Воқеан, алҳол вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ пешгӯинашаванда гардида, мардуми оламро ноорому осебпазир намуда, мушкилии зиёдро пеш овардааст. Мувофиқи пешгӯии коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус, бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо, вазъият дар ҷаҳон боз ҳам мушкил мегардад.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли ҷорӣ расман эпидемияи коронавирусро пандемия эълон кард. Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи он бо вирусе, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Халқии Хитой ошкор гардид, беш аз 4 миллион нафар одам дар 212 кишвари дунё сироят ёфтаанд. Барои пешгирӣ намудани паҳншавии босуръати коронавирус кишварҳо сарҳадҳои худро баста, гардиши миллионҳо нафар одамро бо ин роҳ маҳдуд намуда, амалиётҳои тиҷоратиро боздоштанд. Андешидани чораҳо ба суст шудани рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ боис гардида, ба фаъолияти бозорҳои байналмилалии молиявӣ таъсир расонида, боис ба паст рафтани нархи қоғазҳои қиматноки ширкатҳои бонуфузи дунё гаштааст.
Пешгӯии дақиқи зарари бемориро то ҳол ягон кишвари дунё муайян накардааст. Аммо дар асоси таҳлилҳои коршиносон, якчанд оқибати манфии пандемияро барои иқтисодиёти ҷаҳон номбар намудан мумкин аст: пастравии сатҳи истеҳсолот, ихтисоршавии ҷойҳои корӣ (махсусан, дар бахши хизматрасонӣ), паст гардидани даромаднокии бонкҳо аз ҳисоби бад шудани вазъи молиявии қарзгирандагон, коҳишёбии даромадҳои бахши сайёҳӣ. Дар натиҷаи таъсири манфии ин ҳолатҳо арзёбии рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ 2,4 фисад пешгӯӣ гардида истодааст, ки аз пешгӯии аввала 2,9 фисад камтар аст.
Ҳамчунин, тибқи арзёбиҳои гуногун, то охири моҳи майи соли ҷорӣ иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад аз 1,2 то 1,5 фоизи иқтидори умумиро аз даст диҳад. Гузашта аз ин, коршиносон қайд менамоянд, ки дар ин ҳолат фаъолияти соҳибкории хурду миёна бештар зарар мебинад. Барои муқоиса ин маълумотро мисол овардан мумкин аст: дар семоҳаи чоруми соли 2008, ки аз ҷиҳати буҳрон семоҳаи аз ҳама вазнин ҳисобида мешуд, коҳишёбӣ ба 1,6 фоиз баробар буд. Мутобиқи пешгӯӣ, дар сурати амалӣ шудани сенарияи ресессияи ҷиддӣ бошад, сатҳи коҳишёбии иқтисодиёти ҷаҳонӣ боло рафта, он дар соли 2020-ум 2,5 фоиз манфӣ арзёбӣ мегардад ва танҳо соли 2021 вазъ каме беҳбудӣ ёфта, то 3 фоиз афзоиш меёбад. Коршиносон андеша доранд, ки пандемияи коронавирус дар ду соли наздик ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ 5 трлн. доллар зарар мерасонад.
Бемории коронавирус ба кишварҳои ҷаҳон, бахусус, ба Россия ва Чин, ки шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, таъсири манфӣ расонида, дар мавриди сустшавии иқтисодиёти онҳо эҳтимолияти таъсири он ба иқтисодиёти мамлакат низ дар назар аст. Аз ҷумла, коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёт ва сари вақт татбиқ нагардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ метавонад ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан, савдои дохилию хориҷӣ, бахши хизматрасонӣ ва сайёҳӣ таъсири манфии зиёдтар расонад.
Бо вуҷуди ин, дар атрофи масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва иқтисодиёти миллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои дунё ҷиҳати дар сатҳи муайян нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти миллӣ иқдомҳои нек амалӣ намуда, талошҳои қотеъона ва саривақтӣ бурда истодааст.
Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарӯзӣ дорад.
Ҳукумати кишвар тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт пардохт намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти ниёзи аввал роҳандозӣ намуда, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ҳамчунин, барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани киштукори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти хӯрокворӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.
Ҳоло дар мамлакат банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа босуръат идома дорад. Қабл аз ҳама, пешгирӣ, чораҷӯӣ аз беморӣ ва тақвият додани низомҳои миллӣ барои таъмини омодагии низоми тандурустӣ роҳандозӣ гардида, барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус имкониятҳо сафарбар гардидаанд.
Инчунин, аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷилавгирӣ аз пандемия ва оқибатҳои он назаррас буда, мардуми кишвар амалҳои солеҳи инсонпарварона ва корҳои хайру нек анҷом дода истодаанд. Хушбахтона, дар ин рӯзҳои мушкил шумораи шахсони соҳибдилу накӯкор ва соҳибкорони саховатпеша хеле зиёд буда, воқеан ҳам, мояи ифтихори миллӣ дар байни дигар халқу миллатҳо мебошад. Соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкори ватанӣ ва бурунмарзӣ ба хотири ҳифзи сиҳатӣ ва офияти мардум аз бемории хатарнок ба муборизаи дастҷамъона ҳамроҳ шуда, барои ҳалли саривақтии муаммою мушкилоти мавҷуда камари ҳиммат бастаанд. Ин ҳама сарҷамъию муттаҳидии миллат ба шарофати иқдомҳои наҷибона дар пайравӣ аз амалҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, зеро ба таъкиди Сарвари давлат дар рӯзҳои сахту вазнин дасти ёрию кумак дароз намудан ба эҳтиёҷмандону ниёзмандон аз некутарин амалҳои хайру савоб ба шумор меравад.
Чӣ тавре ки коршиносон аз таҷрибаи кишварҳои дунё муайян намудаанд, ду роҳи мубориза бо вирус пеш гирифта шудааст. Қабл аз ҳама, карантини шадид аст, ки дар натиҷаи он корхонаҳо аз кор мемонанд ва одамон дар хонаҳо қарор мегиранд. Роҳи дигар, карантини нарм аст, ки одамон дар ин ҳол ба кори маъмулӣ идома медиҳанд ва музду маошашонро пайдо мекунанд. Вале риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва манъи маъракаҳои серодам имкон медиҳад, ки раванди мубтало шудан ба маризӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирад.
Алҳол пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад, ки аз болои вируси аср дастболо гардем. Бинобар ин, зарур аст, ки дар атрофи Роҳбари давлат сарҷамъ гардида, масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастаҷамъона ҳаллу фасл намоем. Бо боварии комил ва иродати қавӣ метавон гуфт, ки мардуми Тоҷикистон аз имтиҳонҳои сангину мураккаби замон сарбаландона гузашта истодаанд.
Дар лаҳзаҳои барои мардум душвор, мо, вакилони мардумӣ, бо тамоми ҳастӣ дар паҳлуи миллату давлат буда, талош менамоем, ки дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада, ба интихобкунандагон кумак расонем. Ҳамчунин, захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус самаранок истифода намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда истодаем. Ва итминони комил дорем, ки бо сарҷамъию муттаҳидӣ, саъю талоши якҷоя ва албатта, бо кумаку дастгирии ҷомеаи меҳнатӣ, бо саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳру деҳот ҳама ин мушкилиро паси сар мекунем, аз вабои аср раҳоӣ меёбем ва ба рӯзгори орому осоишта идома бахшида, мамлакатро боз ҳам ободу зеботар мегардонем.
Ҳоким Холиқзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия