Барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ тибқи нишондодҳои «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», барномаҳои таълимӣ, стандартҳои таҳсилот, низомномаҳои намунавӣ ва дар сохтори идоракунии он мувофиқи мақсад мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои ноил гаштан ба мақсадҳои асосӣ бо чунин раванд дар зинаҳои таҳсилот солҳои зиёд лозим меояд.
Барои мисол, омӯзиши забони хориҷӣ, аз ҷумла, забонҳои русӣ ва англисӣ дар зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҳатто дар зинаи магистратураву докторантура аз рӯи ихтисоси PhD тибқи барномаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Мутаассифона, на ҳама шогирдон ин фанҳоро аз худ карда метавонанд. Забономӯзӣ бояд дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи асосӣ то синфи 9-ум ба роҳ монда шавад. Дар синфҳои 10 ва 11 хонандагон бояд озодона бо забонҳои хориҷӣ муошират намоянд. Барои ба ин дастовард ноил гаштан якчанд масъалаи асосӣ бояд меҳвар бошад:
Якум, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисон;
Дуюм, муошират дар вақти дарсҳои забономӯзӣ байни омӯзгору хонанда ва хонанда бо хонанда;
Сеюм, мавҷудияти технологияи муосир дар синфҳо.
Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба омили аввал ин аст, ки на ҳама омӯзгорони ҷавон вақте баъди аз курсии донишҷӯйӣ ба синф, ба назди хонанда медароянд, таркиби луғавии забонашон бой набуда, методика, усули умумӣ ё инфиродии таълим ва ниҳоят маҳорати суханварии ғаниро доро нестанд.
Бо ин мақсад, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот мувофиқи мақсад мебошад, зеро донишҷӯ бо шунидани лексияи омӯзгор ва супоридани рейтингу санҷишҳо фанро аз худ карда наметавонад. Бинобар ин, бештар кардани муҳлати таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён дар давоми таҳсил зарур аст. Аз ҷониби дигар, ҳамкории илм бо истеҳсолот сарчашмаи рушди иқтисодиёти кишвар буда, боиси зиёд гардидани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ ва амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодӣ мегардад.
Таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Қазоқистону Қирғизистон нишон медиҳад, ки онҳо маҳз бо ҳамин роҳ ба дастовард ноил гаштаанд. Яъне, омӯзиши забонҳо дар давраи зинаи таҳсилоти асосӣ ба анҷом расида, хонанда аллакай аз синфи 10 ба интихоби касб шурӯъ менамояд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зиёд намудани дарсҳои иловагию маҳфилҳои фаннӣ, аз қабили инкишофи нутқ ва маҳорати суханварӣ мақсаднок мебошад.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ алҳол дар равияҳои табиӣ — риёзӣ (литсейҳо), ҷамъиятию гуманитарӣ (гимназияҳо) ва умумӣ фаъолият доранд. Вобаста ба пешравии илму техника ва технологияи муосир, кашфиёт ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар равияи техникӣ тақозои замон мебошад. Бо мақсади бештар азхудкунии фанҳои табиӣ-риёзӣ дар нақшаи таълимӣ ва барномаҳои таълимии синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ворид намудани барномаҳои таълимии кишварҳои пешрафта ҷоиз аст. Ин амал тавассути истифодаи технологияи муосир, синфхонаҳои дорои тахтаҳои электронӣ ва компютерҳои пайваст бо шабакаи интернет имконпазир мебошад.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ғолибияти хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои байналхалқӣ ривоҷ гирифт. Ин дастовардҳо натиҷаи ташкили машғулиятҳои иловагӣ ва маҳфилҳои фаннӣ мебошад.
Дуруст ба роҳ мондани усулҳои таълими равиявӣ дар литсейи №1-и шаҳри Исфара (А. Азизов), муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Варзоб (М. Манонов), гимназия-интернати Ҳотам ва ПВ (А. Ҳотамов), литсей-интернати барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе (Н. Туманов), литсейи назди ДТТ (З. Маҳмадуллоев), гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара (Х. Ҳукуматов), гимназияи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат (Ф. Раҳматуллоев), литсейи №1 — шаҳри Кӯлоб (И. Сабуров), литсейи физикӣ- математикии №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи М. Осимӣ, мактаби президентии шаҳри Бӯстон (М. Муинова), литсейи президентии шаҳри Душанбе (Б. Исмоилзода), мактаби президентии ноҳияи Данғара (Қ. Абдуллоев), мактаби байналмиллалии президентӣ (М. Зувайдуллозода), муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанбе намунаи ибрат буда, дар ин замина, ки дастпарварон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналхалқӣ, махсусан аз фанҳои табиӣ- риёзӣ ва забонҳои русию англисӣ ғолиб гардиданд.
Дар Барномаи давлатии «Дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2016 – 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳадафҳои асосии таъсиси мактабҳо барои хонандагони болаёқат, шаклу усули ба равияҳо ҷудо намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва роҳҳои кашфи истеъдодҳо нишон дода шудааст.
Ҷорӣ намудани равияи техникию технологӣ барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар моро наздик мегардонад.
Бо ин марому мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.
Дар робита ба ин, ироаи чанд пешниҳодро лозим мешуморам:
- дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосир тайёр намудани омӯзгорон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ;
- зиёд намудани соатҳои дарс аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва машғулиятҳои иловагию маҳфилҳои фаннӣ;
- ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани теъдоди омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар;
- ба Донишгоҳи байналмилалии Президентӣ табдил додани яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар, ки дар он таҳсили ғолибони озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, махсусан табиӣ-риёзӣ ба роҳ монда шавад.
Ш. ГАДОИЁН,
Аълочии маорифи Тоҷикистон