Дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент якҷо бо муассисаи «Маърифатпарвар» истеҳсоли ниқоби тиббие ба роҳ монда шуд, ки дар таркибаш оби нуқра дорад.
- Айни ҳол кор дар як баст ба роҳ монда шуда, дар як шабонарӯз то 10 ҳазор ниқоб истеҳсол мешавад. Ба истеҳсоли ниқоб муаллимони донишкада ва дӯзандагони маҳаллӣ ҷалб шуда, ду навъи ниқоб – яккарата ва бисёркаратаро омода мекунанд, — гуфт зимни суҳбат ноиби ректор Фотима Сироҷзода.
Ӯ афзуд, ки ниқобҳои истеҳсолшуда ба МИМҲД шаҳри Панҷакент ва сохторҳои қудратии шаҳр ройгон ва ба дорухонаҳо барои фурӯш (бо нархи 2 ва 3 сомонӣ) тақсим мешавад. Як қисми онҳо ба Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент» ва аҳолии ниёзманди шаҳр ройгон тақсим гардид.
Истеҳсоли ниқоб бо истифода аз оби нуқра дар ҷумҳурӣ бори аввал ба роҳ монда, он аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шуд. Маҳлули нуқра хусусияти зиддивирусӣ дошта, бо шустан ва дарзмол кардани матои ниқоб бухор намешавад.
Р. УМАР, «Садои мардум»