Ё чаро масъулони ноҳияи Файзобод дар посух ба мақолаҳои танқидию таҳлилӣ хомӯшӣ ихтиёр кардаанд?
Воқеан ҳам, ҳоло кам масъуле ёфт мешавад, ки муқаррароти Фармони № 622-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд. Чунин муносибат аз ҷониби масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод моро ба хулоса овард, ки ба мақолаҳои таҳлилию танқидии соли 2019-и дар рӯзнома нашршуда дигарбора назар афканем.
Аз чопи мақолаи «Чаро «Дурахшон» бе иҷозатнома фаъолият кард?» ҳафт моҳ («Садои мардум», 26 сентябри соли 2019 №115 (4065)) ва мақолаи «Боғи намунавии «Дашти Марзо» чӣ ҳол дорад?» («Садои мардум», 22 октябри соли 2019, №126 (4076)) беш аз шаш моҳ сипарӣ гардида бошад ҳам, то ҳол ҷавобе нест.
Мақолаи «Чаро «Дурахшон» бе иҷозатнома фаъолият кард?» бо сатрҳои зайл шурӯъ гардида буд: «Ҳар сол баъди ба таътил баромадани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳо истироҳатгоҳҳои тобистона ба фаъолият оғоз мебахшанд. Имсол низ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №103 аз 1 марти соли 2019 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019», истироҳати тобистонаи хонандагон бо дарназардошти шароиту имкониятҳои мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бояд ба роҳ монда мешуд. Мутаассифона, соли ҷорӣ на ҳамаи истироҳатгоҳҳо барои қабул омодагии ҷиддӣ диданд».
Қабл аз иншои мақола ба умеди тағйири вазъи ҳол дубора ба ин макон омадем. Вале баъди ба анҷом расидани басти дуюм дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» ба ғайр аз партовҳои зиёду чорвои дар дохили он сайрдошта ва майдонҳои вайронаи пур аз хоктӯда чизи дигареро мушоҳида карда натавонистем.
Дар мақола ишора гардида буд, ки истироҳатгоҳи тобистонаи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод, воқеъ дар деҳаи «Дурахшон» (собиқ Бунгакиён)-и деҳоти «Чашмасор», дар ҳолати ҳузнангезу ғайрисанитарӣ 260 нафар хонандаи муассисаҳои таълимиро дар ду баст қабул кардааст. Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Комил Латипов изҳор дошта буд, ки мутахассисони онҳо дар истироҳатгоҳи тобистонаи «Дурахшон» се маротиба корҳои санҷишӣ ва санитарию эпидемиологӣ гузарониданд. Дар натиҷа, бо сабаби ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ, ба фаъолияти он иҷозат дода нашуд. Аммо дар он истироҳати кӯдакон дар ду баст паси сар гардид…
Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Файзобод барои истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимӣ роҳбарият ва мутасаддиёни соҳа на танҳо бепарвоӣ зоҳир карданд, балки дар ҳаққи кӯдакон беинсофиро раво дида, онҳоро дар шароити ниҳоят ҳузнангез дар ду баст нигоҳ доштаанд.
Дар мақолаи «Боғи намунавии «Дашти Марзо» чӣ ҳол дорад?» аз ҳолати нобасомону номатлуби боғҳои мевадиҳандаи Файзобод, бахусус, боғи намунавии «Дашти Марзо»-и деҳоти «Қалъаи Дашт», изҳори ташвишу нигаронӣ шуда буд. Бо вуҷуди тадбирандешиҳо, ки ба ривоҷу равнақи боғу токпарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат нигаронида мешуд. Ин дар ҳолест, ки иқлими ноҳия ба боғдорӣ, аз ҷумла, парвариши себу нок, басо мусоид аст.
Шояд хонандагон ёд дошта бошанд, ки даҳуми апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушбоду ҳавои «Дашти Марзо» бо шинонидани аввалин ниҳол ба бунёди боғи намунавии себу нок дар майдони 120 гектар оғоз бахшида буданд. Тибқи тахминҳо, мебоист ба бунёд ва нигоҳубини он 60 хоҷагии деҳқонӣ машғул мешуд. Ба ин тартиб, ба ҳисоби миёна ба ҳар як хоҷагӣ 2 гектарӣ замин рост меомад ва ин имкон медод, ки беш аз 250 нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд.
Мақолаҳои таҳлилию танқидии болозикрро манзури хонандагон намуда, умед ба он баста будем, ки дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ягон зинаи мақомот ва ё ашхоси масъул вокунише хоҳад шуд, аммо…
Аз оғози бунёди боғ шаш сол сипарӣ шуд. Ҳоло ҳар нафаре, ки аз паҳлуи он гузар кунад ( боғи мазкур дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол воқеъ аст), дар ҳайрат мемонад. Аз он, на танҳо осор намондааст, балки ба харобазор табдил гардидааст.
Шояд бо он сабаб масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҷумла, Раёсати кишоварзӣ, Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, бахусус, сардорони онҳо — Эмомиддин Насриддинзода, Нусратулло Саидмуродзода ва Эмомалӣ Ҷомаҳмадов бо чанд ҷумла ҷавоб фиристоданро ба худ эб надиданд, ки сухани гуфтан надоранд?! Ё ҷавоб доданро ба шаъни худ зебанда намедонанд?
Магар чунин муносибату мавқеъгирӣ мухолифи боби 3-и моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО» нест?
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»