Хурсандиовар аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми неру ва имкониятро дар мубориза бо коронавирус истифода карда истодаанд. Чанде пеш бо супориши Сардори давлат ба вилояти Суғд – 140, ВМКБ-46, вилояти Хатлон-160 ва ноҳияҳои тобеи марказ 40 мошини пурбор туҳфа фиристода шуд. Сокинони мамлакат аз ин амали хайрхоҳона изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории хешро ба Пешвои миллат баён доштанд.
Кумаки моддии ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрасгардида аз 900 тонна озуқа ва доруворӣ иборат буда, маблағи он беш аз 6,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Он ба муассисаҳои тиббии вилоят, шахсони мубталои бемории коронавирус ва табибон дастрас шуд.
Ҳамчун иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ қайд карданиам, ки таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти аз ин ҳам мураккаб — ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-умри асри гузаштаро паси сар намуда, ба Ваҳдати миллӣ расидем. Боварӣ дорам, ки бо роҳбарии Пешвои миллат аз ин вазъияти мушкил ҳам мебароем. Мутмаинам, ки касалии мазкур рафъ шуда, мардум созандагиро тавсеа мебахшанду идома медиҳанд ва ҷашнҳои таърихиро бошукӯҳ баргузор мекунем.
Сафар ЭРКАЕВ, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров