Ду ҷавоб ба як мақола

№59 (4165) 16.05.2020

«Валангории қасри фарҳанги Тугарак ва бетафовутии масъулин»

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмин намудани қасри фарҳанги деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷониби масъулини ноҳия санҷиш гузаронда шуд. Дар натиҷа маълум шуд, ки он соли 1999, баъди ташкили колхози ба номи К. Томин, ба тавозуни ҷамоати деҳоти «Тугарак» гузаронида шудааст ва то соли 2012 фаъолияти хуб доштааст.

Тавре дар мақола зикр гардидааст, айни замон бинои он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Инчунин, китобхона-филиали №21, ки дар қасри фарҳанги болозикр ҷойгир буд, аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба бинои Ҷамоати деҳоти «Тугарак» кӯчонида шудааст.

Назар ба қавли раиси Ҷамоати деҳоти «Тугарак» Амирхон Ҳалимов, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қасри фарҳанг пурра азнавсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Бо вуҷуди камбудиҳои дар мақола зикршуда, кормандони соҳаи фарҳанги деҳоти «Тугарак» фаъолиятро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоти дахлдор дар чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.

О. НАЗАРИЁН, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

*******

Бахши Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба маълумоти шумо мерасонад, ки мақолаи рӯзноманигор Исломи Раҷабалӣ таҳти унвони «Валангории қасри фарҳанги Тугарак ва бетафовутии масъулин», ки дар нашрияи «Садои мардум» шумораи №33 аз 17 марти соли 2020 ба табъ расидааст, мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор дода шуд.

Маълум гардид, ки қасри фарҳанги деҳаи Тугараки деҳоти «Тугарак», соли 1999, баъди таҷдиди колхози ба номи К. Томин, ба тавозуни деҳоти «Тугарак» гузаронида шудааст ва то соли 2012 фаъолияти хуб доштааст. Бинои қасри мазкур маротибаи охир соли 2008 таъмир гардидааст.

Тавре дар мақола омадааст, бинои қаср дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Филиал-китобхонаи №21, ки пештар дар бинои қасри фарҳанг фаъолият менамуд, аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба бинои Ҷамоати деҳоти «Тугарак» кӯчонида шудааст.

Алҳол ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, азнавсозию сохт­мони иншооти фарҳангӣ дар ҳама гӯшаю канори ҷумҳурӣ бомаром идома доранд. Дар ин доира бинои қасри фарҳанги деҳаи Тугарак низ аз таъмири асосӣ бароварда, мавриди истифода қарор дода мешавад.

А. ОДИНАЕВ, мудири бахши Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб