Мубориза бо бемории СОVID-19 кори дастаҷамъист

№60 (4166) 19.05.2020

Ахмадзода Бахтиёр ХикматуллоМардуми ҷумҳурӣ пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар дар марҳилаи душвори таърихӣ имтиҳонҳои ҷиддиро пушти сар гузошта, ҳоло таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегардад.

Маҳз муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ буд, ки душвортарин лаҳзаҳои зиндагиро паси сар намудем. Алҳол зиндагӣ дар баробари дигар халқҳои ҷаҳон, гузаштан аз имтиҳони навбатиро озмоиш мекунад.

Дар чунин марҳилаи ҳассос бояд аз як гиребон сар бароварда, алайҳи душманон, ки бо дасисакорию иғвоандозӣ машғуланд, бо муттаҳидию сарҷамъӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, худдорӣ аз беҳудагардӣ, инчунин амал намудан тибқи тавсияҳои духтурон, ба ваҳму таҳлука наафтода, имтиҳони сарнавиштро сарбаландона гузарем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 апрели соли ҷорӣ, дар баробари додани тавсияҳо ҷиҳати мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, таъкид намуданд, ки «Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории ­худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем. Ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони муҳтоҷ ёрмандӣ кунем ва бовар дошта бошем, ки ин рӯзҳо низ мисли давраҳои аз ин вазнинтар ҳатман мегузаранд».

Аз ин рӯ, кори аввалину ҳаррӯза бояд риояи гигиенаи шахсӣ, шус­тани дастон бо собуну маҳлулҳои махсус, худдорӣ аз ташкили маъракаву ҷамъомадҳо бошад.

Мардуми сарбаланду меҳнатқарини мамлакат баъди бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ айёми хушию хурсандӣ, тӯю тамошо ва иду ҷашни зиёдеро бо рӯҳияи баланди шодию нишот таҷлил намуданд. Ҳоло дар пешорӯ баргузор намудани рӯзҳои хурсандӣ, аз ҷумла, таҷлили ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки ба он ҳамаҷониба омодагӣ идома дорад.

Туфайли иродаи мустаҳкаму қавӣ ва рӯҳияи баланд метавон дар рӯзҳои ҳассос, ботаҳаммул буд. Инчунин, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сарбаландона иҷро намуда, қитъаҳои замини наз­диҳавлигӣ, заминҳои президентӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, заминҳои назди муассисаву ташкилотҳоро боз ҳам босамару оқилона истифода бурда, барои ду соли оянда озуқа захира намоем.

Дар баробари ин, зарур аст, ки ба қадри меҳнату ҷонфидоии духтурон, ки дар ҷабҳаи мубориза бо бемории сироятии COVID-19 дар сафи пеш қарор дошта, қаҳрамонона шабу рӯз заҳмат мекашанд, расем. Нотавонбинонеро, ки дар ҳаққи духтурон носазо мегӯянд, маҳкум созем ва ба иғвоандозон ҷавоби сазовор диҳем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 таҳти №АП-1378 барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ барои табибону кормандони ҳайати техникӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дувоздаҳ миллиону чорсаду шонздаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз ғамхории навбатии Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад.

Дуруст аст, ки як зарраи ба чашм нонамоён мардуми ҷаҳонро ба по хезонд, ҷони садҳо ҳазор сокини сайёраро гирифт, вале бо вуҷуди ин набояд рӯҳафтода шавем. Оила, фаразандон ва дар маҷмӯъ ҷомеаро ба яъсу ноумедӣ наандозем. Баръакс, ба ҷойи таҳлукаю воҳимаи беасос шахсони калонсол, махсусан бобову бибиҳо, падару модарон ва оилаву фарзандонро эҳтиёт кунем.

Муҳимтарин шарт дар мубориза ба вабои аср муттаҳидию сарҷамъӣ, риояи ҳатмии тавсияи табибон, истеъмоли саривақтии хӯрокҳо ва меваҳои тару тоза арзёбӣ мешавад. Бинобар ин, бояд дилпурона ба зиндагии рӯзмарра ва меҳнати ҷисмонӣ идома дода, аз гирифторӣ ба беморӣ тарс надошта бошем. Тавре Абӯалӣ ибни Сино таъкид намудааст, воҳима нисфи беморӣ, оромӣ нисфи саломатӣ ва босаб­рӣ оғози сиҳатшавӣ аст. Инчунин мутафаккири бузурги амрикоӣ Бенҷамин Франклин изҳор дошта, ки оромӣ ва босабрӣ бузургтарин қувваи ботинии инсон буда, шахси дорои чунин неру метавонад ба мақсадҳои дилхоҳаш ноил гардад.

Пас, барои ноил шудан ҷиҳати нобуд намудани касалии сироятии COVID-19 далеронаву оромона ва таҳаммулпазирона якҷо мубориза барем ва нагузорем, ки дар қалби сокинони кишвар ваҳму таҳлука ҷой гирад.

Бахтиёр АҲМАДЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон