Суҳбати Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо

№9 (3155) 25.01.2014

DSC_0913

22 январи соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати вакилони парлумони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар  Аврупо аз Шветсия ва Дания, ки таҳти  сарварии узви Кумитаи оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров меҳмононро ба Маҷлиси Олӣ – парлумони Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки сафари шуморо мо ҳамчун нишони тасдиқи рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), густариши робитаҳои мутақобила, бахусус дар таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ арзёбӣ мекунем.

Метавон гуфт, ки дар ин самт пешравии қобили мулоҳиза ба мушоҳида мерасад. Давоми фаъолияти даъвати вакилии мо, миёни намояндагони парлумони кишварҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии САҲА ва Тоҷикистон як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом пазируфта, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумони ҳар ду ҷониб ба кишварҳои ҳамдигар сурат гирифтанд. Ҳоло ҳамкориҳои мо хусусияти доимиро касб кардаанд. Мо ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон барои чунин дастгириву ҳамкориҳо миннатдории зиёд изҳор менамоем.

Мо манфиатдорем, ки ҳар чӣ бештар сиёсатмадорону коршиносон дар бораи кишвари мо, мардуми сарбаланди он, стратегияҳои мавриди амал қарордошта ва имконоти Тоҷикистон тасаввуроти бештар, мукаммал ва воқеӣ дошта бошанд.

Ҳамкории имрӯзаи мо бо кишварҳои аъзои САҲА амалан тамоми ҷанбаҳои фаъолияти онро таҷассум мекунад. Мо дар бахшҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, бунёди асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, такмили қонунҳои миллӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ, ислоҳот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, коррупсия, таҳкими марзҳо ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ муваффақона ҳамкорӣ дорем.

Мусоидат ба Афғонистон ҷиҳати расидан ба сулҳу созиш, раҳоӣ аз вазъи таҳдиди доимии низомӣ ва мубориза бо ҷинояткории марбут ба маводи нашъаовар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими хамкориҳо ва тадбирҳои муштарак дар доираи Ассамблеяи парлумонии САҲА ва ҳамаи кишварҳои аъзои он ба шумор мераванд.

Барои кишвари мо ин масъала хеле муҳим аст, зеро мо бо Афғонистон 1400 км марзи умумӣ дорем. Моҳиятан Тоҷикистон нахустин монеа дар роҳи қочоқи маводи нашъаовар ба кишварҳои истеъмолгар мебошад, яъне нахуст бо тамоми иқтидори он сар ба сар мешавад. Муқовимат бо ин таҳдиди азим, ки аз решаҳои фаромиллӣ низ бархӯрдор аст, барои мо хеле мушкил мебошад. Аз ин рӯ, мо бар ин назарем, ки дар муборизаи мазкур иштироки назарраси кишварҳое, ки дар онҳо ба маводи мухаддир талабот хеле зиёд аст, мувофиқи мақсад мебошад.

Дар раванди танзими сиёсӣ ва барқарор кардани иқтисоди Афғонистон кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати ин кишвар фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки ба созмонҳои байналмилалӣ ва як қатор кишварҳо фазои мавҷудаи роҳҳои ҳавоӣ, обиву нақлиётӣ ва иттилоотӣ пешниҳод кардааст. Тавассути қаламрави кишвари мо кӯмаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон интиқол меёбад. Беш аз ду ҳазор нафар рӯзноманигорон марҳилаи аввали амалиёти зиддитеррористии неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистонро инъикос намуданд.

Тоҷикистон беш аз ин амалҳоро ба субут расонида метавонад, вале барои ноил гардидан ба чунин ҳадаф, ба мо дастгириву ҳамдигарфаҳмӣ зарур аст. Дар ин робита, зикр мекунем, ки лоиҳаи аз ҷониби мо пешниҳодшуда оид ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Мазори Шариф – Ҳирот ҳамасола метавонад садҳо миллион доллари ИМА даромад орад ва ба рушди иқтисоди минтақаи шимоли Афғонистон мусоидат кунад. Лоиҳаи CASA-1000 бошад, метавонад барои таъмини Афғонистон бо неруи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза шароити мусоид фароҳам оварад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ дар оянда ба амнияти энергетикии Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард. Тоҷикистон ба Афғонистон ҳамчунин метавонад дар омодагии мутахассисони соҳаҳои тиб, кишоварзӣ, техникӣ ва омӯзгорӣ кӯмаки амалӣ расонад.

Дар натиҷаи амалисозии тадбир ва лоиҳаҳои зикршуда миллионҳо нафар шаҳрвандони афғони бекорро метавон бо ҷойҳои корӣ таъмин намуд, ки дар навбати худ ба муқовимати нисбатан муассир зидди ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ имкон медиҳад.

Мо, намояндагони парлумон, бидуни шак метавонем ва бояд ба муттаҳид шудани кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти андешидани маҷмӯи тадбирҳо оид ба танзими ҳар чӣ зудтари вазъ дар Афғонистон мусоидат кунем.

Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе дар иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Иттиҳод оид ба риояи ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва демократикунонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон кӯмак мекунад. Аз ҷумла мониторинг ва дастгириҳо дар бахши ҳифз ва риояи ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосии шаҳрванд, рушди воситаҳои ахбори оммаи озодро анҷом дода, дар пешбурди огаҳӣ дар мавриди масоили гендерӣ ва баробарӣ низ мусоидат менамояд.

Муболиға нахоҳад шуд, агар бигӯем, ки ақидаҳои баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон бештар ба туфайли кӯшишҳои намояндагони САҲА ва лоиҳаҳои аз ҷониби ин Созмон дастгиришуда роҳандозӣ шуда, рушд ёфтанд.

Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаҳои аз ҷониби САҲА сарпарастишуда дар самти қонунгузорӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Таҳия ва татбиқи амалии қонунҳо дар самти худидоракунии маҳаллӣ, дастгирии соҳибкорӣ, меъёрҳои тартиботиву мурофиавӣ, ҷорӣ гардидани моратория ба ҳукми қатл, механизми ҳуқуқии пешгирии шиканҷа, фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва таъмини баробарии гендерӣ аз ҷумлаи ҳамин гуна корҳо мебошанд.

Дар санади усулҳо (принсипҳо)-е, ки муносибатҳо миёни кишварҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии САҲА-ро танзим мекунад, таъкид мешавад, ки тартиботи оқилонаву боадолат дар ҷаҳон бояд дар заминаи эътимоди ҳамдигариву ҳамҷаворӣ, роҳандозии муносибатҳои воқеан шарикона бунёд гардад.

Бовар дорам, ки  вохӯрии имрӯзаи мо дар рушди муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва парлумонҳо имконоти фарох боз намуда, ба робитаҳои роҳандозишуда такони тоза мебахшад.

Дар робита ба озодии баён дар Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт хеле пешрафта аст. Аз ҷумла дар Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» асосҳои ҳуқуқии зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав, ки моҳи марти соли 2013 қабул шуд, бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардида, аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусбат арзёбӣ шуд.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми июли соли 2012 масъалаи аз Кодекси ҷиноятӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронидани моддаҳои туҳмат ва таҳқир, яъне аз доираи ҷиноятӣ ба маъмурӣ интиқол додани онҳо ҳалл гардид. Ин пешниҳод 10-уми марти соли 2012 дар вохӯрии пуршукуҳ ба ифтихори 100-умин солгарди матбуоти тоҷик бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма садо дод.

Айни замон дар Тоҷикистон 330 рӯзнома (86-то давлатӣ, 244-то ғайридавлатӣ (мустақил, хусусӣ), 181 маҷалла (16-то давлатӣ, 165-то ғайридавлатӣ), 11 агентии иттилоотӣ (1-то давлатӣ, 10-то ғайридавлатӣ) сабти ном шудаанд.

Баҳсу мухолифатҳои миёни воситаҳои ахбори омма ва субъекти мавриди интиқод қарордодаи онҳо бо тартиби судӣ ҳал мешаванд, ки маънои «монеаи эҷодкардаи Ҳукумат»-ро надорад. Ин таҷрибаи маъмулиест, ки ба кишварҳои демократӣ хос аст.

Бо камоли масъулият метавон изҳор дошт, ки вазъи озодии баёни дар Тоҷикистон мавҷударо дар кишварҳои дигари минтақа мушоҳида намудан ғайриимкон аст ва он (озодии баён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба аксари тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҷавобгӯ аст.

Соли гузашта созмони «Хабарнигорони бидуни марз» дар бораи вазъи озодии баён тайи солҳои 2012-2013 як таҳқиқоте анҷом дод ва миёни 179 кишвари дунё Тоҷикистонро ба мақоми 123-юм сазовор донист. Бар асоси баҳогузории «Хабарнигорони бидуни марз», аз лиҳози таъмини озодии баён Тоҷикистон ҳатто аз Россия пешсафтар аст. Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ зинаҳои пас аз Тоҷикистон, мақомҳои 164,160 ва 177-умро касб кардаанд. Ин аз рушди озодии баён дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.

Дар навбати худ роҳбари ҳайати  меҳмонон Кент Харстед иброз дошт, ки боздиди чунин ҳайати бонуфузи парлумони Аврупо аз Тоҷикистон бори аввал аст  ва афзуд: «Бо таваҷҷуҳ, ба он ки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо дар ҷаҳони муосир дар ҳоли тағйир ёфтан аст, моро лозим меояд, ки дар доираи ин таҳаввулот ҳамкориҳои худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем.

Дар мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва аъзои Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон – Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок доштанд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон