Боғдорӣ дар минтақаи Рашт аз қадимулайём соҳаи асосии хоҷагии халқ буд. Солҳои охир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, боғҳои нав бунёд ва боғҳои куҳна эҳё мегарданд.
Дар ноҳияи Нуробод масъулини соҳа барои рушди боғпарварӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Боғдорони ноҳия ният доранд, ки дар масоҳати 15 га боғи нав бунёд намуда, 31 га боғҳои куҳнаро барқарор намояд.
То кунун дар 12 га боғҳои нав бунёд гардида, 23 га боғҳои куҳна барқарор гаштанд.
Кишоварзон дар баробари ин ба дигар соҳаҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. То ин дам дар рушди боғдорӣ 22 га ғалладонагӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 15 га зиёд ё 2,2 баробар), 3 га зироати техникӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 60 фоиз кам), 67 га картошка (нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 65 га зиёд) гузаронида шуд.
Дар семоҳаи аввали соли равон маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 24 миллиону 524 ҳазор сомонӣ расида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 198 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, деҳқонони ноҳияи Нуробод ният доранд, ки ягон порча замини ҳамвор холӣ намонад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»