Шашуми апрели соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо вазъи боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус, пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо боғи замонавии фарҳангию фароғатӣ бунёд ёфтанд, ки макони сайру тамошои шаҳрвандон гардидаанд. Аз ҷумла, боғҳои ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Алишер Навоӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Ҷавонон, Наврӯзгоҳ, Хайём ва Восеъ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат таъсис дода шуданд ва боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ирам, Кӯли ҷавонон, Боғи кӯдакон, Ғалаба, гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагон ва дигар хиёбонҳо баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Тавре ба ҳама маълум аст, чанд рӯз пеш дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд ва беҳтаринҳо аз рӯи бахшҳои беҳтарин гулгашт, беҳтарин боғи фарҳангиву фароғатӣ ва беҳтарин композитсияи гулҳо муайян гардиданд.
Дар самти беҳтарин композитсияи гулҳо Боғи Аҳмади Дониш ҷойи якум, Боғи ба номи устод Рӯдакӣ ҷойи дуюм ва Боғи ба номи Куруши Кабир ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои гулҳо дар Боғи ба номи Куруши Кабир шинос шуда, ба роҳбарияти Агентии давлатии захираҳои моддӣ, ки муассиси он мебошад, барои минбаъд ҳам тозаю озода нигоҳ доштан ва баҳри шаҳрвандон муҳайё сохтани имкони мусоиди истироҳату фароғат дастур доданд.
Ёдовар мешавем, ки 21 январи соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар як қатор иншооти пойтахт ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатӣ барои пурра азнавсозӣ кардани боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд.
Дар асоси супориши Пешвои миллат он ҷо майдони футболи хурд, корти теннис, майдончаҳои варзишӣ, аз қабили тенниси рӯи миз, нишастгоҳҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта шуданд.
Боғ баъди азнавсозӣ бо тарҳи хеле зебову муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Масоҳати Боғи ба номи Куруши Кабир наздик ба 5 гектарро ташкил медиҳад. Дар он айни ҳол 40 нафар бо ҷои кор таъмин шудаанд. Дар рафти азнавсозӣ бошад, 150 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб гаштанд.
Дар озмуни «Сайри гули лола» дар бахши беҳтарин боғҳои фарҳангиву фароғатӣ Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ва Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон»-и Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва Дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардиданд.
Дар Боғи Ирам Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчии бевоситаи барномаи базми «Гули лола» гардиданд, ки аз ҷониби кормандони Идораи барномаҳои фарҳангию фароғатии телевизиони Тоҷикистон дар боғ сабт мегардид.
Ҷавонон, иштирокчиёни барнома — донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ҳузури Пешвои миллат дар васфи лола ва зебоиҳои табиати диёр шеърҳо хонданд.
Сарвари давлат зимни суҳбат ҷавононро ба донишомӯзӣ, аз худ кардани илмҳои замони муосир ва забономӯзӣ ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки талошҳои Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, бахусус, ҷавонони ояндасоз ва ватандӯст, равона шудааст.
Ҷавонон ба Пешвои хирадманду инсондӯст изҳори сипос карданд.
Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо вазъи боғи Наврӯзгоҳ шинос шуданд.
Тавре мушоҳида гардид, кормандони муассисаи мазкур 357 ҳазор гули лолаи ҳарранга, дарахтони олу, гелос, магнолия шинонидаанд, ки нашъунамои хуб доранд.
Боғи Наврӯзгоҳ, ки дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифтааст, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну намои тоза зам кардааст.
Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии боғ ба шумор мераванд.
Шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аз ороишоти асосии дигари боғ аст.
Месазад таъкид намуд, ки ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои гулҳо ва дарахтон дар боғҳои пойтахт ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати боз ҳам зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои фароғатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дастуру супориш доданд.
www.president.tj