Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба тарбияи ватандӯстӣ чунин иброз доштанд: «Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад».
Дарвоқеъ, таърихи Ватанро наомӯхта, ояндаро дарку тасаввур намудан ғайриимкон аст. Омӯзиши таърих имконият медиҳад, ки пеш аз ҳама, худро шиносем.
Шоири машҳур Абулқосим Лоҳутӣ фармудаанд:
Агар пурсанд аз ман: - чист аз ҷону бадан беҳтар?
Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар.
Дар бораи мақом ва ҷойгоҳи баланди Ватан cардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ таъкид кардааст: «Ватан ҳам монанди модар аз фарзанди худ дар муқобили он тарбияҳое, ки ӯро кардааст ва муносиби он ёриҳое, ки ба ӯ расонидааст, дар ҳаққи худ ҳимоят ва фармонбардорӣ талаб мекунад. Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро барҳам надодааст, Ватани худро монанди модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад ва ба ӯ хидмат менамояд ва дар роҳи ӯ аз фидо кардани ҷони худ ҳам бознамеистад. Чунки ӯ ҳама чиз, ҳатто ҳастии худро аз Ватани худ ёфтааст… Ба ин сабаб ҳар як одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан зан, фарзанд ҳамшира ва хоҳари ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст!».
Фирдавсии бузургвор низ таъкид карда буд:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Чунин даъватҳои ватандӯстонаю ватанпарастонаро бояд ҳар ҷавонмард дарк намояд ва барои хидмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омода бошад. Мо бо хидмат кардан дар артиш на танҳо сифатҳои мардонагиро тақвият мебахшем, балки аз имтиҳони бузурги ватандорӣ мегузарем. Дар маҷмӯъ, сарбози Ватан будан ифтихор аст.
Шерзод КОМИЛОВ, лейтенанти хурд,
омӯзгори омодагии ибтидоии ҳарбии МТМУ № 24 ба номи Чӯлибой Комилов, шаҳри Истаравшан