Суҳбати телефонӣ

№42-43 (4148-4149) 07.04.2020

Сеюми апрели соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд, ки зимни он масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, инчунин, мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тибқи тасмими ҷонибҳо ҳамкорӣ дар соҳаи кумаки мутақобила ва дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемия пурзӯр карда мешавад.

Дар ин робита, тибқи қарори сарони давлатҳо, ба сарвазирони ду кишвар супориш дода мешавад, ки дар мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус чораҳои муштарак андешида, ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ тақвият бахшанд.

www.president.tj