Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони парлумони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо

№9 (3155) 25.01.2014

IMG_0291

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 22 январи соли 2014 гурӯҳи вакилони парлумони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро аз Шветсия ва Дания, ки таҳти сарварии узви Кумитаи оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистону САҲА дар се самти асосӣ — сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ ҳамкории босамар доранд.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, тақвияти муҳофизат ва идораи марзи давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, бартарафсозии мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, поксозии қаламрави Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда, рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зоҳир гардид.

Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки масъалаи ҷалби Афғонистон ба фаъолияти САҲА ба ҳайси шарик оид ба ҳамкорӣ маҳз аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида, дастгирӣ ёфта буд.

Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои мазкур ва дигар бахшҳо таъкид доштанд.

www.president.tj