама арзишҳои олии дар шакли падидаҳои ҳуқуқӣ таҳияшуда ҳадафи ниҳоӣ ва шоҳроҳи рушди давлату миллат аст. Ва табиист, ки ҷиҳати расидан ба ҳадди арзандаи ормонҳои миллӣ барои халқ муҳаррики маънавӣ ва солими мафкураи ҳидоятгар зарур аст, ки шуури ҷамъиятӣ ва фардии ҷомеаро нозиру ҳимоятгар бошад.

Ҳамин тариқ, суханронии Пешвои миллат бо аҳли зиё ба тавозуни низоми таҳсилот нигаронида шуда, дар ҷанин ҳифзи мувозинат ва одилонаи таносуби илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва табииро дар низоми таҳсилоти ҳамагонӣ мадди назар гирифта, ҷиҳати омода намудани насли солим, солеҳ, донандаи асрори табиат ва меҳангаро, ба коркарди мафкураи солими насли навраси донишманд равона шуд.

Яке аз нуктаҳои муҳими таъкидоти Роҳбари давлат ба рушди забони илмии тоҷикӣ ҳамчун рукни ташаккули мафкураи миллӣ нигаронида шуд. Зеро забони расмии халқ ва вуҷуди он дар ҳама давру замон кафолати соҳибдавлатии халқ буда, забони илм, гарави забони сиёсии давлат аст, ки бо мафкураи солими миллӣ муҷаҳҳазонида шудааст. Дар масири таърих паҳншавии забон паҳншавии қудрат будааст. Аз ин хотир, мафкураи солими миллӣ ҳамеша эҳтиёҷ ба забони илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқиро, дар маҷмӯъ, доро аст. Дар ин радиф Пешвои муаззами миллат тарҷумаи асарҳои бузургони илми кишварҳои гуногунро ба забони тоҷикӣ, такмили дифои рисолаҳои илмиро бо забони тоҷикӣ махсусан таъкид намуданд.

Организми зиндаи ҷомеа, дар асл дар ҳама давру замон ба арзишҳои меҳварии рушди мафкураи солим эҳтиёҷ дорад. Мафкураи дар заминаи донишҳои табиӣ бо арзиши ватандӯстӣ ва меҳангароӣ обутобёфтаи бо ахлоқу фарҳанги миллӣ зебу зиннат гирифта, дар ҳақиқат, кафолати соҳибихтиёрӣ, заминаи рушди саноат ва нерумандии давлат аст.

Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА,  

Зайниддин САФАРОВ,

Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА,

вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон