Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯзҳои аввали оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қатори халқу миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон низ ба ҳимояи Ватан бархоста, барои ҳар чӣ зудтар ба даст овардани ғалаба қаҳрамонию ҷонбозиҳо кардаанд. Он солҳо кор дар ақибгоҳ ҳам осон набуд.
Барои таъмини фронт бо маҳсулоти зарурӣ шабу рӯз заҳмат кашидан лозим меомад. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг самти фаъолияти корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ тағйир дода шуд. Онҳо истеҳсоли маҳсулоти давраи осоиштаро кам карда, ба истеҳсоли маҳсулоти барои давраи ҷанг зарур гузаштанд. Фабрикаи дӯзандагӣ — либоси аскарӣ (ҳарбӣ), фабрикаи чарм — пойафзоли аскарӣ, комбинати шоҳибофӣ барои парашют ва тиб маҳсулот мебароварданд. Корхонахои хӯрокворӣ ба истеҳсоли консерваҳои гуногун машғул шуданд. Азнавсозии замони ҷанг душвории зиёдро ба миён овард. Ба ҷумҳурӣ овардани ашёи хом, аз қабили химикату молҳои нимтайёр кам шуд, балки қатъ гардид. Лозим омад, ки онҳо дар ҷумҳурӣ истеҳсол карда шаванд. Ҳаёту фаъолияти меҳнаткашон ҳам ба талаботи давраи ҷанг мутобиқ гардонида шуд.
Ҳукумати Советӣ 16 августи соли 1941 барои ба Поволже, Урал, Сибири Ғарбӣ, Қазоқистону Осиёи Миёна кӯчонидани корхонаҳои саноатии дар хатти ҷангбуда қарори махсус қабул намуд ва зиёд кардани истеҳсоли силоҳи ҷангӣ, пӯлод, чӯян, ангишт ва нефтро дар мадди аввал гузошт. Як қисми муассиса ва корхонаҳои саноатӣ аз хатти фронт ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд. Ба Регар яке аз заводҳои Полтава, ба Ленинобод, Конибодом, Исфара ва Чкаловск заводи консервабарории «Красный Перекоп» аз Феодосия оварда шуданд. Ба комбинати шоҳибофии Ленинобод аз комбинати шоҳибофии Москва, ба заводи собунпазии Сталинобод аз заводи собунпазии Москва таҷҳизот ворид гардид. Баробари кӯчонидани заводу фабрикаҳо мутахассисон низ кӯчида омаданд. Зеро дар давраи ҷанг ба масъалаи тайёр кардани мутахассисон эътибори махсус медоданд. Барои бо қувваи корӣ таъмин намудани корхонаҳо 26 июни соли 1941 Президиуми Совети Олии ИҶШС қарор кард, ки рӯзи корӣ дароз ва рухсатии меҳнатии коргарону хизматчиён бекор карда шавад. Яъне, аз 26 декабри соли 1941 шароити кору фаъолияти коргарону хизматчиён мувофиқи талаботи замони ҷанг ташкил карда шуд. Азбаски қувваи асосии кории корхонаҳои саноатӣ – мардон ба ҳимояи Ватан рафта буданд, ба ҷои онҳо занону ҷавонон кор мекарданд.
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ адабиёт «вориди ҷанг» шуд. Шоирону нависандагон дар майдони адабиёт бо фашизми гитлерӣ «меҷангиданд». Шеърҳои устод С. Айнӣ «Қаҳрамон — Ленинград», «Суруди зафар», «Қасидаи ҷанг ва зафар», қиссаҳои «Исёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик-Темурмалик» аз ганҷинаи бебаҳои назми ҷангии адабиёти тоҷик ба шумор мераванд.
Дар солҳои ҶБВ ба сафи Артиши Шӯравӣ ҷамъ 34 млн. 476 ҳазор нафар намояндаи 154 миллату халқияти ИҶШС сафарбар гардидааст. Дар ҳамон давра, тибқи зарурат 45 ҳазор тоҷикистонӣ барои кор ба заводҳои ҳарбӣ ва ақибгоҳ фиристода шудаанд. Дар ҶБВ 32 ҳазор нафар аз ҷумлаи бонувони Тоҷикистон — 350 нафар ба сифати нишонзан (снайпер), 1420 автоматчӣ, 435 телеграфчӣ, 3750 телефончӣ, 4195 тирандоз ва теъдоди зиёде ба сифати ҳамшираҳои шафқат ширкат варзидаанд. Аз ҷумлаи ҷанговарон 11603 нафар намояндаи 62 миллату халқият ба унвони олии ҳарбӣ-Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 2656 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» сазовор гардидаанд.
Натиҷаи дӯстии вайроннашавандаи халқҳои советӣ буд, ки Артиши диловари он 9 майи соли 1945 бар душмани инсоният – фашизми гитлерӣ ва 2 сентябри ҳамон сол бар миллитаристони Япония ғалабаи комил ба даст овард. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 55-60 ҳазор нафар ҷанговари тоҷик бо ордену медалҳои ИҶШС, беш аз 60 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 20 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва дар ақибгоҳ 102 ҳазор нафар бо медали ҷангӣ мушарраф гардидаанд.
РАҲИМЗОДА Рустам Раҳим, дотсенти Академияи дар шаҳри Хуҷанд будаи ВКД, полковник,
Сафар ЭРКАЕВ, дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров