Парвариши ҷангал ва ҳифзи он аз масъалаҳое мебошад, ки дар ноҳияи Рашт ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Дар доманакӯҳҳои шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бунёди 200 гектар ҷангалзор ба нақша гирифта шуд. Аввали моҳи апрели соли равон беш аз 1000 корманди ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни ноҳия барои бунёди ҷангалзори нав ба доманаи кӯҳи Мунданӯл сафарбар шуда, зиёда аз 9000 ниҳоли мевадиҳандаю ороишӣ ва сояафкан шинонданд.
Сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия Абдулазиз Қаландаров гуфт, ки дар ин доманакӯҳ соли гузашта дар 16 гектар 720 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 1020 бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонда буданд. Имсол 6450 ниҳоли дарахтони мевадиҳанда 4200 бех сояафкан ва 100 бех ороишӣ шинонданд.
- Ният дорем, ки сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирем. Айни ҳол дар ноҳия 1750 гектар ҷангалзор ва як гектар ниҳолхона мавҷуд буда, давра ба давра 20 гектар ҷангалзори нав бунёд ва 60 гектар ҷангалзори куҳна барқарор мегардад, — гуфт дар хатми суҳбат А. Қаландаров.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»