Китоби мусаввараи «Тоҷикистон»

№42-43 (4148-4149) 07.04.2020

муковаи албом копияБо дастгирӣ аз сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон  дар робита ба эълон гаштани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  китоби мусаввараи «Тоҷикистон»-ро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ, ки аз 320 саҳифа иборат аст, бо теъдоди  1000  нусха аз чоп баровард.

Дар он, ки муаррифиномаи манзараҳои нотакрори Ватан мебошад, аксу тасвирҳои ёдгориҳои меъморӣ, кӯҳу дараҳои зебоманзар, намунаҳои ҳунари косибону ҳунармандони халқӣ, дастовардҳои фарҳангӣ, илмӣ ва варзишии кишварамон ҷой дода шудаанд. Асар барои меҳмонон, дӯстдорони сайру саёҳат, мухлисони анъанаҳои қадимаи мардум армуғони  арзанда хоҳад буд.

Ҳабиб СУЛАЙМОНӢ,

сармуҳаррири Муассисаи нашриявии «Ирфон»