Ҳоло дар бархе кишварҳои аврупоӣ, дар баробари бемории коронавирус, аз хушксолӣ азият кашида истодаанд. Дар водиҳои ҷумҳурӣ низ зимистони имсол барф наборид, вале моҳи апрел, баъди гул кардану ғӯра гирифтани дарахтони мевадор барф борид. Мардуми сайёра чандин сол аст паёмади тағйирёбии иқлимро мушоҳида мекунанд, ки сол то сол харобиовартар мешавад.
Иқлимшиносон яке аз сабабҳои асосии дигаргуншавии иқлимро ба зиёд шудани газҳои парникӣ дар атмосфера, аз ҷумла, гази карбонат медонанд. Манбаъҳои асосии ихроҷи гази карбонат истифодаи ангиштсангу маҳсулоти нефтӣ дар неругоҳҳои ҳароратӣ ва нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда мебошанд. Аз ин рӯ, бисёр кишварҳо тасмим гирифтаанд, ки қадам ба қадам истифодаи нақлиёти автомобилии дорои муҳаррики дарунсӯзро маҳдуд намоянд. Масалан, Франсия мақсад дорад, ки соли 2040 фурӯши мошинҳои муҳаррикашон дарунсӯзро пурра манъ созад. Соли 2024 истифодаи мошинҳои бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракаткунанда дар шаҳри Париж мамнӯъ мешавад. Ҳоло дар ин шаҳри зебо ҳаракати мошинҳои бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракаткунандаи истеҳсолашон то соли 2006 ва мошинҳои боркашу автобусҳои истеҳсолашон то 1 октябри соли 2009 манъ аст.
Ташаббуси фаронсавиҳо дар дигар кишварҳо низ ҳамовозӣ пайдо кард. Масалан, дар шаҳрҳои Афина (Юнон) ва Амстердам (Нидерландия), кишварҳои Норвегия, Шведсия, Словения ва Исроил аз соли 2030 ҳаракати мошинҳо бо сӯзишвории дизелӣ манъ мешавад. Германия соли 2032, Дания соли 2035 ва Хитой соли 2040 ин қоидаро ҷорӣ хоҳанд кард.
Ҳадаф аз ин иқдом вобаста нашудан ба воридоти маҳсулоти нефтӣ бошад, аз тарафи дигар пок доштани муҳити зист ва кам кардани ихроҷи газҳои парникӣ маҳсуб мешавад. Дар бисёр кишварҳо 60- 80 дарсади хориҷшавии газҳои зарарнок ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Аз муҳаррики дарунсӯзи нақлиёти автомобилӣ 280 пайвастагӣ хориҷ мешавад, ки ба саломатии инсон ва дигар мавҷудоти зинда зарарноканд. Масалан, оксиди карбон гази берангу бебӯест, ки ба системаи асаб ва дилу рагҳо таъсири манфӣ расонида, боиси нафастангӣ мешавад. Оксиди нитроген гази заҳрнокест, ки сабабгори беморшавии роҳҳои нафас мегардад.
Оксиди карбон бо гемоглобини хун пайваст шуда, ба интиқоли гази оксиген (кислород) ба бофтаҳо монеа эҷод мекунад. Таҳқиқот дар шаҳрҳои калон нишон дод, ки дар бофтаҳои одамони 40- солаи замони мо он миқдор оксиген аст, ки бояд дар бофтаҳои шахси 80-сола бошад.
Қӯрғошими таркиби бензин дар организм ҷамъ шуда, боиси сарзании бемориҳои саратонӣ мегардад. Ин элемент асосан дар дандону устухонҳо ҷамъ гашта, боиси кундзеҳнӣ ва ақибмонӣ дар таҳсил мешавад.
Маълум аст, ки дар мавзеъҳои ҳавояшон тоза (ҷангал, боғ, чарогоҳ) оксиген 21 дарсадро ташкил медиҳад. Аммо дар гирду атрофи роҳи мошингард ва шаҳрҳои калони саноатӣ ин рақам ба 15 дарсад баробар мебошад. Зеро барои сӯхтани як литр бензин то 300 литр оксиген зарур аст. Дар як соат мошини сабукрав он қадар оксигенро месӯзонад, ки барои нафаскашии инсон давоми як моҳ кофист.
Моддаҳои зарарноки аз мошинҳо хориҷшаванда на танҳо фазо, балки обу хокро низ ифлос намуда, ба сифати об ва ҳосили меваю сабзавоту зироатҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Шавқуне, ки ҳангоми ҳаракати мошинҳо ба амал меояд, боиси хастагии инсон шуда, ба бемориҳои равонӣ сабаб мешавад. Мағалу шавқуни доимӣ, инчунин, боиси сустшавии дараҷаи ҳушёрии одамон гашта, монеи дар лаҳзаҳои изтиробӣ ба як қарори дуруст омадани одамон мегардад.
Тибқи тавсияи экологҳо, зиёд шинонидани дарахтон ва гузаштан ба нақлиёти барқӣ (электромобил, электробус, электропоезд) роҳҳои асосии камкунии ихроҷи газҳои парникӣ мегардад. Аз рӯи маълумоти Агентии байналмилалии энергетикӣ (АБЭ), соли 2005 дар ҷаҳон якчанд сад электромобил буд. Ин рақам соли 2015 ба 1 миллиону 260 ҳазор адад расид. Ҳоло дар Хитой ва ИМА шумораи мошинҳои сабукрави бо неруи барқ ҳаракаткунанда аз 1 миллион адад гузашт. То соли оянда шояд Германия низ ба ин «марра» расад. Дар Хитой то 1 майи соли равон шумораи нуқтаҳои барқпуркунии электромобилҳо як миллиону 290 ҳазор ададро ташкил дод.
Мувофиқи маълумоти АБЭ, бо мақсади пешгирии гармшавии иқлими сайёра то 2 дараҷа бояд шумораи электромобилҳо соли 2030 ба 150 миллион адад ва соли 2025 ба 1 миллиард адад расонида шавад. Яке аз сабабҳои афзоиши хариди электромобилҳо дар ҷаҳон пастшавии нархи аккумуляторҳо мебошад. Зеро сеяки нархи мошинҳои барқиро маҳз аккумуляторҳо ташкил медиҳанд.
Тибқи баҳогузории Вазорати энергетикаи ИМА, арзиши батареяи электромобилҳо бояд соли 2022 то 125 доллар ба 1 киловатт- соат расад.
Ҳатто дар Федератсияи Россия, ки яке аз кишварҳои бузурги содиркунандаи нефт аст, шумораи электробусу электромобил зиёд шуда истодааст. Ба электромобилҳо дар ин кишвар рақамҳои сабз дода мешавад. Дар роҳҳои сермошини шаҳрҳои калон барои нақлиёти барқӣ хати алоҳидаи ҳаракат ҷудо намуданд. Албатта, нархи электромобил нисбат ба автомобил қимат аст, вале зимни истифода хароҷоти нақлиёти барқӣ камтар мешавад. Чунончӣ, сокини шаҳри Новособирск Мирон Медведев, ки электромобили тамғаи японии «Nissan Leaf» дорад, иброз доштааст, ки нархи як киловатт соат неруи барқ 2,6 рубли русӣ мебошад. Агар онро бо нархи бензин ҳисоб кунем, гӯё дар 100 километр пули як литр бензин сарф мешавад. Аз рӯи ҳисоби ӯ, харҷи электромобил нисбат ба автомобил дар як сол даҳ маротиба камтар аст. Ҳангоми дар хона ба электромобил пур кардани неруи барқ агар 5-6 соат сарф шавад, дар нуқтаҳои махсуси барқпуркунӣ 30 дақиқа кофист, ки мошин барои 150 километрро масофа тай намудан барқ захира намояд. Агар дар тобистон барои 100 километр 40 рубл сарф шавад, дар зимистон ин рақам 80 рублро ташкил медиҳад.
Ба ақидаи коршиносон, истифодаи электромобил дар кишварҳое манфиатовар аст, ки қувваи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои обист. Масалан, дар Парагвай, Бразилия ва Норвегия қариб 90 дарсади истеҳсоли барқ ба неругоҳҳои обӣ рост меояд. Дар Фаронса 70 дар сади барқ аз ҳисоби неругоҳҳои атомӣ ва 12 дарсад аз ҳисоби неругоҳҳои обӣ тавлид мешавад. Қариб нисфи қувваи барқи Дания аз ҳисоби неругоҳҳои шамолӣ ва 17 дарсади дигар аз ҳисоби сӯзишвории биологист.
Дар Тоҷикистон 98 дарсади барқро неругоҳҳои обӣ истеҳсол мекунанд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад. Мутаассифона, шумораи электромобил ангуштшумор аст. Ҳол он ки гузаштан ба нақлиёти барқӣ ҳам аз лиҳози экологию тандурустӣ ва ҳам иқтисодӣ муфид мебошад.
Аз рӯи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ теъдоди нақлиёти автомобилӣ қариб ба 500 ҳазор адад мерасад, ки онҳо тавассути бензину солярка ҳаракат намуда, муҳити зистро ифлос месозанд. Илова бар ин, ҳар сол барои харидани 1 миллион тонна маҳсулоти нефтӣ аз ҷумҳурӣ 500- 600 миллион доллари ИМА берун меравад.
Соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур доданд, ки бо ширкатҳои Германия ва Япония гуфтушунид карда, дар мамлакат тавлиди мошинҳои сабукравро ба роҳ монад. Ин таҷриба дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон самараи хуб дод. Хуб мешуд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои электромобилбарории Хитой ва ё Ҳиндустон шартнома баста, корхонаи васлу насби электромобилро ба роҳ монем. Зеро дар ин ду давлат чанд сол боз истеҳсоли электромобилҳои арзонро ба роҳ мондаанд. Дар заминаи ин иқдом муҳит тоза мешаваду маблағи зиёд барои хариди сӯзишворӣ ба хориҷа намеравад. Дар баробари ин, кишвар метавонад ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя содироти электромобилро ба роҳ монад. Соли сипаришуда парлумони Қирғизистон соҳибкоронро зимни ворид намудани электромобил аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кард. Ин гуна иқдомҳо соҳибкоронро ба овардани электромобил ҳавасманд месозад. Амалӣ кардани чунин ташаббусҳо ба манфиати муҳити зист ва иқтисодиёти кишвар хоҳад буд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»