Кони мармари Даштак дар замони шӯравӣ шуҳрати зиёд дошт. Дар он корхонаи калони истеҳсоли тахтасангҳо фаъолият мекард. Дар шафати коргоҳ ошхона ва бошишгоҳи истироҳатӣ барои коргарон фаъол буд. Мутаассифона, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ он якбора аз фаъолият бозмонд.
Соли 2015, зимни сафари корӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кони «Санги мармар»-ро дида дастур доданд, ки фаъолияти он мураттаб ба роҳ монда шавад.
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҷаҳонгир» ин масъулиятро бар дӯш гирифта, истихроҷи санги мармарро ба роҳ монд.
Дар даврони шӯравӣ ба воситаи таркиш санги мармарро аз кон берун меоварданд. Биноан, кӯҳи мармар аз ин таркишҳои пай дар пай рахна пайдо карда, сифаташро тамоман аз даст додааст.
Се сол аст, ки дар ин мавзеъ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Архстрой» корҳои ҷустуҷӯӣ мебарад, аммо то ҳол мармари тозаи нокафида дарёфт нашудааст.
Кӯҳи мармар, ки зери шуои офтоб ҷило медиҳад, ҳоло дили афгору тани захмин дорад.
Дидани ин манзараи ногувор касро ба андеша водор месозад, ки наход инсон бо ин муъҷизаи табиат чунин рафтори ношоистаро раво бинад?
Дар замони шӯравӣ, бинобар бисёр будани захираи мармар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳи аз ҳама осони ҷудо намудани онро дар таркиш медиданд.
Мутахассисони ҶММ «Архстрой» иброз доштанд, ки дар муддати се соли кор дар кони мармар то ҳол фоидае ба даст наовардаанд. Маълум нест, ки кай ба мармари беҷурму нокафида дастрасӣ пайдо менамоянд?
Пайшанбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»