Таҷрибаи ниёгон дарси ибрат бояд бошад

№59 (4165) 16.05.2020

АНТИВИРУС

3612Махлуқе ноаён, вале бераҳму тавоно бо исми вируси корона бинои зиндагии одамонро дар дунё ба ларза овардааст. Инсонҳо дар рӯ ба рӯи он ширинии зиндагиро бештар ҳис карданд, фаҳмиданд, ки арзиши зиндагӣ бо ченаке санҷида намешавад. Доллару евро, рублу сомонӣ ба дард намехӯрад, қасрҳои муҳташам, марзҳои симхорпеч, сармояи ҳангуфт, танку тӯп пеши роҳи вирусро гирифта наметавонанд.

Карона ҳушманд аст, андеша меронад, ба ғазаб меояд, ором мешавад, аммо аз ҳама бештар рақсиданро дӯст медорад. Рақси бехудонаи он эъҷоз надорад, хатар дорад. Вақте мерақсад, марг табассум мекунад, гулҳо мехушканд, боғҳо хазон мешаванд, сардие абадӣ ҷои гармиро мегирад.

Мо – одамон як ҷузви табиат ҳастем, аммо худро аз он ҷудо пиндоштем, гуфтем ромаш мекунем, ҳокимаш мешавем. Он қадар ғофил шудем, ки ҳатто аз ҳамдигар фосила гирифтем. Ба ҳамдигар бо назари ҳақорат нигаристем. Аммо пеши як вирус бечора шудем. Зӯрамон ба махлуқе нарасид, ки гарде аз ӯ миллионҳо маротиба калонтар аст. Ҳамин махлуқи ноаён чархаи иқтисоди дунёро боздошт, нафаси одамонро банд андохт. Моро маҷбур кард эътироф кунем, ки шоҳу дарвеш аз ҳам фарқе надоранд.

Дар бадани мо, мағзи мо вируси худпарастӣ, бемеҳрӣ, ғофилӣ, бетараҳҳумӣ, бегонагӣ аз дер ҷо гирифта буд. Дар ниҳоят, шиками нафси мо чунон бузург гашт, ки дигар ӯро сер карда наметавонем. Ҳар қадар ҳаққи ҳамдигарро бо дурӯғу риё ва гоҳе бо зулм кашида мегирем, нафси саркашамон на сер мешаваду на ором мегирад. Аз ҳама бадтар он ки худамон ба вирус мубаддал гардидем. Вирусе, ки табиатро нобуд месозад, дилҳоро мисли кирм хӯрда аз байн мебарад, мағзҳоро месӯзонад ва ниҳоят, ба хӯрдани ҳамдигар оғоз мекунад. Шояд каронаро табиат чун антивирус дар муқобили мо офарид? Шояд аз уболу савобро нашинохтанамон ранҷид? Шояд фурсати ба худ фикр кардан, худро шинохтан нисбат ба ҳар замони дигаре муҳимтар аст? Шояд, аммо…

НИЁИШ

Покӣ дар зиндагии мардум асле буд, ки арҷ мегузоштанд ва барои расидан ба он талош меварзиданд. Яъне, покиро чун ҳадафи асосии ба камол расидан мешинохтанд. Мантиқи пок зистан ба мо меомӯзад, ки аз ҳама гуна амал ва сифати бад бояд парҳез кунем. Дар пеши ниёгон ҳар чиз ҳурмат дошт. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ обро олуда намесохтанд: ба он туф намекарданд, мағзоба намерехтанд, пору намепартофтанд… Агар хоби баде медиданд, ба об мегуфтанд, бо об худро шифо мебахшиданд. Ба замин – хок ҳам эҳтиром қоил буданд, ҳамеша онро пок нигоҳ медоштанд, ҳатто дар болояш сахт қадам намегузоштанд. Мурдагонро бадгӯӣ намекарданд, бовар доштанд, хок хабар мебарад. Яъне, хок барояшон унсури зинда, боҳуш ва дармонбахш буд.

Оташро эҳтиёт менамуданд ва нисбат ба ин унсури табиӣ беҳурматӣ зоҳир намекарданд. Ҳатто ба хокистари оташ туф андохтан, поймол сохтанро зиёновар медонистанд.

Дарахти сабзро намебуриданд, намесӯхтанд. Бодҳоро мешинохтанд ва ба муҳиту ба инсон чӣ таъсир дош­танашонро медонистанд. Сабзбод, сурхбод, сафедбод, сиёҳбод… ҳар бодеро номе ниҳода буданд.

Одамон на танҳо худро ҷузви табиат медонистанд ва пок зистанро шарти асосии зиндагӣ кардан эътироф менамуданд, балки бо Офаридгор робитаи қавию пайваста доштанд.

Дар ҳар замон дарде, балое, вабое аз худ дарак медод. Вирусе меомаду бедод кардан мехост. Дар он рӯзҳо одамон на танҳо аз илми тиб истифода мебурданд, балки ба ниёиш низ мепардохтанд. Дуоро аслиҳаи муъмин, сутуни дин ва нури осмонҳову замин мешинохтанд. Бешак, дуо таъсиргузор аст. Равоншиносе гуфтааст: «фуқдони дуо ва ниёиш дар миёни миллате баробар бо суқути он миллат аст. Иҷтимое, ки эҳтиёҷ ба ниёишро дар худ куштааст, маъмулан аз фасоду завол эмин нахоҳад буд. Бояд ниёишро пайваста ва дар ҳама ҳол анҷом дод, то асари амиқи худро дар инсон дар ҳама ҳол ҳифз кунад». Имрӯз фурсати муносибе барои дуо кардан аст. Дуо кунед то замину осмонҳо пур аз нур гарданд.

САДАҚА РАДДИ БАЛО

Инсонҳо ҳамеша ба поксозӣ кардан ниёз доранд. Парҳез аз хатоҳо, беҳурматиҳо, дурӯғҳо, бадхоҳиҳо, зулм карданҳо, ҳақношиносиҳо… маънии худро шинохтан, пок карданро дорад.

Каронавирус на танҳо душмани ҷон аст, балки муаллими хуб ҳам ҳаст. Вай таълим медиҳад, ки ба қадри ҳар нафас бирасем, ҳамдигарро дӯст дорем, ҳар лаҳзаи умрро дар кори хайр сарф созем. Меомӯзад, ки касе аз касе бартарӣ надорад, ҷони яке аз дигаре азизтар нест.

Дар гузашта, вақте балое ба сари ниёгон меомад, онҳо дастҷамъона қурбониву хайр мекарданд. Мегуфтанд, ки садақа ду асар дорад: балоеро, ки омадан дорад, аз роҳ мегардонад ва балоеро, ки ба сари мардум омадааст, мебардорад, яъне дур мекунад. Онҳо хосияти садақаро ба дурустӣ мешинохтанд. Таъкид менамуданд, ки хайр ҳафтод балоро дур гардонида, аз марги ногаҳонӣ ҷилавгирӣ менамояд. Садақа умрро дароз месозаду баракат меорад, боис ба шифо ёфтани бемор мешавад. Ҳамчунин, фақр ва наҳсро дур месозад.

Ҳар он чизе, ки дар боло зикр гашт, аз бовари ниёгон аст. Боваре, ки онҳо дар рӯзҳои сахти зиндагӣ анҷом медоданд ва муваффақ ҳам мешуданд. Гузаштагон рамзу рози табиатро хуб медонистанд, таҷрибаи онҳо дарси ибрат бояд бошад.

ВОРИС, «Садои мардум»