Суҳбати телефонии Президенти мамлакат бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо

№59 (4165) 16.05.2020

d20_000414 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Суғд, раисони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак, ноҳияҳои Вахш, Файзобод, Нуробод, Рашт ва Лахшро оид ба рафти пешгирии паҳншавии вируси COVID — 19 шуниданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда дар бобати мақсаднок ва суроғавӣ расондани кумакҳои расида, таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ба гирифторони беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои хизмат­расонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибону кормандони соҳаи тиб, ки бевосита дар мубориза бо беморӣ ва табобати беморон машғуланд, изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳаёти ҳар як бемор аз сатҳи баланди касбӣ ва маҳорату таҷрибаи духтурон сахт вобастагӣ дорад.

Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикргардида дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID — 19 пешгирӣ ва табобати мубталоёни бемориро зери назорати қатъӣ гирифта, ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳои пешомада чораҳои саривақтӣ андешанд.

www.president.tj