Мақомоти худидораи маҳаллӣ масъалаҳоеро, ки ба салоҳияташон дахл доранд, мустақиман ё тавассути вакилони Маҷлиси ҷамоат мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор медиҳанд. Дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» муайян шудааст, ки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст.
Бо мақсади амалӣ сохтани ҳуқуқи шаҳрвандон ва иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ҷамоатҳо ёрӣ мерасонанд ва ба ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Деҳоти «Ориён»-и шаҳри Ҳисор аз маркази шаҳр дар масофаи 30 — 35 километр, миёни қаторкӯҳҳои Боботоғ, воқеъ буда, дар марзи Ҷумҳурии Точикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҷойгир аст. Аҳолии он бештар аз 10 ҳазору 300 нафарро ташкил медиҳад. Шуғли асосии сокинонаш чорводорӣ ва боғу зироаткорист. Ҳудуди бештари ин мавзеъро кӯҳсор иҳота кардааст. Аз ин рӯ, масоҳати бештари деҳотро чарогоҳ ва ҷангал ташкил намуда, заминҳои истифодашаванда хеле зиёданд. Солҳои охир бо кумаку дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати самаранок истифода бурдани ин сарвати беназири табиат тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Дар ҷангалзори ин мавзеъ дарахтони мевадиҳандаи писта ва бодоми ширин парвариш меёбанд. Ҳамчунин, бо дастгирии сокинон дар заминҳои бекорхобидаи лалмии ҳудуди деҳот 83,71 гектар боғ бунёд карда, ниҳолҳои мевадиҳандаи ба иқлими кӯҳистон мутобиқ шинонида шудааст.
- Ба барқарор намудани намудҳои нодири мева, васеъ гардонидани боғҳои нав сокинони деҳот низ таваҷҷуҳи зиёд доранд, — мегӯяд раиси ҷамоати деҳоти «Ориён» Камолидин Беков. — Аз усули озмудашудаи боғдорӣ-пайвандкунии навъи ниҳолҳои мевадиҳанда деҳқонон зиёдтар истифода мебаранд. Ба ин восита навъҳои серҳосили ниҳолҳои мевадор ва муҳлати бороварии онҳо зиёд гардонда мешавад.
Дар хоҷагиҳои деҳот имсол 300 бех ниҳол, аз ҷумла беш аз 200 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд.
Ба рушди минбаъдаи кишоварзӣ шаш хоҷагии шарикӣ, 77 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ машғуланд. Онҳо ба мавсими киштукори баҳорӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар заминҳои дар ихтиёрдошта кишти ғалладонагиҳо, пахта, картошка, пиёз ва дигар намуди сабзавотро гузаронданд.
Мақомоти худидораи деҳа ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ободонӣ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
- Ба ҳалли мушкилоти деҳот мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кумак ва дастгирии доимӣ мекунад, — мегӯяд Камолидин Беков. — Натиҷаи он буд, ки бинои мактабҳои ҳудуди деҳот таъмир ва заминҳои кишоварзии ҳамаи ҳафт деҳа обёрӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба воситаи хати обгузар аҳолии деҳаҳои ҳудуди деҳот аз дарёи Кофарниҳон бо оби тоза таъмин гардиданд.
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳот 37 иншооти гуногун, аз қабили муассисаҳои таълимию тандурустӣ, иҷтимоӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, таъмири пурраи роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо, мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёи Кофарниҳон, иваз намудани симчӯбҳои барқ ва ноқилҳои он марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи раиси ҷамоат, то кунун аз шумораи онҳо ҳашттояшон ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Мурутак, ду синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №65, мағозаи маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум, дӯкони гӯштфурӯшӣ ва истгоҳ дар деҳаи Чанор, мағозаи хӯрокворӣ, дӯкони гӯштфурӯшӣ ва истгоҳ дар деҳаи Шарафобод ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Гулистон, Шарафобод, Ҳоҷигирдоб ва чор синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №27-и деҳаи Ҳафттеппа дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Дар қатори ин иншооти ҷашнӣ рӯзҳои наздик дар деҳаи Ҳалқарӯд курси омӯзиши дӯзандагӣ барои духтарону занони бешуғл ташкил карда мешавад. Айни ҳол сохтмони майдончаи футбол дар деҳаи Чанор, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ ва бозорчаи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои ниёзи аввалияи мардум дар деҳаи Гулистон, гармхона барои парвариши лимӯ дар деҳаи Шарафобод аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳаҳо ҷараён дорад.
- Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Ҳисор, ки таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад, хусусан дар деҳоти он ба санъати қадимаи ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Деҳаҳои Ҳоҷигирдоб, Чанор, Гулистон, Шарафобод, ки қадимианд, ба анъанаву ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса доштанд, ки то ҳол побарҷоянд. Сокинони деҳаҳои номбурда бо гилембофӣ, қуроқбофӣ намадбофӣ, ресандагӣ, шерозбофӣ, пупакбофӣ, гулпартоӣ дар гилемҳо, либосҳои арӯсии қадимаи миллӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ ва ғайра машғуланд. Маҳсули чирадастони ин ҳунарҳо борҳо дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар чорабиниҳои фарҳангии шаҳри Ҳисор ва ҳатто дар сатҳи ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуда, баҳои баланд гирифтанд, — мегӯяд Камолидин Беков.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ мегардонад.
Вобаста ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ҷамоати деҳоти «Ориён» аз ҳисоби шахсони бомаърифату кордон ва омӯзгорони ботаҷриба дар ҳар деҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода, тибқи нақша бо мардум суҳбату вохӯрӣ гузаронида, онҳоро ба китобхониву китобдорӣ ташвиқ менамоянд. Ҳарчанд деҳаҳои ҳудуди ҷамоат камаҳолианд, вале роҳбарият ва раисони маҳаллаҳо тасмим гирифтаанд, ки дар онҳо китобхона ташкил намуда, шавқу рағбати ҷавонону наврасон ва калонсолонро ба китобхонӣ зиёд намоянд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»