Гоҳе ки дар бораи Ватан андеша мекунем, бояд ҳар яки мо ба пуштманзари ин вожаи муқаддас бо чашми дил назар афканем. Ва агар дидагони дили афроди ватандӯст равшан бошанд, бе ҳеҷ мушкилӣ мебинанду ташхис мекунанд, ки маънои ин калима аз он чӣ мо медонему мебинем, фарогиру бештар аст. Ба мафҳуми вожа, дар баробари марзу буми мутааллиқ ба миллат, зану фарзанд, хонаву дар, модару хоҳар, падару бобо ва хешу ақрабо низ дохиланд, ки ҳар кадомашон бароямон азизанд. Вазифадор ҳастем, ки ҳамеша омода бошем, то онҳоеро, ки дар боло ёд кардем, муҳофизат намоем.
Аз таърих хондаем ва тариқи синамо аз ҳаводису воқеаҳои кишварҳое, ки душмани тавоное онро забт мекунад, медонем, ки онҳо ба чӣ корҳо даст мезаданд. На танҳо хоки муқаддаси Ватанро бо пои номуборак ифлос мекарданд, балки шаҳру деҳро оташ мезаданд, занону модаронро таҳқир мекарданд, пирони барҷомондаро қатл менамуданд, дороии мардумро ба яғмо мебурданд.
Мақсад аз ин муқаддима чист? Баъзан мешунавем ва ё аз тариқи рӯзномаҳо ва дигар васоити ахбори омма огоҳ мегардем, ки ҷавонон дар рӯзгори орому осудаи Тоҷикистони азиз аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ мекунанд. Чун ба номи нафаре аз Комиссариати ҳарбӣ даъватнома меояд, волидайн ва хешу ақориб «илоҷ» меҷӯянд, ки ҷавонро аз хизмати аскарӣ наҷот диҳанд. Ҳол он ки дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ ҷавонони тоҷик дар ҷумҳуриҳои бародар, дур аз падару модар хизмати Ватанро адо менамуданд. Рӯзи ба хизмати Ватан рафтани ҷавонон барои мардум тӯй буд. Дастархони пур аз нозу неъмат меоростанду ашхоси зиёд барои гусел меомаданд. Ҳамон солҳо низ мешуд, ки аскарбачае дар шаҳри дур бо марги табиӣ ва ё сабабе вафот мекард. Ҷасади ӯро бо эҳтиром ба зодгоҳаш меоварданду ба хок месупурданд ва касе хабарҳои ваҳмангезро байни мардум пароканда намекард. Ҷавононро наметарсонданд.
Ногуфта намонад, ки дар ҳама давру замон ҷавонони боору номуси тоҷик дар майдони набард далерона дар муқобили душман меҷангиданд ва ҳатто ба хотири нангу номус ҷони ширинро дареғ намедоштанд. Дар ин боб мисолҳо фаровонанд, вале ин ҷо имкони шарҳи аз ин беш нест. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) тоҷикаскарон дар қатори дигар намояндагони ҷумҳуриҳои бародар, садҳо корнамоӣ карданд ва қаҳрамонии зумрае аз онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Сад ҳайф, ки зумрае аз фарзандону наберагони он мардони ғаюр имрӯз тарсуӣ ва майдонгурезӣ мекунанд.
Алҳол бояд ҳар кадоми мо, аз пир то барно, шукрона кунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ободу ором гардонданд, барои осудагии мардум тамоми шароит фароҳам оварданд. Дар бадали бедорхобиҳо, заҳмати зиёд ба чунин комёбӣ муваффақ гаштанд. Туфайли истеъдоди бемисл ва ақлу заковати додаи Худованд барои мо давлат ва мамлакати озод сохтанд. Шукрона бояд кард. Пешвои миллат бо кордониву оқилӣ мамлакатҳои дунёро водор намуданд, ки дар мисоли Тоҷикистони азизи мо кишвареро эътироф намоянд, ки мардумаш, ба ҷуз амалҳои хайру созанда, ба кори дигар машғул нест. Аммо ин маънои онро надорад, ки оромиву амонии мамлакат таъмин аст ва метавонем ба тарзи хостаамон пайи кору зиндагӣ бошем. Набояд фаромӯш кард, ки бо вуҷуди ҳама дастоварду комёбиҳо, гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба сохти давлатдории мо, ба рӯзгори тинҷу осудаи мо ҳасад мебаранд. Ба ҳар восита мехоҳанд осудагии мамлакатамонро халалдор намоянд.
Далели дурустии ин гуфтаҳо воқеаи мудҳише шуда метавонад, ки дар Ишқобод охири соли гузашта рух дод. Баъди баргузории Рӯзи Конститутсия, шабҳангом дастае аз ватанфурӯшону хоинони миллат оромии кишварро халалдор карданд. Онҳо ташнаи хуни инсон буданд, ташнаи хуни бародару падарони хеш. Агар сарбозони диловар-ҷавонони ватандӯст пеши роҳи онҳоро намебастанд, кӣ медонад чӣ ҳодисаҳои мудҳиш дар пеш буд? Ба ҳамин хотир ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша барои дафъи бало омода бошем.
Ягон сухани гузаштаҳо беҳикмат нест. Агар ба панду андарзи пешиниён диққат диҳем, дар зиндагӣ сабақи хуб хоҳем гирифт. Бузургон фармудаанд, ки «Тайёрии об дар хушкӣ». Ин маънии онро дорад, ки агар шумо хоҳиши аз дарё гузаштан дошта бошед, бояд ҳангоми дар соҳил буданатон омодагӣ гиред. Лавозимоти заруриро муҳайё намоед, то ҳангоми убур ба мушкилӣ мувоҷеҳ нагардед.
Агар мамлакат орому осуда аст, набояд ҷавонон бепарво бошанд. Хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагист. Мактабест, ки он ҷо ҷавонон дарси худшиносӣ, ҷавонмардӣ, ҷасорат, ҳифзи марзу бум, ҳифзи нангу номус ва ғайраро аз бар мекунанд, обутоб меёбанд ва дар лаҳзаҳои барои Ватан душвор метавонанд мардона аз манофеи миллӣ пуштибонӣ намоянд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандии мост. Агар модар моро нуҳ моҳ дар батн мегардонаду ду сол шир медиҳад, Модар — Ватан то охирин лаҳзаи умр моро мехӯронаду мепӯшонад ва дар оғӯшаш осуда кору зиндагӣ мекунем. Ватан хонаи умеди ҳар кадоми мост. Пас, зарур аст, ки ҳар кадом ба хотири ватандорӣ кору зиндагӣ кунем.
Шоири маъруфи тоҷик Рустами Ваҳҳоб дар боби ватану ватандорӣ шеъри зебое дорад, ки дар хатми мақола бамаврид медонам онро пешкаши хонандагони азиз намоям:
Кист ғамхори Ватан — гар на ту бошию на ман?
Чашми бедори Ватан — гар на ту бошию на ман?
Кист то бигзарад аз пайкари худ, то бидамад,
Ҷон ба пайкори Ватан — гар на ту бошию на ман?
Кист, то санг агар нест, сари худ биниҳад,
Пойи девори Ватан — гар на ту бошию на ман?
Тан ба хорӣ кӣ диҳад то наканад дасти адӯ,
Гул зи гулзори Ватан — гар на ту бошию на ман?
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»