Ташаббус

Аз замини лалмӣ ҳам метавон ду ҳосил гирифт

№55 - 56 (4161 - 4162) 05.05.2020

roshorv2Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иброз доштанд, ки фаровонии маҳсулоти ғизоӣ ва дастурхони пури ҳар як оила аз заҳмати шабонарӯзии сокинони мамлакат, бахусус, кишоварзон, дар рӯзҳои баҳорӣ вобаста мебошад.

Сокини деҳаи Нусратулло Махсуми деҳоти «Фахрободи»-и ноҳияи Хуросон Абдураҳмон Оймирзоев миёни ҳамдеҳагон чун деҳқони асил ном баровардааст. Шуғли сокинони ин мавзеъ ва деҳаҳои атрофи он солиёни зиёд чорводорӣ ва ғаллакории лалмӣ буд. Омӯзгори собиқадор Абдураҳмон Оймирзоев чанд сол пеш бо заҳмати зиёд аз масофаи 3 километр тавассути лӯлаҳои резинӣ об оварда, кишти картошкаю помидор ва пиёзро ба роҳ монд. Ниҳолакони дарахтони сабзондааш ҳоло боровар шуданд.

Ӯ тавассути истифода аз нуриҳои органикӣ (поруи маҳаллӣ, хокистар, компости баргу пояи рустаниҳо) меваю сабзавоти хушсифату аз лиҳози экологӣ тоза мерӯёнад. Аз эҳтиёҷи хонаводааш зиёдатиро ба бозор мебарад. Ҳар сол дар атрофи роҳи сангфарш ниҳоли дарахтони сояафкану мевадор мешинонад, вале аз беаҳамиятии соҳибони чорво хушк мешаванд.

Қаҳрамони матлаб мақсад дорад, ки бо фароҳам омадани маблағ соли равон гармхонаи «офтобӣ» бунёд кунад. Он танҳо бо нури офтоб ва поруи ғарамшуда гарм мешавад. Помидор, картошка, бодиринг ва ё ҳандалаки дар чунин гармхонаҳо киштшуда як моҳ пеш аз муҳлати муқаррарӣ мепазанд. Ин имкон медиҳад, ки зироати дуюм барвақттар кишт ва пеш аз боронҳои тирамоҳӣ ғундошта шавад. Аз моҳи ноябр то феврал дар чунин гармхонаҳо пиёзи сабз, кашниз, шибит, ҷаъфарӣ ва карафс барин кабудиҳои сервитамин рӯёнидан мумкин аст.

- Сардори давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки бояд маданияти заминдориро баланд бардорем. Муносибатро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишвар тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, самаранок истифода барем ва аз заминҳои обӣ ба гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил муваффақ шавем, яъне, кишти такрориро васеъ ҷорӣ намуда, ҳар чӣ бештар маҳсулот истеҳсол намоем, — мегӯяд омӯзгори собиқадор. Ба гуфти ӯ, дар заминҳои лалмӣ баъди рӯёнидани картошкаи барвақтӣ метавон тарбузу харбуза ё кунҷид кишт кард. Ин роҳи осони самаранок истифода бурдани замин аст.

Агар дигарон аз таҷрибаи Абдураҳмон Оймирзоев истифода бурда, дар ҷойҳои ҳамвор картошкаю сабзавоти барвақтӣ ва дар нишебиҳо боғу токзор бунёд менамуданд, маҳсулот дар бозорҳо фаровон мегардид.

Хуб мешуд, ки масъулин дар бораи маданияти истифодаи самараноки замин корҳои фаҳмондадиҳиро тавсеа бахшида, таҷрибаи Абдураҳмон Оймирзоев барин ташаббускоронро тарғиб мекарданд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»