Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ дода, афзуданд, ки бо мақсади захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 394 яхдон, сардхона ва анбор бо ғунҷоиши 148163 тонна ба қайд гирифта шудааст.
- Тибқи маълумоти охир, дар сардхона ва анборхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 10063 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, 649 тонна мева, 607 тонна ангур, 4085 тонна картошка, 4043 тонна сабзавот ва 679 тонна маҳсулоти дигари кишоварзӣ захира шуда, ҳар рӯз ба нуқтаҳои савдо ба фурӯш бароварда мешаванд, — гуфт Кароматулло Саидов, мудири шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ.
М. УСМОН, «Садои мардум»