22 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари садамаи фоҷиабори ҳавопаймои мусофирбар дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Қарочӣ, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон гардид, моро андуҳгин намуд.
Таъзияву тасаллияти амиқи худ ва мардуми Тоҷикистонро ба халқи дӯсти Покистон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонам».
www.president.tj