Ҳуқуқи инсон арзиши олист ва тавассути Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз мешавад. Яке аз масъалаҳое, ки баъзан боиси баҳс мешавад, поймол шудани ҳуқуқи бемор (патсиентҳо) аз ҷониби табиб ва ё дигар кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад. Ҳуқуқи патсиент чӣ гуна ҳуқуқ аст? Ба ин савол дар маҷмӯаи «Ҳуқуқҳои патсиентҳо ва кормандони тиб», ки аз ҷониби доктори илми ҳуқуқ И. Бобоҷонзода ва Х. Олимзода таҳия шудааст, ҷавоб ёфтем:
«Ҳуқуқи патсиент ин ҳуқуқҳои махсус мебошад, ки аз ҳуқуқҳои умумии шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон сарчашма мегирад ва ҳангоми гирифтани ёрии тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои ба он алоқаманд ё вобаста ба ҳама гуна таъсиррасониҳои тиббие, ки нисбат ба шаҳрвандон ба амал бароварда мешавад, татбиқ мегардад».
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон, новобаста аз баромади иҷтимоӣ, барои табобат ҳуқуқ дошта, онро метавонанд дар муассисаҳои давлатӣ ва ё хусусии тиббӣ амалӣ намоянд. Боби 7 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон, беморон ва кормандони соҳаи тандурустӣ» ном дорад, ин масъаларо ба танзим медарорад. Аз ҷумла, дар банди 1 моддаи 36 кодекси мазкур ҳуқуқ ба саломатӣ доштани шаҳрвандони кишвар муқаррар шудааст: «Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббию санитарии ройгон расонида мешавад. Дар дигар ҳолат ба шаҳрвандон кумаки тиббию санитарӣ дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ расонида мешавад».
Мувофиқи банди 2 моддаи мазкур, шаҳрвандон ба интихоби озоди муассисаи тиббӣ ва табиб ҳуқуқ доранд.
Банди 3 муайян кардааст, ки шаҳрвандон бо кумаки таъҷилии тиббӣ дар ташкилоти тандурустии наздиктарин, новобаста аз шакли моликият, мутобиқи талаботи кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мешаванд.
Тибқи моддаи 39 шаҳрвандон ба гирифтани маълумоти зарурӣ доир ба вазъи саломатии худ ва фарзандонашон ҳуқуқ доранд. Агар ин маълумот ба бемор таъсири ҷиддӣ расонида тавонад, он аз бемор махфӣ нигоҳ дошта шуда, аз ин хусус хешовандони наздики ӯ хабардор карда мешаванд.
Борҳо шудааст, ки бинобар ташхис ва ё табобати нодуруст саломатии шаҳрвандон зарар мебинад. Ин масъаларо низ қонунгузорӣ ба танзим даровардааст.
Моддаи 40 Кодекси тандурустӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро ба гирифтани товони зарареро, ки ба саломатии онҳо расонида шудааст, аз ҷумла, зарари маънавиро, муайян менамояд.
Тартиби ҷуброни зарарро бошад, моддаи 1101 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст. Мутобиқи он, ҳангоми осеб расонидан ба шаҳрванд ё дигар зарар ба саломатии ӯ, бояд музди меҳнат (даромад)-е, ки ӯ дошт ё баръало гирифта метавонист, инчунин, хароҷоти вобаста ба осеб дидани саломатӣ (барои муолиҷа, хӯроки иловагӣ, истеъмоли доруворӣ, протезкунонӣ, нигоҳубини шахси дигар, муолиҷаи санитарию курортӣ, ба даст овардани воситаҳои махсуси нақлиёт, омодагӣ ба омӯхтани касби нав ва ғайра), агар эътироф гардида бошад, ки ҷабрдида ба чунин навъи кумак ва нигоҳубин муҳтоҷ аст ва барои гирифтани кумаки ройгон ҳуқуқ надорад, ҷуброн мешавад.
Ҳангоми муайян кардани музди меҳнат (даромад)-и аздастрафта нафақаи маъюбӣ, ки ба ҷабрдида вобаста ба осеб ё зарари дигари ба саломатии ӯ расонидашуда таъин гардидааст, ҳамчунин, дигар навъи нафақаҳо, кумакпулиҳо ва навъи дигари пардохт, ки то расонидани осеб ба саломатӣ ва ҳам баъди он аз ҳисоби ҷуброн таъин гардидаанд, ба ҳисоб гирифта намешавад. Ба ҳисоби ҷуброни зарар, инчунин, музди меҳнате, ки ҷабрдида баъди расонидани зарар ба саломатӣ мегирад, дохил намешавад.
Қонун ё шартнома метавонад мутобиқи ҳамин модда андоза ва ҳаҷми бештари ҷуброни зарари ба ҷабрдида тааллуқдоштаро муайян кунад.
Мувофиқи моддаи 1102 кодекси мазкур, андозаи музди меҳнат (даромад)-и дар натиҷаи ба саломатӣ расонидани зарар аздастрафта бо фоиз нисбат ба музди миёнаи меҳнат (даромад) то бардоштани осеб ё зарари дигар ба саломатӣ ё то фарорасии гум кардани қобилияти меҳнат, дараҷаи дахлдори гум кардани қобилияти кории касбӣ ва дар сурати мавҷуд набудани он коршоямии умумӣ муайян мешавад.
Ба таркиби музди меҳнат (даромад)-и аздастрафта ҳама гуна навъи пардохти музди меҳнат оид ба шартномаҳои меҳнатӣ (қарордод) ва ҳуқуқи гражданӣ чӣ дар ҷои кори асосӣ ва чӣ дар якчанд ҷои кор, ки таҳти андозбандӣ қарор мегирад, дохил карда мешавад. Пардохти дорои хусусияти якдафъаина (ҷубронпулӣ барои истифода набурдани рухсатӣ, кумакпулӣ ҳангоми рафтан аз кор ва ғайра) ба таркиби музди меҳнат (даромад)-и аздастрафта ба ҳисоб гирифта намешавад. Дар давраи корношоямии муваққатӣ ва рухсатии вобаста ба ҳомиладорӣ ва ҳамл кумакпулии пардохтшуда ба назар гирифта мешавад. Даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин ҳаққи муаллифӣ ба таркиби музди меҳнати аздастрафта ба ҳисоб гирифта шуда, даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси маълумоти бозрасии андоз ба он дохил карда мешавад.
Агар дар музди меҳнат (даромад)-и ҷабрдида то ба саломатии ӯ расонидани осеб ё зарари дигар тағйироти устуворе рух дода бошад, ки вазъи амволии ӯро беҳбуд мебахшад (вобаста ба вазифаи хизматӣ моҳона баланд шуда бошад, ба кори нисбатан сердаромад гузаронида шуда бошад, баъди хатми муассисаи маълумоти рӯзона ба кор қабул гардида бошад), инчунин, дар дигар ҳолатҳое, ки устувории тағйирот исбот карда мешавад, ҳангоми муайян намудани музди миёнаи меҳнат танҳо музди меҳнат (даромад)-е, ки ӯ гирифтааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 1104 муайян кардааст, ки дар ҳолати марги шаҳрванд ашхоси ғайри қобили меҳнати таҳти таъмини шахси фавтида қарордошта ё то рӯзи марги ӯ ба гирифтани таъминоти ӯ ҳуқуқдошта, фарзанди фавтида, ки пас аз марги ӯ ба дунё омадааст, инчунин, яке аз волидайн, ҳамсар ё дигар аъзои оила, сарфи назар аз қобилияти меҳнатӣ, ки кор намекунад ва фарзанд, набера, бародар ва хоҳарони шахси фавтидаро, ки ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаанд ё ҳарчанд ба синну соли зикршуда расида бошанд ҳам тибқи хулосаи мақомоти тиббӣ вобаста ба саломатӣ муҳтоҷи нигоҳубини дигаронанд, нигоҳубин менамояд, ба ҷуброни зарар ҳуқуқ доранд. Ҳуқуқи ҷуброни зарарро, инчунин, ашхосе, ки таҳти таъминоти шаҳрванди фавтида буда, дар тӯли панҷ соли баъди фавти ӯ ғайри қобили меҳнат гардидаанд, доро мебошанд.
Дар моддаи 47 Кодекси тандурустӣ, ки «Ҳуқуқҳои бемор» ном дорад омадааст, ки бемор ҳангоми муроҷиат кардан барои гирифтани кумаки тиббӣ ба муомилаи боэҳтиромона ва башардӯстонаи кормандони тиб, инчунин, ҳайати хизматрасон, интихоби табиб ва муассисаи тиббӣ, барои ҳимояи ҳуқуқаш даъват кардани адвокат ё намояндаи қонунӣ ва ба ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад.
Иҷрои бечунучарои қонун, агар аз як ҷониб, самаранокии фаъолиятро зиёд намояд, аз ҷониби дигар, боис ба ташаккули ҷомеаи адолатпарвар мегардад. Шаҳрвандонро низ мебояд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқияшон талош варзанд ва дар сурати дучор омадан ба муносибат ва ё амалҳои ғайриқонунӣ ҳуқуқҳояшонро ҳимоя намоянд.
Таҳияи Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»